Институт
- Душанбе, 27 Сентябр 2021
Паёми шодбошӣ ба муносибати 75-умин солгарди зодрӯзи устод Шерзот Абдуллоев !
Роҳбарият ва ҳайати ходимони илмӣ, кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, ходими пешбари илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа устод Абдуллоев Шерзотро бо ҷашни фархунда – 75-умин солгарди зодрӯзашон табрику таҳният намуда, ба ӯ саломатӣ, рӯзгори пурсаодат ва комёбиҳои нави илмию эҷодиро орзуманд аст.
Муфассал ...- Душанбе, 27 Сентябр 2021
Бунёдгузори мактаби диншиносии тоҷик
Ходими пешбари илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, соли таваллудаш 1946, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Абдуллоев Шерзот (Абдуллозода) соли 1965 ба факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1970 бомуваффақият хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ аввал ба ҳайси лаборанти калон дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1970-1971) ва сипас дар кафедраи забони арабӣ ба ҳайси таҷрибаомӯз-пажӯҳишгар (1971-1972) фаъолият намуда, аз соли 1972 дар вазифаи асситенти кафедраи атеизми илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин) то моҳи марти соли 1976 кор кардааст.
Муфассал ...- Чоршанбе, 22 Сентябр 2021
КАБЫЛИНСКИЙ БОРИС ВАСИЛЬЕВИЧ
КАБЫЛИНСКИЙ БОРИС ВАСИЛЬЕВИЧОбъявления о предстоящей защите диссертации
на соискание ученой степени доктора философских наук Муфассал ...