Институт
- Душанбе, 06 Сентябр 2021
Табрикот
Ба муносибати ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, як қатор муҳаққиқони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ИФСҲ АМИТ) аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шуд, ки боиси ифтихори ҳайати кормандон ва ходимони илмӣ,унвонҷӯён ва магистрони муассисаамон гардид. Аз ҷумла:
Муфассал ...
- Ҷумъа, 03 Сентябр 2021
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи асосии эҳёи давлатдории миллӣ
Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлолияти давлатию сиёсӣ барои ҳар як мамлакат манфиати ҳаётан муҳим ба шумор рафта, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегӣ ва ормонҳои миллӣ аз он вобастагии калон доранд. Чунин ҳолат ҳам вазъияти дохилии мамлакат ва ҳам хориҷии онро фаро мегирад. Дар дохили мамлакат пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, бо суръати баланд ба роҳ мондани ободонию созандагӣ, таъмини рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат, марҳила ба марҳила беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳким бахшидан ба раванди миллатсозию давлатдорӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва муаррифии онҳо дар арсаи байналхалқӣ, ташаккули забони бою пурғановати тоҷикӣ ва монанди инҳо барин арзишҳо маҳз бо шарофати истиқлолияти том имконпазир мегарданд. Гузашта аз ин, мақом ва манзалати давлат дар арсаи байналхалқӣ ва имиҷи байналхалқии он низ аз қудрати истиқлолият ва дар кадом сатҳ қарор доштани он вобастагии калон дорад. Муфассал ...
- Ҷумъа, 03 Сентябр 2021
Махфират Хидирзода: Дар танзиму идоракунии равандҳои сиёсӣ дар ҷомеа ва таҳкими истиқлол нақши сарварони сиёсӣ бесобиқа баланд мебошад
Таърих ва таҷрибаи сиёсӣ собит намудааст, ки дар танзим ва идоракунии равандҳои сиёсӣ дар ҷомеа ва таҳкими истиқлол нақши сарварони сиёсӣ бесобиқа баланд мебошад.
Маҳз тавассути иродаи сиёсӣ ва кордониву идоракунии самараноки онҳо ҷомеаҳо дар ҳалли мушкилиҳо муваффақ гашта, давлатҳо ба фатҳи зинаҳои нави рушду пешрафт ноил мегарданд. Масири сисолаи соҳибистиқлолии кишвари мо ҳам собит менамояд, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ ва таъмини ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон бениҳоят калон аст. Чунин иброз намуд зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Махфират ХИДИРЗОДА. Муфассал ...