casino malaysia
casino malaysia
Чароғи ҳидоят

wrapper

Дар ҳошияи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ
Ҳар як давлат навъи иттиҳод аст ва ҳар як муошират дар он ба хотири хайре ташкил мешавад. Дар айни ҳол, ҳамон муоширате аз ҳама муҳимтар аст, ки тамоми робитаҳоро дар бар гирифта, барои олитарин хайр талош мекунад. Ин муоширатро иттиҳоди давлатӣ ё муоширати сиёсӣ меноманд.
Арасту. «Политика» 
  Инак, 21-уми декабри  соли 2021 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз тариқи тамоми расонаҳо ба самъу  муҳокимаи  мардумони  кишварамон баррасӣ гардид. Он, воқеан, чун як муоширати сиёсӣ  миёни Пешвои миллат ва ҷомеа - навиде  аз фатҳу нусратҳо буд, ки моро ба чунин ҷашни пуршукӯҳи сиёсӣ - сисолагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон овардааст.
  Паёми Пешвои муаззами миллати тоҷик, дарвоқеъ,  оиди бисёр дастовардҳои замони истиқлолият, ки яке аз бузургтарини онҳо - сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ буд, ба аҳли башар аз бунёди Тоҷикистони нав мужда расонд.
  Дар ин Паём марҳилаҳои  сохторсозандаи кишвар аз оғози даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз ба таври мушаххас ирсол гардиданд. Паёми мазкур он мушкилиҳои иқтисодӣ, сиёсӣ-иҷтимоӣ, фарҳангии давлат ва ҷомеаи навбунёди имрўзаро, ки мардумони барӯманди тоҷикистонӣ онњоро чун як таҷрибаи таърихӣ бо ҷонбозиҳо, фидокорию мардонагии содиқона  нисбат ба Ватани маҳбуби хеш аз сар гузаронидаанд, возеҳу равшан таҳлилу баррасӣ намудааст. Бешубҳа, ин дастовардҳои муҳиму тақдирсоз тадриҷан ва, пеш аз ҳама, бо иродаи қавии мардум, дастгирии дастҷамъонаи шаҳрвандони бошуур ва заковату хиради арбобони сиёсию ҷамъиятӣ, соҳибкорони муваффақ ва умедбахши тоҷикистонӣ  ба даст омада, давлати миллиро  аз шикасту парешониҳои сиёсӣ, бӯҳронҳои иқтисодию бунбасти иҷтимоӣ наҷот бахшиданд.
Илми сиёсат, ҷомеашиносӣ ва фалсафаи иҷтимоӣ  аз пешвоёни миллат, сарварони сиёсӣ ва нахустарбобони  сиёсии  давлатҳо новобаста аз он ки кишварашон дар миқёси ҷаҳонӣ дар кадом сатҳи рушди иҷтимоӣ ва тараққиёти иқтисодӣ қарор доранд, заковат, донишу маърифати баланди сиёсӣ-иҷтимоӣ, шуҷоату қудрати қавӣ ва сиёсати чандирии  созандаи сохтордиҳанда ва самарабахшро талаб мекунанд. Зеро имрӯзҳо қудрати нахустарбобони сиёсии давлатӣ – ҳокимиятеро дороанд, ки он бар сари раияти вораста, озодандешу баробарҳуқуқ мебошад. “Ҳокимият, ба ақидаи ҷомеашиноси муосир Э.Тоффлер, системаи муносибатҳоест, ки аз се ҷузъ – қудрат, сарват ва дониш иборат аст. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ ин таносуб тобишу шаклгириҳои муайянеро дошт”.
  Паём - чароғ аст ва ҳидоят – нур. Паём чароғест, ки масъалаҳоро равшан ва роҳҳои ҳалли мушкилиҳои онро  ошкор месозад. Ҳидоят  - роҳнамоӣ кардан, нишон додани роҳи рости ҳалли он ҳама мушкилиҳост, ки имрӯзҳо дар ҷомеаи  мо бо тавассути Паёмҳо, ки иттиҳодро мемонад ва чун муоширати сиёсии роҳбари хирадманд бо раъият шинохта шуда, бо иродаи қавӣ,  мадад ва ҳидояти Пешвои муаззами миллат Эмомали Рањмон ҳосил мешавад. Муҳокимаи ин Паём дар қаламрави ҷумҳурӣ бо як ҳисси ватанпарварона густариш ёфта истодааст.  Ин аст нишонаи масъулиятшиносии  мардуми тољикистонї ва сарварии ѓамхоронаи Пешвои миллатамон, ки аз  халқпарварӣ ва меҳаншиносӣ, хирадманди ин шахсияти наљиб дарак медињанд. Ин аст нишонаи воқеӣ сохтани  орзую омолҳои чандинасраи мардумӣ ва идеяҳои хусусиятбахши миллӣ ва демократия дар Тоҷикистон аз тарафи Сарвар, роњбарият ва мардум.  Чунончи Низомии Ганҷавӣ фармудааст:
Хирадро ту равшан ба сар кардаӣ,
Чароғи ҳидоят ту ба бар кардаӣ.
  “Дар канори зиндагӣ покӣ бузургтарин хайр барои инсон аст”, оварда шудааст дар китоби муқаддаси аҷдодонамон “Авесто”. Поку шаффоф ирсол шудани масъалаҳои иҷтимоӣ ва тавассути  муоширати сиёсӣ дар сатҳи баланд муҳокима шудани онҳо дар ҷомеаи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ  ба расмият дароварда шудааст, ки он пеш аз ҳама ҳисобот ва натиҷагириҳо аз фаъолиятҳои гуногунҷанбаи мардуми барӯманди тоҷикистонӣ, роҳбарияту Сарвари мамлакатамон мебошад. Паёми навбатии Пешвои муаззами мо, ки дар соли ҷашни Истиқлолият  аз минбари баланд ба мардуми кишвар расид, натиҷагирӣ ва ҷамъбасти он дастовардҳою  муваффаққиятҳои  сисолаи ҷумҳурӣ ва ошкорсозии он  мушкилиҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии давлат ва мардумони Тоҷикистон мебошад. Илова бар ин, Паёми мазкур ба мардум дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ маълумоти мушаххас медиҳад, ки нодида гирифтани онҳо дар шароити  ҷаҳонишавӣ, ки ба истиқлолияти миллию давлатии мамлакатҳои камрушд ва тараққикардаистода таҳдид намуда, ба демократия ва ҳокимияти давлатҳо мушкилиҳои сангин меоварад, номумкин аст.
  Мо, аҳли ҷомеаи тоҷикистонӣ ва шаҳрвандони давлати соҳибистиқлолро зарур аст, ки маҳз ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки аз тарафи Президенти мамлакат, Пешвои миллат гуфта шудаанд, бояд таваҷҷӯҳи хоса дошта бошем. Зеро ки ин самтҳо ва равандҳо барои тараққиёти иҷтимоию  иқтисодии кишварамон дар асоси ниёзҳои мардуми кишвар ва талаботҳои рӯзафзуни ҷаҳонишавии таҳқиркунанда ва маҳвкунандаи давлатҳои миллии сусту камрушд муайян шудаанд.
  Мо имрӯз дарк мекунем, ки рушди давлатҳои  миллӣ ва кишварҳои ҷаҳон нобаробар аст. Аз ин рӯ, фикр дар бораи оянда бояд системавӣ, яъне, ба низоми муайян даровардашуда бошад, зеро номутобиқатии мухталифи байни равандҳои истеъмоли ҷаҳонӣ ва инфрасохтори идоракунӣ, байни унсурҳои истеҳсолкунандаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва гардиши трансминтақавии захираҳо, молҳо ва хизматрасониҳо беш аз пеш аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Дигаргунсозиҳои миқёсан калон ва пуршиддат ҳоло на танҳо ба соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳанг дахл доранд. Асосҳои бунёдии такрористеҳсоли  инсон ҳамчун як намуди биологӣ ва антропологӣ низ тағйир меёбанд. Амалияи таълиму  тарбия ва тафаккур бо мурури замон ва талаботи љањони муосир њамеша дигаргун  мешаванд. Аз ин љињат, раванди  ахлоқу тарбияи маданияти рафтору шуури сиёсӣ, ки, асосан, ба фарҳанги миллӣ такя намуда, анъанавӣ рушд мекунанд, бояд аз лиҳози навъовариҳо, бо назардошти   технологияҳои нави  иттилоотии маъмулӣ омӯхта шуда, самарабахш ба   роҳ  андохта шаванд.
  Дарвоқеъ, давраи нав оғоз мешавад, ки ин зуҳуроти ҷомеаи иттилоотӣ аст. Он аз паҳншавии компютерҳо, ҳавопаймоии турбореактивӣ ва технологияҳои чандирӣ ба вуҷуд омадааст. Дар ҷомеаи иттилоотӣ шаклҳои нави оилаҳо, тадбири манзил, усулу услубҳои кору зиндагӣ, шаклҳои нави сиёсат, иқтисод ва шуур зоҳир мегарданд. Дунё  мисли як мошини басуръатраванда ба назар мерасад, ки он аз навовариҳо зуд-зуд пур мешавад, ки аз рӯи камфурсатӣ дарки онҳо заковату шуурнокї, тезфикрӣ ва рушди доимии қобилиятҳои маърифатиро талаб мекунад. Ин вазъиятро ҷомеашиноси муосир Э.Тоффлер “мавҷи сеюм” меномад, ки рамзҳои он якпорчагӣ, фардият ва технологияи поки инсонӣ мебошанд. Дар чунин ҷомеа нақши пешбарандаро  соҳаи хизматрасонӣ, илму маориф ва маданияти шоиста ба даст меорад. Ширкатҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд ба донишгоҳҳо ва соҳибкорон ба олимон ҷой диҳанд. Дар ин маврид, муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва технологияи идоракуние, ки имрӯз мавҷуданд, бояд ба куллӣ аз нав сохта шаванд. Мо бояд бархилофи моделҳои ҷоришудаи рушди иҷтимоӣ, ки ба тафаккури пештараи ҷамъиятӣ хос аст, дар бораи шаклҳои қавии тараққиёт андеша намоем. Оиди ин масъала бо роҳбарии пешбинонаи Пешвои муаззами миллат барномаҳои мушаххас коркарда шудаанд, ки онҳо дар Паёми мазкур чунин тавсаа меёбанд:  ”Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад. Бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги бунёду таҷдиди иншооти энергетикии мамлакат мо итминон дорем, ки дар 7 соли оянда иқтидорҳои энергетикии кишварро ба 10 ҳазор мегаватт расонида, ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне истиқлолияти комили энергетикӣ муваффақ шавем”.
  Даниел Белл, ҷомеашинос ва рӯзноманигори амрикоӣ, офаринандаи назарияи ҷомеаи постиндустриалӣ (иттилоотӣ) чунин мешуморад, ки ҷомеаи пеш аз индустриалӣ  зиндагӣ – ин бозии байни инсон ва табиат буд, ки дар он одамон бо муҳити табиӣ - замин, об, ҷангал - дар гурӯҳҳои хурд кор мекарданд. Дар ҷомеаи саноатӣ, кор -  як бозии байни  инсон ва муҳити сунъии инсонофарида  мебошад, ки дар он одамон дар зери сояи мошинҳо-техникаи молистеҳсолкунандаи инсонофарида мемонанд. Дар «ҷомеаи иттилоотӣ» - кор, пеш аз њама, ба бозии одам бо одам (байни мансабдору мулоқоткунанда, табибу бемор, муаллиму донишљў) табдил меёбад. Ҳамин тавр, табиат аз чорчӯбаи кору рӯзгори мардум  хориҷ гардида, дур мемонад. Аз ин рӯ, вобаста ба ин шароит дар Паёми Пешвои миллат як барномаи хоси стратегӣ  коркардашуда тавсаа меёбад, ки он чунин оварда шудааст:“Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» бояд то охири соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карда, татбиқи онро таъмин намояд.”
 Ҷаҳон дар остонаи инқилоби бесобиқаи технологӣ қарор дорад. Имрӯз оқибатҳои иҷтимоии онро пурра тасаввур кардан душвор аст. Тамаддуни нав ба вуҷуд меояд, ки дар он муошират тамоми шароитро барои таъмини зиндагии пурраи инсон фароҳам меорад. Дар таърихи ҷамъият ин, ба қавли Д.Белл, вазъияти нав ва бемислу монанд аст. Револютсияи ҳисоббарорӣ гардиши чуқур ва бисьёртарафаи тараққиёти инсоният мебошад, ки бо афзоиши қувваҳои истехсолкунанда, дар истеҳсолот васеъ истифода бурдани техника ва илм алоќаманд аст. Вобаста ба ин пешбиниҳои илмии  ҷомеашиносони муосир низ дар Паёми  Президенти кишвари мо қатъан чунин таъкид мешавад:
  “Ҷиҳати рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа тақвият бахшида, гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда шавад. Таъкид месозам, ки ин воқеият ва талаботи замони муосир мебошад.”
  Бешубҳа, одамон дар ҳама ҳолат бо ҳам муносибату зиндагӣ карданро ёд мегиранд. Аммо дар сатҳи давлатӣ гузориш намудан ва дар роҳи ҳалли он дастҷамъона ва бо мусолиҳаи мутахассисони кордида тадбир ҷустан - яке  аз хислатҳои хоссаи ҷолиби фардию шахсиятии Президенти кишвар, Пешвои муаззам  Эмомали Раҳмон мебошад, ки дар муддати сӣ соли сипаришуда мардуми моро фаъол намуда, мамлакати аз ҷанги шаҳрвандӣ фарсудашударо аз парешониҳо ва  низоъҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, аз қашшоқӣ ва нобудшавӣ, аз бӯҳронҳои хурду бузурги моддию маънавӣ наҷот бахшидаанд.
 Дар пайравӣ ба ин хислатҳои наҷиби Пешвои муаззам мо, олимон, кормандони соҳаи маорифу фарҳанг, ҳамчун мутахассис ва шаҳрванди бошууру ватанпарвари Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, чун волидайн ва тарбиятгарони қатории кишвар чӣ гуна вазифа ва масъулиятҳоро дороем? Паёми Президент дар ин ҷода як санади давлатии сохторсозандаеро мемонад, ки дар он ҳамаи ҷабҳаҳои  зиндагӣ ва фаъолияту шуғли мардум, равобитҳои иҷтимоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ оиди ин ё он масъала бо дурнамояшон барномарезӣ шудаанд:
“Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани иқдоми мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд. Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ зарур аст, ки Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин, барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд.”
 Ин ҳукми Паём мисли як андеша ва ҳадафҳои илми назарӣ аз минбари волои сиёсӣ роҳу раванди аҳли ҷомеаро барои ба амал татбиқ намудану чораандешии дастҷамъона оиди ҳадафҳои мазкур олимон, устодони илму маърифат ва коршиносони соҳибтаҷрибаро ба меҳнати фаъоли  пурсамар даъвату ҳидоят мекунад.
 Илм-чароғ аст ва таълим нур. Имрӯзҳо, дар шароити ҷаҳонишавии   замони муосир, ин ду соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ ҷанбаи бунёдии маънавият ва сармояи иҷтимоии давлат ва ҷомеаро ташкил медиҳанд. Иқтисод, ки пояи моддии ҷамъиятро ташкил медиҳад, бе сифати баланди илму дониш, таълими амиқу аниқ, тарбияи малакаҳои шоиста, қобилиятнокӣ ва сатҳи баланди худогоҳӣ ва шуурнокии насли наврас, ки оянда қувваи маънавӣ ва сармояи сарватофарини неъматҳои моддии ҷамъият мегарданд, сифатнок пешрафту тараққӣ нахоҳад ёфт. Оиди ин падида ва  ҳаллу фасли ин мушкилот низ дар Паёми Пешвои миллат  таъкид шуда, барои қонеъ гарднидани талаботи мазкур барномарезии мушаххас пешниҳод мешавад: “Вобаста ба талаботи соҳаи саноат зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони касбҳои нав эътибори ҷиддӣ дода шавад.”
  Аз ин рӯ, давлат ва ҷомеа аз кормандони соҳаи илму маориф ва фарҳанг қотеъона талаб доранд, ки дар парваришу тарбияи насли наврас ва  ҷавонони соҳибкасби мамлакат баҳри ояндаи дурахшони  Тоҷикистони соҳибистиқлол ва солимии рўҳия, шикастнопазирии маънавии аҳли ҷомеаи тољикистонӣ дар таълиму тарбияи кадрҳои наву баландихтисос, бошууру соҳибилму бомаърифат саҳми арзандаи хешро гузорем. Дар ин ҷода дар соҳаи таҳсилоти умумию олӣ дар соҳаи маориф ва, хусусан, дар илм  саҳланкорӣ, муфтхӯрию ришвахӯрӣ, манфиатљўию хотирхоҳӣ, тағобозию пуштдориро решакан карда, сатҳи донишу маърифат, маданияту фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, покдастию вазифашиносӣ, масъулиятнокӣ, виҷдондорӣ ва виҷдонияти (шуурнокии) худи тарбиятгарон ва муаллимону олимон ва устодонро баланд бардорем. Дар урфият мегӯянд: “Ҳар чи коштӣ ҳамонро медаравӣ” ё ки “Аз гандум гандум мерӯяд, аз ҷав-ҷав”. Саҳлангорию чашмпӯшӣ дар соҳаи илму маорифу фарҳанг аз баҳри манфиати хеш - ин як хиёнати бузург  на фақат ба ояндаи ин насли ҷавон, балки  хиёнат ба Ватан, изњори носипосӣ кардан “аз ҳафт то ба ҳафтод пушти” гузаштагонамон аст:
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ…
 Мо, аҳли илму маориф, меъморони ҷомеаи солими шаҳрвандӣ ва бунёдгузорони хонаи бахту давлат ва саодати ояндаи фарзандонамон ҳастем, аз инрӯ, бояд , бошууру  вазифадор, масъулиятшиносу ояндабин, умуман, ватанпарвар бошем. Заҳмату меҳнати сисолаи мардуми хешро, муборизаи чандинасраи фидокорону роҳи озодии тоҷикистониро, ки баҳри соҳибдавлат шудани мо ва ба даст овардани истиқлолияти давлатии худ, дар набарди ҳастӣ ҷоннисорӣ намудаанд, ҳаргиз  фаромӯш накунем.   Дар Паёми мазкур зикр шудааст, ки “Фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад...Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд”. 
  Маърифат чароғ  аст ва таълим - нур. Биёед, нури чароғи маърифати аҳли ҷомеаро бо таълиму тарбияи шоиста пурнур гардонем!
 
  Назира Орифҷонова
номзади илмҳои фалсафа, дотсент,
ходими калони илмии Шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia