casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Назаре ба таърих ва фалсафаи ҷашни Сада

  Моҳи октябри соли 2017 ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту иловаҳо дохил гардид, ки мутобиқи он ҳамасола 30-юми январ дар ҷумҳурӣ Ҷашни Сада баргузор мегардад. Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона давлатест, ки расман ин ҷашни аҷдодиро таҷлил мекунад. Сада яке аз ҷашнҳои ориёӣ аст, ки дар оғози шомгоҳи даҳуми баҳманмоҳ, яъне рӯзи Обон аз моҳи Баҳман баргузор мешавад. Онро метавон нахустин муждаи Наврӯз ҳисобид. Ҷашни Сада ба як ҳодисаи кайҳонӣ, яъне тулуъ ва ғуруби ҳамзамони ду ситораи пурнуру дурахшон дар нахустин шабҳои баҳманмоҳ дар ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш метавонад иртибот дошта бошад. Муфассал ...

Ҷашни Cада чист ва аз куҷо омадааст?

  Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои зимистонию пуршукӯҳи мардуми ориёитабор аст, ки аз даврони бостон ба ёдгор мондааст ва дар оғози шомгоҳи даҳуми Баҳманмоҳ, яъне Обонрӯз – аз рӯзҳои Баҳманмоҳ баргузор мешавад. Мисли дигар ҷашнҳои асили ориёӣ – Наврӯз ва Шаби Ялдо оташ ҳастаи аслии баргузории ҷашни Садаро ташкил медиҳад.
  Бархе аз донишмандон баромади вожаи «Сада»-ро аз адади сад (100) донстаанд. Абӯрайҳони Берунӣ навиштааст: «Сада гӯянд, яъне сад (100) ва он ёдгори Ардешири Бобакон аст ва дар сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳову шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд: иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс – падари нахустин – дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машёна ба сад нафар расидаанд ва ҳамчунин омада: «Шумораи фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид».
  Назари дигар ин аст, ки Садаи маъруф 100-умин рӯзи зимистон аст. Аз оғози зимистон (аввали Обонмоҳ – 1-уми ноябр) то даҳуми Баҳманмоҳ, ки ҷашни Сада аст, сад рӯз ва аз даҳуми Баҳманмоҳ то Наврӯз ва аввали баҳор 50 рӯз ва 50 шаб будааст (зеро шабҳо ҳам шумурда мешуданд), аз ин рӯз ба баъд шаб ҳам мисли рӯз равшану ва гарм мешаванд ва дигар ниёзе ба оташ нест. Муфассал ...

Ҷашни Сада- худшиносӣ ва ҳамбастии инсоният

  Дар дунёи фалсафа, тафаккур ва маънавиёти зеҳнии эронитаборон фуру рафтан ва аз он бозгаштан, корест басо сангину имконнопазир. Ин пиндорамон барои обу ранг ва ҳусни калом ҳаргиз набуда, зеро агар ба фалсафаи иҷтимоиву ахлоқӣ ва хиради ба ҷой гузоштаи аҳли илму адаби форсу тоҷик назар афканем, хоҳем дарёфт, ки ҳақиқатан хираду ҳикмати эронитаборон, ба вежа тоҷикон баҳрест бекарон ва ҳар касе агар ғаввоси моҳире бошад метавонад аз он баҳри бепоён марвориде ба даст оварад. Албатта, ба умқи ин андеша танҳо шахсиятҳое, ки аз он баҳр қатрае баҳра бардоштаанд, дарк мекунанд. Ҳазор сол қабл барҳақ, фарзона ва энсиклопедист Абӯалӣ пури Сино фармуда буд: «Агар тавоноии донишмандони Эрон аз ҷаҳони дониш гирифта шавад, чизе ҷуз сиёҳи боқӣ намемонад». Арҷгузорӣ ва омӯзиши таърих, фарҳанг, фалсафаи иҷтимоиёту фарҳанг, суннатҳои аҷдодӣ ва илму адаби гузашта барои ҳар фарди худшиносу ҳувиятшинос ҳам фарзу ҳам суннат аст. Беэътиноӣ ва нодидагирифтани рукнҳои зикргардида, инсонро ба беҳувиятӣ ва ниҳоят ба вартаи нестӣ бурда мерасонад. Пешвои миллат дар ин хусус изҳор доштаанд: «Ҳар кас, ки таърихи гузаштаи худро надонад, ояндаи худро сохта наметавонад». Имрӯз зарур аст, ки ҳар фарди миллати тоҷик беш аз пеш рӯй оварад ба осори адабиву илмӣ ва суннатҳои гузаштаи ниёгони худ ва бад-ин минвол диравшбардори илму хирад ва давомдиҳандаи кору пайкори аҷдодони хеш бошад. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia