Институт
- Ҷумъа, 21 Январ 2022
Паёми Президент – доктринаи нави сиёсӣ-ҳуқуқӣ
- Чоршанбе, 19 Январ 2022
Бардоштҳои маънавӣ-ҳуқуқӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи бунёди давлати миллӣ
- Сешанбе, 18 Январ 2022
Академик А. Баҳоваддинов аз дидгоҳи муҳаққиқони тоҷик
Таърихи тамаддуни ҳар як миллат бо фарҳангу суннат ва чеҳраҳои тобони хеш зинда аст ва ин чеҳраҳо ҳувияту фарҳанги суннатӣ-миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва тамаддуну рушди миллатро барои насли имрӯзаву баъдина ҳифз намудаанд. Бузургону донишмандони машҳури миллати тоҷик ба монанди Абурайҳони Берунӣ, Абуабдуллои Рудакӣ, Абунасри Форобӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абуяқуби Сиҷистонӣ, Носири Хусрав, Саноии Ғазнавӣ, Насириддуни Тусӣ, Фаридаддуни Аттор, Ҷалолуддини Давонӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Аҳлии Шерозӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Шамсуддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ, Файзи Кошонӣ, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Ҳаким Сафо ва дигарон бо осори гаронбаҳои илмӣ-тиббӣ, илмӣ-кайҳонӣ (астрологӣ), фалсафӣ, ахлоқӣ, ирфонӣ-тасаввуфӣ, иҷтимоӣ-табиӣ, психиологӣ (равоншиносӣ) ва ғайраҳо машҳуранд, ки тариқи заҳматҳои олимону муҳаққиқони шинохтаи тоҷик то имрӯз ба хонандаи муосир муаррифӣ шудаанд ва шуда истодаанд.
Муфассал ...