Институт
- Ҷумъа, 08 Октябр 2021
Саҳми профессор Шарипов Иброн Шарипович дар ташаккули мактаби фалсафаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон
10 октябр ба зодрӯзи файласуф ва сиёсатшиноси маъруфи тоҷик, шодравон Иброн Шарипов 90 сол пур мешавад.
Бо ибтикори Шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 8 октябри соли 2021 семинари илмӣ- методиро дар мавзӯи “Саҳми профессор Шарипов Иброн Шарипович дар ташаккули мактаби фалсафаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон” бахшида ба 90 - солагии шодравон Иброн Шарипов баргузор гардид. Дар раванди семинар олимони маъруфи ватанӣ Шоисматуллоев Ш., Қаҳоров Ғ.Ғ., Бекзода К., Назри Яздон ва дигарон суханронӣ намуда, дар бораи фаъолияи илмӣ устод Шарипов И.Ш., саҳми ӯ дар тарбияи насли ҷавони муҳаққиқони соҳаи фалсафа ақидаи худро иброз доштанд.
Муфассал ...
- Сешанбе, 05 Октябр 2021
СОВПАДЕНИЕ ДНЯ ГОСУДАРСТВЕННОГО ЯЗЫКА С ДНЕМ РОЖДЕНИЯ ПРЕЗИДЕНТА ГЛУБОКО СИМВОЛИЧНО. Об этом размышляет эксперт НИАТ «Ховар», доктор философских наук Рустам Хайдаров
Сегодня Таджикистан отмечает День государственного языка. Именно 5 октября 2009 года был принят Закон «О государственном языке Республики Таджикистан». Сегодня также День рождения Основателя мира и национального единства-Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона. Первая дата не приурочена ко второй, но их совпадение глубоко символично.
В чем заключается эта символичность? Вот что рассказал об этом наш эксперт, доктор философских наук Рустам ХАЙДАРОВ:
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 30 Сентябр 2021
Муҳаққиқи нуктасанҷ ва донишманди соҳибкитоб ( ё сухане чанд дар мавриди осору фаъолияти Шерзод Абдуллоев)
Фарзонае мақоми олиму донишмандро дар ҷомеа ба риштаи таҳқиқ кашидаву онҳоро зарифона «нуқтаи паргори суҷуд» номидааст, ки фикр мекунам, ин муболиға набуда, баҳогузорие саҳеҳу воқеӣ мебошад. Илму дониш зербинои ҳастӣ, манбаи навовариву пешрафт ва мояи шукӯҳу шаҳомати ҳар ҷомеа мебошад. Инчунин, танҳо ҷомеае муваффақу пешрав аст, ки ба дастовардҳои илму дониш такя кардаву хирадмандону донишмандонаш дар меҳвари рӯзгору иҷтимояш қарор доранд. Дар муҳити маънавию фарҳангии тоҷик бошад, аз бомдоди он ҳамеша донишу хирад мақому манзалати хосса доштааст. Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба мақом ва нақши илм дар рушду тараққии ҷомеа диққати махсус дода, истифодаи дастовардҳои илмиро дар пешрафти ҷоме аз самтҳои афзалиятдоштаи сиёсати хеш қарор додаст ва баҳри густариши он кӯшиши ҳаматарафа ба харҷ медиҳад. Баромадҳои пайвастаи Сарвари давлат дар мавриди боз ҳам баланд бардоштани ҷойгоҳи илму дониш ва мақоми он дар ҷомеаи муосир ва махсусан баромади охирашон дар Рӯзи дониш далели ин гуфтаҳост. Зикр намудан ба маврид аст, ки дар заминаи ҳамин сиёсати илмпарварона ва бунёдкорона кишвари мо ба марҳилаи нави рушди худ ворид гаштаву натиҷаҳои он барои ҳама рӯшан аст, ки дастовардҳои баланди 30 – соли даврони итиқлол далели он мебошад. Ҳоло низ шоҳиди он ҳастем, ки сарвари давлат бунёдкориву созандагиро аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти худ ва рушди кишвар қарор дода, барои пешрафти Ватани азизамон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Ба ҳамагон аён аст, ки дар амалӣ намудани ин сиёсати созандагӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои ба он рабтдошта саҳми олимону донишмандон ва шахсиятҳои ҷамъиятии кишвар хеле назаррас аст.
Муфассал ...