casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Масъалаҳои иҷтимоӣ дар партави Паём

  Паёмҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯи тарикдиҳанда ва пешбарандаи ҷомеа, дастурамал ва роҳнамои фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бурду бохти ҷомеаро инъикос менамоянд. Маҳз Паёмҳои Сарвари давлат барои расидан ба ҳадафҳои асосии стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  аз 21 декабри 2021,  Сарвари ваҳдатофарамон аҳамияти сулҳ ва ваҳдати миллиро барои Тоҷикистони соҳибистиқлол махсус ёдовар шуда, пешрафти кишвар ва зиндагии шоистаю сазовори тоҷикистониёнро ба фазои орому босуботи ватанамон алоқаманд донистанд. Дар Паём зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои асосии стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро ботадриҷ амалӣ мегардонад. Муфассал ...

Фарҳанг –ҷавҳари ҳастии миллат

   Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як сокини мамлакат ин ҳаст, ки  ҳамасола аз тарфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони кишвар Паём ироа мегардад, ки  гӯш кардану дар амал иҷро карданаш бароямон хело муфид аст. Мо бояд ҳар як сухану нуқтаҳои дар Паём зикршударо сармашқи худ дониста  дар тамоми фаолятҳоямон аз он истифода барем.
   Дар таърихи 21 декабри 2021, Паёми навбати Пешвои миллат баҳри беҳбудии сокинони кишварамон дар самту соҳаҳои  гуногун ироа гардид. Яке аз соҳаҳои муҳимтарине ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш қайд намуданд ин соҳаи фарҳанг мебошад. Муфассал ...

Ҷашни сада ва ҷанбаҳои нуҷумию фалсафии он

                             Сада ҷашни мулуки номдор аст,
                                Зи Афредуну Ҷам ёдгор аст.
  Мусаллам аст, ки ҳар сол дар арафаи  ҷашни миллию давлати Сада, дар ҷумҳурии мо чорабиниҳои зиёде барои  таҷлили шоистаи ин ҷашни бостонии ниёгонамон руи даст гирифта мешавад ва оиди пайдоиши он чун анъана маълумот дода мешавад. Вале инҷо як нукта боиси таассуф аст, ки аксари ровиёну муҳаққиқон танҳо  бо баёни ҷанбаҳои устуравию ривоётӣ ва шифоҳии он дар адабиёту фолклори тоҷику форс иктифо мекунанд. Мо инҷо касеро маломат кардани нестем  ва сабаби ин ҳолро дуруст дарк мекунем, зеро ки аввалан пайдоиши ин ҷашнҳои бузург марбут ба замонҳои дури то таърихӣ мебошад, сониян бо сабаби лашкаркашиҳои аҷнабиён чун Искандари Мақдунии Юнонӣ ва истилои арабҳою муғулҳою баъдиҳо, дар асари ин набардҳои хунини ҳарбию сиёсӣ ва ғоявии динию мазҳабӣ он осор  ва манбаъҳою маъхазҳо ва сарчашмаҳое,  ки оиди таъриху фарҳанг, дину оин, расму русум ва ҷашну анъаноти фарҳангию  маданӣ ва ҳазорон паҳлуҳои дигари ҳаёти гузаштаи мардумони тоҷику форс маълумотҳои муҳим ва аниқу дақиқ медоданд, несту нобуд ва таллаву тороҷ шуданд ва ё ҳам ба яғмо бурда шуданд. Ба  як ҳарф ин осори гаронарзиш монанди Авастою ведҳо ва садҳои дигар ба тороҷи айём рафта ва фақат дар шакли устураю  нақлу ривоёт аз даҳон ба даҳон гузашта то дараҷае маънию мазмун ва муҳтавои аслии онҳо тағйир ёфта таҳрифу таҳрир шуда дар шакли парокандаю чузъӣ дар адабиёти илмӣ ва фолклории гузаштагони мо боқӣ монда то ба мо омада расидаанд, вале ин масъулияти ҷустуҷую омӯзиш, таҳқиқу пажӯҳишро аз души мо пасовандон сабукдуш намекунад. Аҳли илм ва зиёиён ҳама  масъулем то ин ганҷҳои парешонгаштаро  зарра-зарра ҷамъоварӣ намуда ба ганҷинаи фарҳангии миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷикони тоҷдор ворид ва онро ҳифзу муҳофизат  намоем. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia