casino malaysia
casino malaysia
Ваҳдат шоҳсутуни Истиқлол ва амнияти давлату миллат

wrapper

  Аввалин шарти амнияти ҷомеа дар дилхоҳ кишвар ин мавҷуд будани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва итоат ба қонун мебошад, ки он муносибатҳои байниҳамдигарии афрод ва иттиҳодияҳову гуруҳҳоро дар ҷомеа ба танзим медарорад. Дар ҳар ҷомеа ва давлате, ки қонуни мустаҳкам, ақлонию мантиқӣ ва адолатмандона мавҷуд бошад, имкони сарзадани  ҳаргуна ихтилоф, нофаҳмӣ ё беназмӣ аз байн меравад. Агар қонуни ҳамашумул ва аз ҷониби ҳама қишрҳои ҷомеа пазируфташуда бошад, ҷомеа аз он ҷонибдорӣ ва итоат менамояду тибқи он зиндагӣ ва фаъолият намоянд,дар он ҷомеа назму низом ва чун натиҷаи он амнияту субот ва рушду тараққӣ имкон дорад. Дигар шарти амният ва суботи ҳар ҷомеа  вобаста аст ба мавҷуд будани ё набудани ихтилофоту зиддиятҳо миёни афрод ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, ки  метавонад ба омили осебрасони асосии Ваҳдати миллӣ, амнияту субот пешравии он ҷомеа ва давлат мубаддал гардад. Ҳамаи ин боз бармегардад ба қонун, қонунтатбиқкунӣ дар чомеа,фарҳанги ҳуқуқӣ ва амалкарди институтҳои мухталифи низоми давлатӣ дар танзими ҳуқуқи муносибатҳо. Пойдорӣ,рушду пешрафт ва амнияти дилхоҳ ҷомеа бевосита иртибот мегирад ба ҳамашумулии ҳокимияти сиёсӣ, қонунмадории низом ба мардумсолор будан ё набудани он ва иттиҳоди миллат.
  Ҷомеа ва давлатҳое дар таъмини назму субот муваффақ мегарданд,ки дар он ҳамаи ҳамин принсипҳо оқилонаву одилона ба низом даровардашудаанд. Дар чунин ҷомеа пеш аз ҳама қонунмадорӣ ва мардумсолорӣ ба таври шоиста ба роҳ монда шудаасту ҳар як  фарди ин ҷомеа худро узви бевоситаи ин низом эҳсос менамояд, ҳифзу таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати худро марбут ба ин низом давлат ва ҷомеа мешуморад,яъне ба риояву ҳифзи ин ҳуқуқу озодиҳо ва ӯҳдадориҳо манфиатдор аст. Замоне ки қавме, гурӯҳе ё қишре аз ҷомеа аз ин дастовардҳо, имтиёзҳо ва ҳуқуқу озодиҳо маҳрум бошад, ин ногузир дар ҷомеа  ба ихтилофу зиддият ва низоъ оварда мерасонад. Ин падида метавонад ҳам омилҳои объективӣ ва ҳам субъективӣ дошта бошад. Мисоли рӯшани ҳамаи ин таҳлилҳоро мутаасифона дар вазъи имрўзаи кишвари Афғонистон метавон мушоҳида намуд. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки он дастхуши бозиҳои геополитикии абарқудратҳо ва майдони набарди манофеи сиёсии онҳову ҳампаймонҳоияшон гаштааст. Бо вуҷуди доштани манобеъи табиӣ дар фақру тангдастӣ дар ноамнию бесуботӣ сар мебарад. Саволи мантиқӣ ва ногузире пайдо мешавад,ки чаро ин кишвар ба чунин вазъ афтодааст?
  Бояд гуфт, ки ҷомеаи Афғонистон аз қавму миллатҳои гуногунзабону фарҳанг ва урфу одатҳои мухталиф иборат аст.Дар давоми  XV асри интишори ислом дар ин сарзамин ҳокимони он кушидаанд, ки ин ақвоми мухталифро зери парчами ислом ва аркони шариат муттаҳид намоянд, вале чуноне ки таҷриба нишон медиҳад,на ҳамеша дар ин ҷода муваффақ буданд. Нуқси ин ғоя он ифода меёбад ,ки мутааллиқият ба ислом ва пойбандӣ ба аркони шаръӣ на ҳама ниёзҳои иҷтимоии афроду ақвоми гуногунро бароварда метавонист. Дар муносибатҳои иҷтимоии миёни ақвому гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа бархурди салиқаӣ сурат мегирифт. Ин низом ҳуқуқу озодиҳои ҷомеаро бо ниёзҳояш баровардан намехост ва чунин имконеро ҳам надошт. Гузашта аз ин дастгоҳҳои ҳарбӣ-истихборотии кишварҳои бегона барои дастрасӣ ёфтан ба сарватҳо ва манобеи табии ин кишвар ва истифодаи ройгони он, ба ҳар тариқе, ки метавонистанд ихтилофҳо тақвият мебахшиданд, то онҳо муттаҳид нагарданд. Ба ҳар баҳонаю сабабҳои сохтаю  бардуруғ байни онҳо низоъ меангехтанд ва онҳоро ба ҳамдигар душман месохтанд. Дар ҳар пояе,гуруҳи қавмӣ, забонӣ,мазҳабӣ,самти дороию нодорӣ миёни ин ақвом тафриқа меандохтанд. Ба як ҳарф, сиёсати “тафриқа андозу ҳукмронинамо”­-ро бар сари ин кишвар таҳмил мекарданд. Масалан ба ҷуғрофиёи сад сол қабли ин минтақа бингарем,ҳеҷ гуна давлат бо номи Покистон мавҷуд набуд. Саволе пайдо мешавад ин давлат аз куҷо ва барои чӣ дар ҳудуди ду давлати дигар арзи вуҷуд кард? Чун баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мавқеи империализм дар ҷаҳон суст шуд ва халқи Ҳиндустон бо роҳбарии Маҳатма Гандӣ тавонистанд, ки аз мустамликаи таҷовузгарони империалисти англис озод шаванд. Англисҳо бо пазируфтани  истиқлолияти   сиёсии Ҳиндустон дар тараддуди он буданд,ки пас аз рафтанашон, чигуна ҳукумронии худро дар минтақа эъмол кунанд. Биноан ба хулосае омаданд, ки инҷо бояд пойгоҳе дошта бошанд, ки дастгоҳи  ҳарбӣ-истихборотии онҳо вазъи минтақаро зери назорат дошта бошад ва бо истифода аз ҳамон  сиёсати ҷудоиандозии худ гуруҳи ақвоме аслан урду ва паштузабони ин минтақаро бо иловаи балуҷҳо аз ҳудудҳои ҷуғрофӣ-сиёсии Ҳиндустон ва Афғонистон ҷудо намуда мустақил эълон ва эътироф намуда ба пайдоиши давлати Покистон- ҳамчун пойгоҳи сиёсӣ-истихборотии худ бо дастнишондодҳои худ поя гузоштанд. Боқӣ ҳама вазъи сиёсӣ иҷтимоӣ ва фарҳангии Афғонистон ба ҳар тариқу шаклу сурате ки набошад, марбут мегардад ба Покистон ва дастгоҳи сиёсӣ ва ҳарбӣ истихборотии он, бо сарпарастии олами англосаксонӣ дар оғоз Британия ва сипас шарики сиёсию стратегии он  ИМА. Дастбадастшавии ҳокимиятҳо дар Афғонистон ,роҳандозии инқилоби исломӣ дар Эрон , аз тахт рондани Ризошоҳ ва ба сари қудрат овардани инқилобчиёни исломӣ бо роҳбарии Оятулло Хумайнӣ ва бунёди ҷумҳурии исломӣ дар Эрон, ба Афғонистон кашондани пойи русҳо ва ба онҳо душман  сохтани афғонҳо, ба вуҷуд овардани гуруҳҳои террористии радикалии ба ном исломӣ, бо дасти афғонҳо ҷангидан бар зидди рақиби сиёсии худ ИҶШС, таъсис  додани гуруҳҳои мухталифи террористӣ дар мамолики арабӣ ва Ховари Миёна,ташаккули ҳаракати “Толибон” ва дар Покистон парваришу омўзиш додани онҳо, таъминоти молию аслиҳавии онҳо,  нақшаи тулонимуддати ҷаҳонгирии империалистӣ мебошад. Фирори аҷулонаи нерўҳои ҳарбии Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ бо роҳбарии ИМА баъди гуфтушуниди пинҳонии 18 моҳаи  амрикоиҳо бо “Толибон”,имзои шартномаҳои махфӣ паси дарҳои баста дар Қатар 29 феврали соли 2020 ва ба сари қудрат овардани онҳо дар Афғонистону таҳмилии аморати диктатураи исломӣ бар сари мардуми Афғонистон,зери по кардани демократия,шиорҳои дуруғини ҳуқуқӣ инсон,занон,тифлон,баён виҷдон ва ҳатто камтарини онҳо ҳуқуқ ба зиндагӣ ҳама ҳаракатҳо ё “рокировка”-и тактикии ҳамон стратегияи пешинаи тулонимуддати оламгири аст,фақат дар шакли мустазод бо тактикаи қаблӣ, вале ин ҷуз як фиреби ҳарбӣ-тактикие беш нест.
  Инҷо барандаи бозии навбати ИМА,Британия,Покистон ва Қатар аст,ки тавассути гурӯҳи террористию ифротгароии “Толибон” бо ақоиди радикалии таҳрифшудаи исломии худ мардуми бечораю гумроҳи Афғонистонро зери ҳукми ғуломию бардагӣ гаравгон гирифтанд. Шикастхурда боз ҳам мардуми Афғонистон аст,ки мебояд рузҳои талху торикро дар оянда таҷриба кунад.
  Хулоса сабаби ин ҳама бадбахтию номуродии ин мардум дар чист?Дар надоштани Ваҳдати миллӣ,надоштани Пешвои пурқудрати сиёсӣ,ки ба миллат,давлати худ содиқ бошад,надоштани Сарқонуни мукаммале ки тавонад ҳамаи муносибатҳои иҷтимоӣ,сиёсӣ,фарҳангӣ ва иқтисодии ҷомеаро дуруст ва одилонаю оқилона ба танзим дарорад, дар камсаводию бесаводии мутлақ,парокандагии ҳудудӣ,мавҷудияти сохтори қавмӣ-қабилавӣ, надоштани идеяи ягонаи миллӣ,ки тавонад дар пояи он афроду гуруҳҳои гуногуну мухталифро сарҷамъ ва муттаҳид созад,дар дахолати бегонагон,мавҷудияти “сутуни панҷум” ё истихбороти хориҷӣ дар баданаи давлат,фақру нодорӣ оворагӣ пайи касби луқмаи нон,тарзи ҳаёти бадавии қабилави ва таассубу хурофот ва боз садҳо авомили хурду бузурги дигар ба ин мардум имкон намедиҳад,ки  худро ба таври бояду шояд бишносанд.
  Сабақи вазъи ба амаломада дар минтақа ва ҷаҳон барои мо чӣ буда метавонад?Аз вазъи назму суботи ноустувор натанҳо кишварҳои алоҳида балки минтақа ва ҷаҳон ба назар мерасад,ки фирори неруҳои амрикоиву эътилофии ҳарбии онҳо ва ба дасти террористон таслим кардани як кишвар ин охири як давраи  сиёсати ишғолгарона ва давлатсозию миллатсозию демократикунонии ҷомеаи ҷаҳони набуда,балки оғози як фоҷеаи инсонӣ ва ҷаҳонӣ хоҳад буд. Ин амал оқибатҳои ногувору сангинеро дар пай хоҳад дошт ва фикр мекунам ки “тавтиаи бузург”-е дар роҳ аст. Сиёсатҳои муғризона ва худхоҳонаи абарқудратҳо бо тарафдорони онҳо тавтеаю дасисабозӣ,ҳомиёнаи террористон, ки бо мақсади машруиятбахшӣ ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохтани ин гурӯҳҳои ифротгару радикалӣ анҷом мешавад, нишондиҳандаи сиёсати дугонаю дурӯғини ин сиёсатбозони ба истилоҳ ҳомиёни ҳуқуқи башар, ки гўё бо мақсади таъмини амният дар Афғонистон  мебошад. Маълум аст, ки кӣ барои ба сари қудрат омадани террористон манфиатдор аст ва кӣ имкони ғасби ин кишварро ва бо чӣ аҳдофе фароҳам намудааст. Муддаъиёни ҳифзи ҳуқуқи башар бо сарфи назар намудани ҳамагуна ҳуқуқу озодиҳо ва “муқаддасоташон”-ҳифзи “тамаддуни аврупоӣ” ва таъмини манфиатҳои сиёсии имрузаи хеш бе дарназаргирии оқибатҳои он мекушанд бо ҳар роҳу восита ва усули имконпазир бо ин гуруҳи террористӣ дар таомул ва робита бошанд,то манофеи сиёсиашон осеб набинад. Боқимондаи олам қисме бетарафии куллиро ихтиёр намудааст  ва қисми дигар дар “мавқеи интизорӣ” нишастаанд. Дар миёни ин ҳама фақат Лидери сиёсии тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мавқеи қотеонаи сиёсии кишвари моро ошкоро баён доштанд. Тоҷикистон танҳо ҳамон давлатеро ба расмият мешиносад,ки дар он ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва миллатҳо аз ҷумла Тоҷикон на ба таври намоишӣ ,балки ба таври воқеӣ саҳм дошта бошанд,шарики аслии қудрат бошад, ин ҳокимият ҳамашумул бошаду аз ҷониби ҳамаи ҷомеаи ин кишвар пазируфта шавад ва ҳуқуку озидиҳои фитрии инсонҳо ҳифз шуда бошад. Ба ҳуқуқи занону кудакон,озодии виҷдону баён ва ақаллиятҳои миллӣ эҳтиром гузошта шавад,вале мутаассифона воқеият нишон медиҳад,ки дигар касеро ин муқаддасоту дастоварҳои мардуми азиятдидаю мазлуми Афғонистон ва аз даст рафтани он ташвиш намедиҳад. Пас мо бояд биандешем,ки моро чӣ бояд кард.Дар вазъияти баамаломадаи ҷаҳони муттазоди муосир моро мебояд,пеш аз ҳама Ваҳдати миллиро ҳифз намоему ва онро таҳким бахшему дар атрофи Пешвои муаззами миллат-шоҳсутуни истиқлол  даст ба дасти ҳам дода сарҷамъ шавем, иттифоқ бошем,ҳамзамон ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Беш аз ҳар вақти дигаре ҳушёр ва огоҳ бошем, зеро ки тибқи таҳлили коршиносони масоили сиёсии ҷаҳон яке аз сабабҳои ба сари қудрат овардани гурӯҳи террористии “Толибон” дар ҷуғрофияи Афғонистон ба лонаи дигар гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ табдил додани ин минтақа аст.Сипас бо дасти онҳо бо эҷоди ноамнӣ ва низоъ дар минтақа ба манофеи рақибони сиёсии ҳомиёни террористон садама задан аст. Яъне бо роҳи эҷоди “беназмии идорашаванда” (управляемый хаос) боздоштани пешрафти иқтисодии Чин тавассути “Шоҳроҳи абрешим” ва вусъати нуфузи ҳарбию сиёсӣ ва иқтисодии Руссия дар минтақа мебошад. Бо ин ҳадаф онҳо ният доранд,ки аз истифодаи (ячейкаҳои хобида)-и ифротии ин кишварҳо ва минтақа ва пайдо намудани чунин гумроҳони нав ба амалҳои тахрибии хеш идома диҳанд. Биноан мо бояд ҳамеша дар ҳолати омодабоши руҳӣ ва ҳамзамон тамкини комил қарор дошта бошем ва ҳама гуна зуҳуроти номатлубро билофосила дар нутфа хунасо намоем,бо ҳама мақомоти амниятии кишвар дар ҳамкорӣ бошем ва бо беэътиноӣ дар ин росто ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ надиҳем. Дастовардҳои бузурги 30 соли Истиқлол ва амнияти ҷомеаву кишварамонро бо ҳама роҳу усули имконпазир ва ҳар қиммате ки бошад ҳифз намоем. Дар давоми 30 соли Истиқлол мо ба дастовардҳои бузурге ноил гаштем. Барои таҳкими пояҳои ин истиқлол чор ҳадафи бузурги стратегиро роҳандозӣ намуда ба он даст ёфтем. Раҳоии кишвар аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар,таъминии амнияти озуқаворӣ ё худ расидан ба худкифоии миллӣ дар самти  истеҳсоли маҳсулоти озуқавории дохилӣ ва саноатикунонии босуръати истеҳсолот ва аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани мамлакатамон ноил гаштем. Дар баробари ин ҳадафҳои бузурги стратегӣ боз ҳазорон нақшаҳои хурду бузург ва ба садҳо дастовардҳои дигар дар дохилу арсаҳои байналмилаллӣ ноил гаштем, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва СММ дастгирӣ ёфтани иқдомҳои  сарвари давлат дар масъалаи об ва дастрасии аҳлолии сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ шаҳодати баландшавии обрӯ ва эътибору нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Мақоми байналмилаллӣ гирифтани ҷашни оламшумули Наврўз ба феҳристи фарҳанги  ғайримоддии ЮНЕСКО (UNESCO) шомил намудани “Шашмақом” ва “Чакан “ низ гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
  Таърихро шахсиятҳо месозанд. Хусусияти фарқкунандаи лидери сиёсӣ аз сиёсатмадорони қаторӣ дар он аст, ки онҳо дар ҳолатҳои вазнину фавқуллода  дар тақдири  халқашон пайдо мешаванд ва миллатҳои худро аз варта раҳоӣ мебахшанд. Боиси шукргузорӣ ва ифтихор аст, ки тақдир дар лаҳзаҳои ҳассосу ҳалкунанда ба миллати шарафманди тоҷик чунин фарзонафарзандеро ҳадя намуд, ки дорои фазилатҳои як  сарвари миллӣ бошад, яъне фаросати табиӣ, шуҷоат ва хиради азалӣ, ки онро ба ҳеҷ рӯ ва дар ҳеҷ дорулфунун натвон омӯхт. Дигар ҳар дастоварду ифтихоре, ки мо дорем, бевосита пайванд мехурад ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
 
 
Холов Шаҳбоз,
Номзади илмҳои фалсафа,
ходими илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини
Институти сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia