casino malaysia
casino malaysia
Паём – роҳбалади рушду инкишоф ва барномаи пешрафти Тоҷикистон

wrapper

  Вазифаи ҳар як соҳибватан ин пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он инчунин аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат мебошад.
  Нуқтаи меҳвари Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ маҳз талқини илмомӯзӣ буд. Сарвари давлат аз аввал то анҷоми паёми хеш танҳо бар ин таъкид доштанд, ки танҳотавасссути омӯхтани илму дониш, фаро гирифтани чанд забони хориҷӣ метавон ба рушди бештари илм, техникаю технологияи навтарин ва дигар самтҳои муҳиму пешрафтаи илми чаҳонӣ дастрасӣ пайдо намуд.
  Оре, дониш ва фаҳмиши илмӣ дар бораи ҷаҳони гирду атроф ба инсоният имкон медиҳад, ки роҳи ҳалли мушкилоти дорои хусусияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро пайдо кунад ва рушди устуворро дар якҷоягӣ бо ҳифзи муҳити зист таъмин намояд. Ҳеҷ як кишвар наметавонад  танҳо ба рушди устувор ноил шавад. Ҳамкории байналмиллалӣ дар соҳаи илм на танҳо барои вусъати донишҳои илмӣ, балки барои ба даст овардани сулҳ ҳам аҳамияти калон дорад. Хушбахтона 6 – уми апрели соли 1993 Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг – ЮНЕСКО шомил шуд. Аз лаҳзаи шомил шудан ба Созмони мазкур, ҳамкории мутақобилан судманд ва гуногунҷабҳаи Тоҷикистон ва ЮНЕСКО самаранок вусъат ёфта, самтҳои наву созандаро фаро гирифтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурсамар бо  ЮНЕСКО диққати хосса зоҳир менамояд. Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 33 – юмин Конфронси Умумии ЮНЕСКО дар Париж дар равобити байни Тоҷикистону ЮНЕСКО саҳифаи тозаро боз намуда, ба ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо такони нав бахшид.
Тоҷикистон узви фаъоли ЮНЕСКО буда, лоиҳаҳои гуногунро дар самтҳои фарҳанг, илм ва маориф таҳияву пешбарӣ менамояд ва дар ҳифзу тарғиб намудани мероси фарҳангӣ ва табиии умумиҷаҳонӣ саҳми арзанда дорад. Яке аз натиҷаҳои судманди ҳамкориҳо бо Созмон дар самти илм, ин таъсис додани Кумита оид ба биоэтика назди Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Биоэтика яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар тайёр кардани коршиносон тавассути ташкил намудани барномаҳои гуногун мусоидат менамояд.   
  Муҳтавои барномаи Online Professional Network ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар соҳаи маориф, ки зимни Паёми худ иброз доштанд, мувофиқ аст .
Ҳадаф аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ,  арҷгузорӣ ба омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостони тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
  Дар Паёми имсолаи худ сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “ Соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯз ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад”.  Ҳукумати мамлакат дар ҳамин асос барои рушди устувори соҳаҳои илму маориф ва ислоҳоти куллии онҳо як қатор барномаву стратегияҳо ва консепсияҳоро қабул ва амалӣ карда истодааст. Иқдомоти зикршуда ба омӯзгорон имконият фароҳам меоранд, ки вазифаи худро бо маъсулияти баланд иҷро намоянд, барои такмили донишу малакаашон кушиши бештар кунанд ва бо истифода аз дастовардҳои навтарини илм сатҳу сифати таълим ва корҳои тарбиявиро беҳтар созанд.
  Масъалаи аз ҳама муҳим ин баланд бардоштани маънавиёти ҷавонон мебошад, ки ин маҷмуи амалҳо ва тадбирҳои давлатию ҷамъиятӣ дар самти тарбияи талқини ҷавонон дар рӯҳияи фарҳангдӯстӣ, инсондустӣ, шинохти арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллӣ, дарки асосҳои ахлоқӣ ва эътиқодии динии хеш ва дурӣ ҷустан аз хурофотгароӣ ва бегонапарварӣ мебошад. Сарвари давлат хурофотро таъқид намуда, изҳор доштанд, ки “Хурофот ҷаҳолат аст ва ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад”. Ҳамқадами замон буданро бошад, талқин менамояд. Ба ақидаи Пешвои миллат, ягона роҳи дуруст барои ҳамқадами замон будан  ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан ин омӯзиши илму дониш, хусусан илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар мебошад. Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷое намерасад.
Хулоса, бо баланд гардидани маънавиёти ҷавонон пеши роҳи падидаҳои номатлуб, вуруди таҳдидҳои замони муосир, вайроншавии оилаҳои ҷавон, таҳқиру гаппартоиҳои бемаънӣ, дағалгуфториву дағалрафторӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гирифта шуда, одобу ахлоқи намунавӣ ва баланди инсонӣ дар шахсияти ҳар як ҷавон ташаккул меёбад.
Ҳусния Наврузова,
Ходими илмии Маркази синошиносии
Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддиноваи АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia