casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дар даврони Истиқлолият

          Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
  
  Эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар таърихи 9 сентябри с. 1991   ба ҷаҳониён дар бораи пайдо шудани субъекти нави ҳуқуқи байналмилалӣ хабар расонд. Акнун Тоҷикистони соҳибистиқлол узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид, пояи давлатдории миллӣ-ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ-ҳуқуқии худро барои таҳкими муносибатҳои дўстона бо соири кишварҳои ҷаҳон гузошт. Дар муддати кўтоҳи таърихӣ  Тоҷикистон заминаи устувори ҳуқуқиро дар таъсиси муносибатҳои давлатӣ бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамвор намуд. Муфассал ...

Нақши истиқлоли давлатӣ дар ташаккул ва тарбияи насли ҷавони муҳаққиқони тоҷик

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  9  сентябри  соли  1991  дар Шӯрои  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эъломияи  Истиқлоли  кишвар  қабул  шуд, ки ин барои мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон азизтарин ва пурарзиштарин дастовард маҳсуб меёбад. Аз ҳамон давр то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ба  Ҷашни муқаддас мубаддал ёфтааст. Истиқлоли давлатӣ шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлоли давлатӣ рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Аз баракати Истиқлоли давлатӣ кулли мардуми сайёра миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон мешиносанд. Зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем ба ҷаҳониён исбот намоем, ки тоҷикон миллати куҳанбунёд буда, дорои фарҳанги бою қадимӣ мебошанд. Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Муфассал ...

Рушди таҳқиқоти масоили фалсафии дин дар замони Истиқлоли давлатӣ

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
  Боиси ифтихор ва сарфарозии миллати фарҳангсолор ва баруманди Тоҷик аст,ки баъд аз сафҳаҳои тираву тори таърих ва истисмору истибдоди сарзамини аҷдодии мо аз ҷониби аҷнабиён чи басо рӯзҳои талху сангин ва хисороти моддиву маънавиеро дида паси сар намудем,аммо боз ҳам руҳияи озодиву ободӣ ва ливои пешдодиро аз даст наниҳода ба сӯйи ояндаи дурахшоне гом бардошта ин масирро бо вуҷуди монеъаҳову душвориҳояш тай намудем ва билохира фатҳи қуллаи мурод бароямон муяссар гардида гувоҳи он шуд, ки асолати миллии мо ҳамеша ояндасозу ваҳдатофар ва фарҳангсолору илмдӯст аст. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia