casino malaysia
casino malaysia
Масъалаҳои иҷтимоӣ дар партави Паём

wrapper

  Паёмҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯи тарикдиҳанда ва пешбарандаи ҷомеа, дастурамал ва роҳнамои фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бурду бохти ҷомеаро инъикос менамоянд. Маҳз Паёмҳои Сарвари давлат барои расидан ба ҳадафҳои асосии стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  аз 21 декабри 2021,  Сарвари ваҳдатофарамон аҳамияти сулҳ ва ваҳдати миллиро барои Тоҷикистони соҳибистиқлол махсус ёдовар шуда, пешрафти кишвар ва зиндагии шоистаю сазовори тоҷикистониёнро ба фазои орому босуботи ватанамон алоқаманд донистанд. Дар Паём зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои асосии стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро ботадриҷ амалӣ мегардонад.
  Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсола низ ба масъалаҳои иҷтимоӣ, махсусан, соҳаи маориф, тандурустӣ, шуғлмандии аҳолӣ, музди меҳнат, шароити зиндагии шаҳрвандон ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ҳадафи асосии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як сокини мамлакат муҳайё намудани шароити зиндагии шоистаю сазовор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад. Аз ин рӯ, тамоми нақшаву барномаҳои давлат барои расидан ба ин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд. Бо ин сабаб, аз 33 миллиард сомонии даромади буҷети давлатии барои соли 2022 пешбинигардида 43,8 фоизи он барои хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ҷудо карда шудааст.
  Рушди соҳаи маорифи миллӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат ва таълиму тарбияи насли наврас мақоми афзалиятнокро соҳиб гардида, ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар Паём низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шуд. Сарвари давлат қайд намуданд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф, ин пеш аз ҳама, сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
  Дар Паём қайд гардид, ки ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 200 ҳазор, шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор нафар ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Инчунин, Тоҷикистон 144 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 41 муасисаҳои таҳсилоти олии касбӣ амал мекунанд. Дар соли таҳсили 2021 шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд, ба беш аз 42 ҳазор нафар расидаанд ва дар 25 давлати хориҷӣ таҳсил мекунанд.
  Нигаронии асосии Сарвари давлат ба сатҳу сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ, раванди омода намудани мутахассисони ба талаботҳои навини бозори меҳнат ҷавобгӯ ва дараҷаи забономӯзии толибилмон равона шуда буд. Аз ин рӯ, аз роҳбарони муассисаҳои таълимии кишвар талаб намуданд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори ҷиддӣ диҳанд ва барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, аз худ кардани технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ тадбирҳои заруриро андешанд.
  Ба олимони ҷомеашинос ва зиёиёни эҷодкор супориш дода шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд. Барои сарҷаъмии миллат, таҳкими суботи миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ҳифзу тарғиби фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мусоидат менамоянд. Ҷомеа ва миллатро фарҳанг, ҳуввият ва арзишҳои миллӣ муттаҳид карда, барои расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошта сафарбар менамоянд.
Чи тавре, ки қаблан гуфта гузаштем, ҳадафи олии давлат ва Сарвари кишварамон ташкили шароити мусоид барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва зиёд намудани намояндагони синфи миёна ҳуҷҷатҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ гардиданд. Президенти Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамонро аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз (дар соли 2019) коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ номиданд.
  Барои баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Пешвои миллат солҳои 2022–2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон карданд. Пешбинӣ мегардад, ки дар ин мӯҳлат беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар меафзояд, ҳиссаи намояндагони табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида шуда, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода мешавад. Дар натиҷаи амалӣ гардидани ин ҳадафҳо Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои мутарақии ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.
Дигар масъалаҳои иҷтимоие, ки мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлатамон қарор гирифтанд, пеш аз ҳама, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳалли масъалаи шуғлмандии шаҳрвандон ва дар ин замина баланд бардоштани музди меҳнати кормандон буд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд. Бо ин мақсад пешниҳод намуданд, ки дар соли 2022 музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияи донишҷӯён, нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон ба андозаи аз 20 то 25 фоиз зиёд карда шаванд. Пешбинӣ гардид, ки аз 1-уми июли соли 2022-юм ҳадди ақалли музди меҳнат 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар мегардад.
  Сарвари давлат ба касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул карда шавад. Инчунин пешбинӣ гардид, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болои бекасбу ҳунар ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардида, барои саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд ва дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурро аз худ намоянд.
  Тандурустӣ ва саломатии аҳолӣ сарвати миллӣ баҳисоб меравад, ҳифз ва барқарорнамоии он барои рушди ҳар кишвар аҳамияти калон дорад. Президенти кишвар рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон номиданд. Қайд гардид, ки ҳоло дар кишвар 4700 муассисаи тиббӣ бо 78 800 корманд фаъолият дорад ва муассисаҳои тиббии кишвар бо табибон 84 фоиз ва бо кормандони миёнаи тиббӣ 96 фоиз таъмин мебошанд. Хушбахтона, сатҳу сифати ташхису табобати беморон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардида, барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон бамаротиб коҳиш ёфтааст.
Сарвари давлат аз масъулони соҳаи тандурустӣ даъват ба амал овард, ки барои пешгирии паҳншавии мавҷи нави бемории сироятии КОВИД–19 ва фавти одамон мутахассисони бемориҳои сироятӣ ва вирусшиносҳоро омода намоянд ва барои рушди саноати дорусозӣ тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешанд. Ба мардуми кишвар муроҷиат намуда, таъкид намуданд, ки бо вуҷуди дар кишварамон мавҷуд набудани бемории сироятии КОВИД–19 шаҳрвандон бояд бепарво набошанд, ин масъаларо ҳазл нашуморанд, ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва маслиҳату тавсияи мутахассисону табибонро риоя намоянд.
  Дар хотимаи Паём Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат номида, бо боварӣ изҳор намуданд, ки онҳо ватандӯсту ватанпарваранд, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳои давлату миллатамон омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Пешвои миллат бори дигар аз ҷавонон даъват намуданд, ки илму касбу ҳунар омӯзанд, ҳамқадами замона бошанд, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷиро аз худ кунанд ва дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин иштироки фаъол дошта бошанд.
  Хулоса, Паём ҳисоботи солонаи сарвари давлат ба шаҳрвандони Тоҷикистон буда,  ҳадафҳои асосии Сарвари давлат дар Паёми имсола тақвият додани ваҳдати миллӣ ва оромию осудагии мардуми шарифи Тоҷикистон, таъмини зиндагии шоистаю сазовори шаҳрвандон ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, ба Ватан, миллат ва давлати худ хиёнат накунем, софдилона меҳнат кунем ва содиқона ба халқу миллат ва Ватани азизи худ хизмат намоем. Дар ин сурат, давлатамонро обод гадонида, дар солҳои наздиктарин мушкилоти мавҷудаи зиндагии мардуми кишвари худро сарбаландона бартараф карда метавонем.

Миров Ф.С.,
ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.М. Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia