casino malaysia
casino malaysia
Ҷашни сада ва ҷанбаҳои нуҷумию фалсафии он

wrapper

                             Сада ҷашни мулуки номдор аст,
                                Зи Афредуну Ҷам ёдгор аст.
  Мусаллам аст, ки ҳар сол дар арафаи  ҷашни миллию давлати Сада, дар ҷумҳурии мо чорабиниҳои зиёде барои  таҷлили шоистаи ин ҷашни бостонии ниёгонамон руи даст гирифта мешавад ва оиди пайдоиши он чун анъана маълумот дода мешавад. Вале инҷо як нукта боиси таассуф аст, ки аксари ровиёну муҳаққиқон танҳо  бо баёни ҷанбаҳои устуравию ривоётӣ ва шифоҳии он дар адабиёту фолклори тоҷику форс иктифо мекунанд. Мо инҷо касеро маломат кардани нестем  ва сабаби ин ҳолро дуруст дарк мекунем, зеро ки аввалан пайдоиши ин ҷашнҳои бузург марбут ба замонҳои дури то таърихӣ мебошад, сониян бо сабаби лашкаркашиҳои аҷнабиён чун Искандари Мақдунии Юнонӣ ва истилои арабҳою муғулҳою баъдиҳо, дар асари ин набардҳои хунини ҳарбию сиёсӣ ва ғоявии динию мазҳабӣ он осор  ва манбаъҳою маъхазҳо ва сарчашмаҳое,  ки оиди таъриху фарҳанг, дину оин, расму русум ва ҷашну анъаноти фарҳангию  маданӣ ва ҳазорон паҳлуҳои дигари ҳаёти гузаштаи мардумони тоҷику форс маълумотҳои муҳим ва аниқу дақиқ медоданд, несту нобуд ва таллаву тороҷ шуданд ва ё ҳам ба яғмо бурда шуданд. Ба  як ҳарф ин осори гаронарзиш монанди Авастою ведҳо ва садҳои дигар ба тороҷи айём рафта ва фақат дар шакли устураю  нақлу ривоёт аз даҳон ба даҳон гузашта то дараҷае маънию мазмун ва муҳтавои аслии онҳо тағйир ёфта таҳрифу таҳрир шуда дар шакли парокандаю чузъӣ дар адабиёти илмӣ ва фолклории гузаштагони мо боқӣ монда то ба мо омада расидаанд, вале ин масъулияти ҷустуҷую омӯзиш, таҳқиқу пажӯҳишро аз души мо пасовандон сабукдуш намекунад. Аҳли илм ва зиёиён ҳама  масъулем то ин ганҷҳои парешонгаштаро  зарра-зарра ҷамъоварӣ намуда ба ганҷинаи фарҳангии миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷикони тоҷдор ворид ва онро ҳифзу муҳофизат  намоем.
  Мо ҳам дар баррасии  ин мавзӯъ оиди пайдоиши ҷашни Сада аввалан чун анъана ба ҷои муқаддима  ҷанбаҳои устуравию ривоётии онро ба таври мухтасар баён намуда, сипас ба баёни асли матлаб-ҷанбаҳои фалсафию нуҷумии пайдоиши ҷашни Сада ва ҳикмати рамзу анъаноти он мепардозем. Ин ҷо метавон гуфт, ки шуруъ аз шоҳномаи Фирдавсӣ, ки онро бо кашфи оташ аз ҷониби Ҳушанг рабт медиҳад сар карда пасон Абурайҳон Берунӣ дар асараш « Осор – ул- боқия» дар фасли «дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳҳои порсиён аст»- пайдоиши ҷашни Садаро ба пирузии шоҳ Фаридун ба Заҳҳок ва оташафрузии наҷотёфтагон аз морони  Заҳҳок рабт медиҳад ва мутобиқ ба 10- уми моҳи баҳмани солшумории хуршедӣ баробар ба 31-уми январи  тақвими Григорианӣ медонад.
  Абусаиди Гардезӣ бошад дар асари худ «Зайн –ул- ахбор» пайдоиши ин ҷашнро бо ба шумораи 100  расидани фарзандони Одам (а) Мошӣ ва Машиён марбут медонад. Муҳаққиқи Эронӣ Меҳрдоди Баҳор баромади онро аз вожаи «Саба» ки дар Ориёиҳо  Санта- рӯшноӣ, эҳё (Спента ки тавъам ба ҳамин вожа аст) рабт додааст, ки маънии муқаддас, қудсӣ, осмонӣ ва зуҳури фуруғи самоиро дорост, инчунин маънии муъҷиза ва раҳоии нур аз зулмотро ифода мекунад. Инчунин дар осори адибони дигар монанди Аҳмади Тусӣ, Манучеҳри Дамғонӣ, Унсурии Балхӣ ва ашъори адибони классикии мо  ба ин ҷашн ва пайдоиши хусусиятҳо ва румузи он ишораҳо рафтааст, ки гирдовари тадқиқу таҳқиқ ва омӯзишу пажуҳиши  алоҳидаро  талаб мекунад. Дар ҳама сурат  бо боварӣ метавон гуфт, ки пайдоишу сарчашмаи ин ҷашнҳои муқаддаси Ориёӣ рабт мегирад ба аҳди Пешдодиён-адлпешагон ва нахустқонунофарандагон, Каюмарс, Ҷамшеду Фаридун ва Хушанг.
  Чуноне, ки аз омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ бостонии, мардумони Эронинажод тоҷикону порсиён бар меояд, ҳамаи ҷашнҳои бузурги Ориёӣ  аз қабили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Шаби Ялдо ва Сада пеш аз ҳама ҷанбаи илмии нуҷумӣ ва фалсафӣ – космогонӣ доранд. Биноан барои дарки дурусти асли мавзӯъ бояд аз ин нигоҳ ба масъала назар кард, зеро ки иктифо кардан танҳо ба нақлу ривоёт ва устураю фолклор ва сунатҳои зоҳирӣ наметавон  парда  аз сари асари мавзӯъ бардошт ва уқдаи  ин муамморо кушуд. Пас мебояд ба масъала мушикофона,  илмӣ ва мантиқӣ  назар андохта фалсафа ва ҳикмати онро ҷустуҷу намуд.
  Чунон ки қайд кардем ҳамаи ин ҷашнҳои бостонии  мо ҷанбаи комили илмӣ-нуҷумӣ ва фалсафию космологӣ доранд. Тибқи ҷаҳонбини ва оламшиносии Ориёиҳои бостонӣ, оламро  Хуршедмеҳвар (гелиоцентричный) медонистанд, ки аврупоиён танҳо дар охири асрҳои  миёна ба дарки он расиданд ва он ҳам дар натиҷаи шиносои бо осори  илмии мунаҷҷимону олимони машрақзамин. Бояд гуфт, ки доктринаи асосии ахлоқӣ – эстетикии Ориёиҳои бостон осоиши равони инсониро  дар дунё ва наҷоти руҳи онро дар охират, дар иҷрои аъмоли наку ва иҷтаноб аз аъмоли зишт арзёби мекард инсонро ба иҷрои аъмоли  наку-парвариши нуру зиё фарр ва фуруғ дар худ ва олам (дар маънии васеаш)  мубориза бо сардию торикӣ  ва ҷаҳлу зулмат ҳидоят мекард. Ин накуӣ пеш аз ҳама  дар покии руҳию равонӣ ва ҷисмонии инсону олами атрофи ӯ зуҳур меёфт ва даст ёфтан ба ин покиро онҳо дар доираи нерӯ ва хосиятҳои  4-аркони муқаддас медонистанд, ки хосият ва неруи бузурги поккунандагии кулли ашёи оламро доранд зеро, ки худи ин аносир дар зоти худ поканд. Ин нуқтаро махсус бояд қайд намуд, ки Ориёни бостон ба 4-аркони муқаддас таваҷҷуҳи зиёд доштанду эҳтироми хос қоил буданд, онҳоро санги аввалини бинои олами ҳастӣ ва нахустмабдаъи кулли ашёи олам медонистанд, ҳеҷгоҳ ба онҳо палидию  ифлосиро намеандохтанд ва ҳатто ҳарфи баде намегуфтанд ва баракс онҳоро гиромӣ медоштанду ниёиш мекарданд, зеро медонистанд, ки онҳо хотира доранд) (имрӯзҳо илман ин чиз дар мисоли об исбот шудааст) сазои аъмолатро ба ту бар мегардонанд. Аз он ҷумла оташро, ки рамзи оташи Семои –Озар аст бар дигар аносир авлавият ва бартарӣ медоданд ва неруи онро дар поккунандагӣ муқтадиртар медонистанд, ки ҳар палидиеро, ки аносири дигар хок, бод, об натавонад пок созанд, оташ қодир аст, ки онро сухта нест гардонад ва пок созад. Тибқи ҷаҳонбинӣ ва космологияи Ориёиҳо оташ тамсилаи заминии Озар – оташи қудсии Осмонӣ маҳсуб мешуд, ки хосияти улвӣ дорад ва ҳамеша ба боло ба суи  Худо дар ҳаракат аст, ва ба суи асли хеш – Озар  руҷуъ дорад. Оташ рамзи ҳаёт ва зиндагист ҳар ҷисме  то замоне зинда аст, ки оташ дар рагаш дар ҳаракат аст, чун оташ хомуш шуд  хун дар рагаш лахт мебандад ва он ҷисм ба ҷасад ва палидие мубаддал мешавад. Табиат замоне ба нашъу нумуъ мепардозад, ки сардӣ аз замин биравад ва дар рагаш гармӣ бидавад, чун мизоҷи ҳаво аз сардӣ ба гармӣ гаравидан гирифт табиат низ аз хоб бедор шуда, чуби хушк гул мекунад ва  борвар шуда самар меораду  хоки сиёҳ  гул мекунад. Оташ аст, ки хомро пухта ва торикиро равшан месозад, оташ  рамзи гармию  рушнои нуру зиё ва пирузии некӣ бар бадист.
 Гарчанде, ки  70% колбади замин, инсону ҳайвонот ва  олами набототро об ташкил диҳад ҳам, бидуни мавҷудияти оташ дар мисоли одам 36,6 зиндагӣ нест. Ориёҳо муътакид буданд, ки оташ натанҳо метавонад палидиҳои ашёвии заминро пок созад балки нопокии «нерӯи – ахборӣ»  -(энергоинформационье грязи) – аз қабили суқи чашм сеҳру ҷоду ҷинзадагӣ ва бемориҳои  равониро  аз он ҷумла гуноҳонро низ сухта пок созад,  ва энергетикаи одаму маконро пок намояд. Ниёишу бузургдошти оташ ҳамчун тамсилаи Озар-оташи кудсии Минуӣ ва рамзи Меҳр Митро олиҳаи меҳру  садоқат, ки баъдтар рамзи  Хуршед гашт беҳуда ва аз сари ҷаҳлу нодонӣ нест, ки он гармию рушнои ва зиндагӣ ба одаму олам ато мекунад, саховатмандона нур мепошад вале дар иваз аз касе чизе талабу таманно надорад.
Дар бораи ҷанбаҳои нуҷумии ҷашнҳои Ориёӣ мо дар мисоли Наврӯз дар мақолаи « ҷанбаҳои нуҷуми фалсафии Наврӯз» ба тафсил ин мавзӯъро баён карда будем, бояд гуфт, ки ҷашни Сада ҳам аз силсилаи ҳамин ҷашнҳост ва ҳарчи ки дар мисоли  Наврӯз  гуфтем барои Сада ҳам роиҷ аст, ва истисно нест.
  Чунон, ки хонандаи закӣ пай бурд дар фарҳанги оламшиносии Ориёиҳои бостон ки Хуршед меҳвар буд ҳама чиз дар доираи фазо ва вақт бо ченаки Хуршед расад мешуд. Дар робита бо ҳамин, вобаста ба гардиши замин дар даври Хуршед, тағйиротҳои энергетикӣ  дар биополияи замин  ба амал меомад, ки боиси тағйирёбиҳои фаслҳои сол ва бадалшавии мизоҷи «вақт» ё аниқтараш ин фаслҳо мешуд. Яъне вобаста ба ҳаракати замин дар атрофи Офтоб дар ҳаракати 4-унсур низ тағйиротҳои миқдорию сифатӣ ба амал омада, дар мизоҷи «вақт» яъне фаслҳои сол табдилшавии як намуди энергия ва баракс) ки хосияти ин аносир мебошад мушоҳида мешуд, ки ба ҳаёти инсону  табиат таъсири бевосита мерасонд. Пайдоиш ва шаклгирии ин ҷашнҳо ҳам бевосита рабт доранд ба ҳамин масъала, ҷашни Сада ҳам миёнҷоест дар миёни инқилоби зимистонии офтоб  21 декабр ва эътидоли баҳории он Наврӯз  21 март. Дар инқилоби замистонии офтоб 21 декабр, ки шаби дарозтарин со ласт, тибқи бовариҳои гузаштагон гуё офтоб фано шуда аз нав эҳё мешуд ва онро шаби Ялдо  ё милоди Хуршед мегуфтанд, онҳо муътақид буданд, ки дар ин  шаб, ки сиёҳию торикии он  дар тули сол аз ҳама бештар аст, қувваҳои бадӣ хеле неруманд ҳастанд ва метавонад ба инсонҳо чира шаванд бинобар ин  сабаб то саҳар, то тулуъи офтоб гулхан меафрӯхтанд, то зулмат бар нур чира нашавад ва бо ин амал ба Хуршеди навтавлид нерую тавон мебахшиданд. Тавассути оташ чун аз ин рӯз 40 рӯз сипари шуд мегуфтанд, ки Хуршед 40- рӯза шуду, чилаш баромад дигар ӯ неруманд шудаву фано нахоҳад шуд ва рӯз ба рӯз қавитар хоҳад шуд, ки ин рӯз рост меояд ба 10 –уми баҳманмоҳ мутобиқ ба 30-31-и январ ва онро муъҷиза «Санта» ё «Спента» меномиданд, ки тадриҷан ба вожаи Сада мубаддал шуд, ки ин нуқтаро муҳақиқи эронӣ Меҳрдоди Баҳор низ таъкид намудааст.
 
 
                                                                                 Холов Шаҳбоз
                                                                          И.в мудири шуъбаи масъалаҳои
фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
      

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia