casino malaysia
casino malaysia
Ҷашни Cада чист ва аз куҷо омадааст?

wrapper

  Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои зимистонию пуршукӯҳи мардуми ориёитабор аст, ки аз даврони бостон ба ёдгор мондааст ва дар оғози шомгоҳи даҳуми Баҳманмоҳ, яъне Обонрӯз – аз рӯзҳои Баҳманмоҳ баргузор мешавад. Мисли дигар ҷашнҳои асили ориёӣ – Наврӯз ва Шаби Ялдо оташ ҳастаи аслии баргузории ҷашни Садаро ташкил медиҳад.
  Бархе аз донишмандон баромади вожаи «Сада»-ро аз адади сад (100) донстаанд. Абӯрайҳони Берунӣ навиштааст: «Сада гӯянд, яъне сад (100) ва он ёдгори Ардешири Бобакон аст ва дар сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳову шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд: иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс – падари нахустин – дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машёна ба сад нафар расидаанд ва ҳамчунин омада: «Шумораи фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид».
  Назари дигар ин аст, ки Садаи маъруф 100-умин рӯзи зимистон аст. Аз оғози зимистон (аввали Обонмоҳ – 1-уми ноябр) то даҳуми Баҳманмоҳ, ки ҷашни Сада аст, сад рӯз ва аз даҳуми Баҳманмоҳ то Наврӯз ва аввали баҳор 50 рӯз ва 50 шаб будааст (зеро шабҳо ҳам шумурда мешуданд), аз ин рӯз ба баъд шаб ҳам мисли рӯз равшану ва гарм мешаванд ва дигар ниёзе ба оташ нест.
  Ориёиҳои бостон зимистонро ба ду давраи 40 рӯза тақсим карда буданд. Давраи аввал, ки аз Шаби Ялдо оғоз мешуд, дар даҳуми Баҳманмоҳ ба поён мерасид. Ин давраи аввалро «Чилаи бузург» мегуфтанд ва давраи чилрўзаи дигарро «Чилаи хурд» меномиданд. Дар «Чилаи бузург» Меҳр барои ҷанг бо Аҳриман дубора тавлид мегардид. Ориёиҳо бовар доштанд, ки Чилаи Бузург авҷи сармои зимистонро дар худ дорад ва дар рӯзе, ки Чилаи Бузург ба поён мерасад, замин нафас мекашад ва гарм мешавад. Дар ин айём шаб монанди рӯз равшан мешавад. Аз ин рӯ, дар пеш сардии шадид нахоҳад буд. Аз ин чост, ки онҳо рӯзи охирини чашни бузурги зимистонро гиромӣ медоштанд ва ҷашн Сада баргузор мекарданд. Ниёкони бостонии мо бовар доштанд, ки оташе, ки дар ин рӯз барафурӯхта мешавад, заминро гарм ва омодаи вуруди баҳор мекунад.
  Сабаби дигари ҷашн аз ин шаб он аст, ки эрониҳо ду моҳи мобайни зимистон – Дай ва Баҳманмоҳ (январ ва феврал)-ро бисёр сард ва ҳангоми неруманд гаштани Аҳриман медонистанд ва барои анҷоми ин ду моҳ ниёишҳои вижае баргузор мекарданд. Абаски оташ (мазҳари гармо, рӯшноӣ ва зиндагӣ) дар рӯзи Сада кашф шудааст, василаи хубе барои мубориза бо Аҳриман мебошад. Аз шаби чилаи хурд то аввали Исфанд 20 рӯзу 20 шаб (ҷамъан чиҳил шабу рӯз) аст. Ва бархе гуфтаанд, ки ин тасмия (Сада) ба муносибати сад рӯзи пеш аз ба даст омадани ҳосил ва иртифои ғалла аст.
  Ҷашни Садаро низ метавон аз дидгоҳи дигар баррасӣ кард. Дар Эрон рақами чиҳил аз қадим рақами муқаддас дониста мешуд. Рӯзи чиҳилум пас аз таваллуд ё чиҳилум пас аз марг барои эрониён ҳамеша як рӯзи муҳим ва арзишманд буд ва маросими вижаи худро дошт. Ҷашни Сада расо чиҳил рӯз пас аз ҷашни Ялда баргузор мешавад. Агар Ялдоро шаби зодрӯзи хуршед бидонем, чиҳил рузи пас аз таваллуди вай бояд маросиме ҷиҳати гиромидошти чунин мелоди фархундае баргузор шавад. Ин истидлол яке аз фалсафаҳои пайдоиши ҷашни Сада аст.
  Ҳамчунин, бархе аз манобеъ дар далели ҷашни Сада гуфтаанд, ки эрониёни бостон зимистонро бархилофи имрӯз аз оғози фасли сармо, яъне аввали Обонмоҳ дар назар мегирифтанд. Аз аввали Обон (1-уми ноябр) то даҳуми Баҳман (феврал) низ сад рӯз фосила дорад. Ҳамчунин, пас аз шаби Ялдо ва тавлиди Меҳр, рӯшноӣ бар торикӣ чира мешавд ва рӯзҳо ба самти  тӯлонӣ шудан пеш меравад. Аз ин рӯ, рӯзҳоро ба сурати ҷудо ва шабҳоро низ ба сурати ҷудогона мешумориданд. Аз ҷашни Сада то Наврӯз низ дар маҷмӯъ 100 шабу рӯз фосила вуҷуд дорад. Бино бар ин, Обонрӯз аз Баҳманмоҳ (феврал) як рӯзи бисёр муҳим ва муқаддас ба шумор мерафт ва лозим буд, ки онро бо як ҷашни бошукӯҳ ҷашн гиромӣ медоштанд. Ба ин назар шумораи сад (100) ба Сада иртибот дорад.
  Дигар манобеъи бостонӣ низ бар онанд, ки дар ин рӯз шумори фарзандони Киёмарс, ки тибқи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (аввалин мард – инсон) дар рӯи замин мебошад, ба сад тан расидааст. Бархе низ бар ин боваранд, ки дар ин рӯз шумори фарзандони Машӣ ва Машёна – нахустин ҷуфти аввалин дар рӯи замин (ҳамтирози Одаму Ҳавво) ба тан расидааст. Аз ин рӯ, ҷашне барпо доштанд, то чунин рӯйдодро гиромӣ доранд.
Меҳрдоди Баҳор дар китоби «Пажӯҳише дар фарҳанги Эрон» ва Ризо Муроди Ғиёсободӣ дар китоби «Наврӯзнома» бар ин боваранд, ки Сада дар забони авестоӣ ба маънии «баромадан ва тулӯъ кардан» аст ва ҳеч иртиботе бо адади 100 надорад. Адади «сад» (100) ба шакли «сад» (сод+дол) муарраб гардида аст дар ҳоле ки вожаи «сада» ба шакли «сазақ» муарраб шудааст.
Ҷашни Садаро метавон ба се давраи таърихӣ ҷудо кард:
  1. Давраи пеш аз ислом. 2. Давраи пас аз ислом. 3. Давраи ҳозира.
1.Чашни Сада дар давраи пеш аз ислом:
  Фирдавсӣ ҷашни Садаро ба замони подшоҳии Ҳушанг ва Абӯрайҳони Берунӣ ба Фаридун марбут медонанд. Аммо ба расмият даровардани ҷашни Сада ба замони Ардешири Бобакон рост меояд.
Достони падид омадани оташ ва бунёд ниҳодани ҷашни Сада дар «Шоҳнома» ба ин гуна омадааст, ки Ҳушанг бо чанд тан аз наздикон аз кӯҳ мегузаштанд, ки море сиёҳе намудор шуд. Ҳушанг санги бузурге бардошт ва ба сӯи мор партоб кард. санг ба кӯҳ бархӯрд ва оташ з бархӯрди сангҳо бархост. Ба гуфтаи Фирдавсӣ:
Баромад ба санг гаронсанг хӯрд,
Ҳам ону ҳам ин санг гардид хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Ҷаҳондор пеши Ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳаме карду хонд офарин.
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.
Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,
«Сада» номи он ҷашн фархунда кард.
  Дар китоби «ат-Тафҳим» ва «Осору-л-боқия»-и Берунӣ аз кашфи оташ сухане нест, балки онро афрӯхтани оташ бар бомҳо медонад, ки ба дастури Фаридун анҷом гирифт. Дар «Наврӯзнома» омадааст: «Офаридун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигрехт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз оини он подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».
Бархе аз пажӯҳишгарон ҷашни Садаро ба оини меҳрпарастӣ ё митраизм марбут медонанд, ки дар миёни мардуми эронитабор садҳо сол пеш аз оини зардуштӣ роиҷ будааст.
  1. Ҷашни Сада баъд аз Ислом:
  Дар ин давра муаррихоне чун: Берунӣ, Бейҳақӣ, Гардезӣ, Мискавайҳ ва дигарон дар бораи усули ҷашн дар замони салтанати Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, Оли Зиёр ва то замони муғул бисёр навиштаанд. Ҳатто достони «Марги Мардович»-ро низ дар иртибот бо Ҷашни Сада нақл кардаанд (ки ҷашни Садаи бошукӯҳе тартиб дода буд ва дар поёни ҷашн ба дасти мухолифонаш кушта шуд). Аммо ахборе дар заминаи баргузории Ҷашни Сада дар дарбори подшоҳону амирон дар даст нест, зеро Сада аз оинҳои мардумӣ будааст.
  Хабарҳои ин давра нишон медиҳанд, ки ҷашни Сада дар он замон бо тамоми шукӯҳу шаҳомати худ баргузор мешудааст ва ҳатто шоироне чун Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асҷадӣ дар тавсифи чигунагии ва чуну чандии оташи он маълумот ва доди сухан додаанд. Дар ин ҷо ду гузориш дар ин бора ишора шудааст:
  Гузориши нахуст аз «Осору-л-боқия», саҳ 375:
  «Оташ афрӯзанд, то шарри он «дӯзах» (сардӣ) бартараф гардад ва гиёҳи хушбӯй дар он андозанд, то зарарҳои зиёд бартараф шаванд. Дар хонаи подшоҳон расм аст, ки оташ бияфрӯзанд ва чун шӯълавар гардад... дар назди оташ нишаста, пойкӯбӣ ва сурудхонӣ кунанд».
  Гузориши дуюм аз «Таърихи Байҳақӣ» саҳ. 571–572:
  «Амир (Султон Масъуди Ғазнавӣ) фармуд, ки саропардае бар роҳи Марв бизаданд бар се фарсангии лашкаргоҳ ва Сада наздик буд. Аштарони султониро ва аз он ҳама сипоҳ ба саҳро бурданд ва газ кашидан гирифтанд, то Сада карда ояд ва пас аз он ҳаракат карда ояд ва газ меоварданд ва дар саҳрое, ки ҷӯи оби бузург буд, пур аз барф меафканданд, то ба қуллае баромаданд ва чортоқҳо бисохтанд аз чӯб, сахт баланд ва онро ба газ биёканданд ва гази дигар чамъ карданд, ки сахт бисёр буд ва болои кӯҳе баромада ва уқоб бисёр ва кабӯтар. Ва Сада фароз омад. Нахустшаб амир бар лаби оби он ҷӯи об, ки дар он ҷо шароъе зада буданд, биншаст ва надимону мутрибон биёмаданд ва оташ ба ҳезум заданд ва пас аз он шунидам, ки қариб даҳ фарсанг фурӯғи он оташ бидида буданд.... ва чунон Садае буд, ки дигар он ҷо надида будам ва он ба хуррамӣ ба поён омад».
  1. Ҷашни Сада дар замони ҳозира:
  Имрӯз дар бархе аз шаҳру рустоҳои Эрон, Тоҷикистону Афғонистон ҷашни Сада ё Садасӯзӣ дар ба сурати пароканда дар даҳуми Баҳманмоҳ баргузор мешавад. Дар Мозандарону Луристон, Сиистону Балучистон кишоварзону рустоиён ва чупонҳо наздики ғуруби яке аз рӯзҳои зимистон дар болои бом, дар доманаи кӯҳ ва ё дар канори киштзору чарогоҳ оташ меафрӯзанд ва аз рӯи анъанаи дерин перомуни он гирд меоянд ва хуррамӣ барпо мекунанд.
Аммо дар Кирмон ва аксари шаҳрҳои ин устон (вилоят) ҷашни Сада ё Садасӯзӣ бо тамоми шукӯҳу шаҳомати худ баргузор мешавад. Дар миёни чодар(хайма)-нишинон бофти Сирҷон Садасӯзии чӯпонӣ баргузор мешавад. Дар яке аз рустоҳои Ҷирафт (ободии Булук аз деҳистони Исмоилӣ) шаби даҳуми Баҳманмоҳ оташи бузурге бо номи «Оташи Сада» бо чиҳил шоха аз дарахтони хушкшудаи боғ ба нишонаи чиҳил рӯз («Чилаи Бузург») дар майдони деҳ бармеафрӯзанд ва аз рӯи он ҷаҳида мепаранд ва месароянд:
Сада – Садаи деҳқонӣ
Чиҳил кундаи сӯзонӣ,
Ҳанӯз гӯӣ зимистонӣ.
Аз аввали Баҳманмоҳ боғдорону соҳибон мулкҳо - ҳар кадом ба қадри ҳиммат ва сарвати худ ҳезумеро, ки аз биёбону доманакӯҳҳои гирд овардаанд, ба ҷашнгоҳи Сада меоранд. Дар Эрони бостон ҳар моҳу ҳар рӯз номи худро дошт. Рӯзи даҳуми Баҳманмоҳро низ Обонрӯз мегуфтанд.
Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯзи Баҳманмоҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардумон аз пагоҳ дар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд овардаанд, ҷашни Сада оғоз мешавад. Фурӯшандагон низ то рӯзи 9-уми Баҳманмоҳ ҷои густурдани бисоти худро муайян мекунанд. Тибқи асноди таърихӣ ин ҷашн ҳамеша дастаҷамъона ва бо гирдиҳамоии кулли мардуми шаҳру деҳаҳо дар як ҷо ва бо гузоштани оташи бузург баргузор мешудааст. Мардум бо ҳам дар ҷамъоварии ҳезум ширкат мекунанд ва аз ин рӯ, ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардум хонда шудааст.
Дар гузашта, вақте ки дар ҳавои кушод Садасӯзӣ баргузор мегардид, мардум баъд аз зуҳр дар атрофи маҳалли афрӯхтани оташ гилемҳоро гурӯҳ-гурӯҳ мепартофтанд ва то соати муқарраршуда бо сӯҳбату вохӯрӣ ва чой нӯшидан вақтхушӣ мекарданд ва чормағзу писта мехӯрданд. Аммо дар даврони мо фақат чанд соат пеш аз Садасӯзӣ дар хиёбони Сада даври ҳам меоянд.
Ориёиҳои даврони бостон ҳар моҳ як ҷашни вижае барпо мекарданд ва ба шодӣ ва пойкӯбӣ ва ситоиши Аҳурамаздо мепардохтанд. Аксари ин ҷашнвораҳо ҳоло аз равнақ афтодаанд ва ҷуз дар китобҳои таърих нишоне аз онҳо нест. Бо вуҷуди ин, баъзе аз онҳо ин иқболро доштаанд, ки ҳамчунон зинда бимонданд ва ҳар сол бо шукӯҳи бемислу монанд баргузор мешаванд.
Дар даврони муосир зардуштиёни Теҳрон, Караҷ, устони (вилоят)-и Язд ва рустоҳои атрофи Майбад ва Ардакон, Кирмон ва рустоҳои Аҳвоз, Шероз, Исфаҳон, Кирмон, Язд, Форс, Бофт, Бардаскан, Табас (деҳаи Пирҳаҷат) ва дигар вилоятҳои Эрон ва ҳатто дар бархе аз кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Шветсия, ИМА (Калифорния) ва Австралия ва ғ. ин ҷашнро баргузор мекунанд ва бо ҷамъ омадан дар як макон шаҳр ё деҳа дар канори ҳам оташе бисёр бузург меафрӯзанд ва ба ниёишхонӣ ва сурудхонӣ ва пойкӯбӣ мапардозанд.
