Институт
- Панҷшанбе, 21 Октябр 2021
Истиқлоли зеҳнӣ ва саҳми он дар иттиҳоди миллат
Миллате, ки соҳиби савод ва хиради фитрист, дар гардиш ва табаддулоти ҷаҳон саҳми босазо мегузорад ва пойдору ҷовидон мемонад. Эҷоду ободкорӣ аз фаъолтарин инсонҳо ёдгор боқӣ мемонад. Инсони накӯ аввал манфиаташ ба миллати худ ва баъдан ба ҷаҳон муассир аст. Ҳамеша инсони соҳибақл миллату ватани худро азизу муътарбар медорад. Аввалдараҷа ба ҳар фард марзу буми кишвараш бояд муқаддас бошад.
Ҳар қавму нажод ва миллате орзу ва таманное дар худ дорад, ки соҳиби сарзамин бошад ё ҳеч не порчае аз заминро дар ихтиёр дошта бошад. Миллати фарҳангофару хирадгустари тоҷик, шукрона, ки дар гузаштаву имрӯз соҳиби марзу бум буду ҳаст. Ва ҷаҳониён ин миллати покнажоду нексириштро эътироф кардаанду қоил шудаанд, ки миллати воҳид ва ҳиссагузор дар пешрафти фарҳанги башарият буда.
Муфассал ...- Душанбе, 18 Октябр 2021
Меҳргон ва аҳамияти байналмилалии он
Дар оғози пайдоиш то ба имрӯз инсоният ба бисёр кашфиёту ихтироот даст ёфтааст. Дар ин баробар ба нокомиҳову талхрӯзгорӣ ҳам рӯ ба рӯ гаштаву онро аз сар гузарондааст. Зиндагии инсонҳо ду рукни асосиро ташкил медиҳад, ки онро моддӣ ва маънавӣ унвон медиҳанд, агарчи дар моддиёт дастовардҳои бузург овард, вале дақиқан то ҳол ба умқи кашфи маънавиёт нарасидааст. Бузургворе дар ҷашни яксолагии фарзандаш, ба ӯ мегӯянд: «Фарзандам! Як баҳору як тобистон, як тирамоҳу як зимистонро дидӣ! Аз ин пас, ҳама чизи ҷаҳон такрорист, ба ҷуз меҳрубонӣ…!». Бале, ҳақ бо он бузургвор аст, ки борикбинона ҷамъи зиндагиномаи одамиятро дар ду ҷумла изҳор доштааст. Мақсад аз овардани он андарз ин аст, ки дар гузашта аҷдодони мо тоҷикон ҷашне доштанд, муҳаббат, меҳрубонӣ, садоқат, дӯстдорӣ, адлу дод, арҷ гузоштан ба Модар-Заминро бо як вожа ифода намуданд: «Меҳргон». Аз назари илми решашиносӣ ва пайдоши вожаи Меҳргон дар оғоз мехоҳем ба хонангони арҷманд маълумоти мухтасаре пешкаш намоем.
Муфассал ...- Панҷшанбе, 14 Октябр 2021
Евросоюз и Таджикистан – гаранты безопасности Евразии
Эксперт НИАТ «Ховар» рассуждает о евротурне Президента Таджикистана Эмомали Рахмона
Франция как лидер Евросоюза и Таджикистан как ключевая страна Центральной Азии, ощутив в лице террористической организации «Талибан»* и их партнеров — террористических организации «Ал-Кайды»* и «Исламского государства»*, угрозу безопасности Евразии и общемировым демократическим ценностям, сказали свое решительное «нет» правлению террористов в Афганистане.