Институт
- Чоршанбе, 29 Сентябр 2021
Ваҳдат шоҳсутуни Истиқлол ва амнияти давлату миллат
Аввалин шарти амнияти ҷомеа дар дилхоҳ кишвар ин мавҷуд будани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва итоат ба қонун мебошад, ки он муносибатҳои байниҳамдигарии афрод ва иттиҳодияҳову гуруҳҳоро дар ҷомеа ба танзим медарорад. Дар ҳар ҷомеа ва давлате, ки қонуни мустаҳкам, ақлонию мантиқӣ ва адолатмандона мавҷуд бошад, имкони сарзадани ҳаргуна ихтилоф, нофаҳмӣ ё беназмӣ аз байн меравад. Агар қонуни ҳамашумул ва аз ҷониби ҳама қишрҳои ҷомеа пазируфташуда бошад, ҷомеа аз он ҷонибдорӣ ва итоат менамояду тибқи он зиндагӣ ва фаъолият намоянд,дар он ҷомеа назму низом ва чун натиҷаи он амнияту субот ва рушду тараққӣ имкон дорад. Дигар шарти амният ва суботи ҳар ҷомеа вобаста аст ба мавҷуд будани ё набудани ихтилофоту зиддиятҳо миёни афрод ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, ки метавонад ба омили осебрасони асосии Ваҳдати миллӣ, амнияту субот пешравии он ҷомеа ва давлат мубаддал гардад. Ҳамаи ин боз бармегардад ба қонун, қонунтатбиқкунӣ дар чомеа,фарҳанги ҳуқуқӣ ва амалкарди институтҳои мухталифи низоми давлатӣ дар танзими ҳуқуқи муносибатҳо. Пойдорӣ,рушду пешрафт ва амнияти дилхоҳ ҷомеа бевосита иртибот мегирад ба ҳамашумулии ҳокимияти сиёсӣ, қонунмадории низом ба мардумсолор будан ё набудани он ва иттиҳоди миллат.
Муфассал ...
- Чоршанбе, 29 Сентябр 2021
Омӯзгор - ҳастии рӯзгор
Агар аз дидгоҳи фалсафӣ ба шаъну шахсиятмандии омӯзгор андешаронӣ бинмоем, маҷозан омӯзгар табиби ақли инсон аст! Омӯзгор аќлҳоро пурра, чашми дилро пурнур, оинаи хирадро равшан, роҳи пуршебу фарозро равон , забони лолро гӯё месозад. Омӯзгор рӯзу шаб роҳу усулҳои ба шогирдонаш тарбияи дуруст доданро меандешад. Ба шогирдон бо заҳмати зиёд саводу таълим меомӯзад. Дар натиҷа, бо талошу заҳмати зиёд кӯдакро саводноку хушодоб менамояд. Кушишу заҳмати зиёд мекунанд то дар оянда насли наврас соҳиби истеъдод ва ҳунарманд гардад.
Муфассал ...
- Душанбе, 27 Сентябр 2021
Рустам Хайдаров, эксперт: «Заявление талибов является подтверждением их политического бессилия и несостоятельности»
Заявление лидера террористической организации «Талибан»* о том, что якобы Таджикистан вмешивается в их внутренние дела, не имеет под собой основания и является подтверждением их политического бессилия и несостоятельности. Об этом сегодня заявил наш эксперт, заместитель директора Института философии, политологии и права Национальной академии наук Таджикистана (НАНТ), доктор философских наук Рустам ХАЙДАРОВ.
Напомним, что и.о. замглавы сформированного движением «Талибан»* правительства Афганистана Абдул Гани Барадар заявил вчера, что Таджикистан вмешивается в дела страны. Об этом сообщает телеканал Al-Jazeera.
Муфассал ...