Дар рузи 10-уми Баҳманмоҳ симои шаҳрҳо дигаргун мешавад. Мағозаҳо зудтар баста мешаванд. Чанд соат пеш аз афрӯхтани оташ занон ошу шӯрбо мепазанд. Гирдиҳамоии хонаводаҳо дар айвони боғ ва хӯрдани ошу шӯрбо ва чормағзу писта як ҷузъи ҷашни Сада аст. Фурӯшандагон ба ҷуз аз меваю нӯшокиҳо, бояд ҳатман чормағзу писта, бодому фундуқ дошта бошанд.
Ба ғайр аз аҳолии шаҳр, маҳаллаҳои наздишаҳрӣ ва шаҳрҳои ҳамсоя даври ҳам омада, дар Садасӯзӣ иштирок мекунанд. Барзгарон ҳангоми иштирок дар ин маросим ба Сада ҳезум меоранд, агарчи як шохаи хурд ҳам бошад, то бо ризои хотир як каф хокистари Садаро бо худ бибаранд ва барои баракату ҳосили фаровон гирифтан ба киштзори хеш мепошанд.
 Шомгоҳон ду мӯбад лола (оташ) ба даст бо либоси сафед, ки либоси расмии рӯҳониёни зардуштӣ дар маросимҳои динӣ мебошанд, ҳозир мешаванд. Замзамакунон ба хирмани ҳезуми Сада наздик шуда, даври он аз тарафи рост се бор мегарданд ва сипас ин хирмани ҳезумро аз чаҳор тарафи он бо шӯълаи лолаҳое, ки оташи он аз оташкадаи маъбад овардашуда аст, равшан мекунанд. Шӯълаи оташ аланга зада, ба осмон кашида мешавад ва ҳамроҳи он ҳалҳалаву шодмонии мардум дар фазо мепечад ва ҳама ҷо саршори шӯру ҳаяҷон мегардад.
Пас аз чанд соат, ки алангаи оташ паст мешавад, одамон, махсусан ҷавонтарҳо аз рӯи бутаҳои оташ мепаранд. Дар соати охири Ҷашни Сада, вақте ки оташ сӯхта ба хокистар менишинад, мардум пас аз нисфирӯзии шӯрангезу дурахшон ба хонаҳои хеш бармегарданд.
Ҷашни Сада бо афрӯхтан гулхан оғоз мешавад. Воқеан метавон гуфт, ки ҳама ҷашнҳои эронӣ дар ҳузури оташ баргузор мешаванд. Ба эътиқоди эрониёни бостон, оташ қавитарин нишонаи ҷисмонии ҳузури Аҳуро Маздо, Худои яктост. Дар идомаи ҷашни Сада Шоҳномахонӣ шурӯъ мешавад ва ҳангоме, ки «Шоҳнома» хонда мешавад, ки бояд дар он лаҳза ҳама хомӯш бошанд. Ҷашни Сада рӯзи кашфи оташ аз ҷониби башар аст. Оташи гарму равшанро эрониён ҳамеша мушоҳида ва эҳтиром кардаанд. Оташ, ки рамзи гармӣ ва рӯшноӣ дар зиндагӣ аст, ҳамчун василаи мубориза бо шайтон ва зулмот маъруф буд. Ба ин далел мардум ҳамасола дар рӯзи 10-уми Баҳманмоҳ гармӣ ва шукӯҳи оташро бар зидди сармо ва таъсири шайтон бо афрӯхтани оташ дар бомҳо ва ё дар кӯҳистон ҷашн мегиранд.
Тибқи таҳқиқи манобеъи мухталифи таърихӣ метавон гуфт, ки ҷашни Сада решаи мазҳабӣ надорад ва он як ойин ва маросими миллӣ аст. Тоҷикон ба аз даврони қадим инҷониб барои баргузории ҷашни Сада талош меварзанд ва дар пайи рушду тавсеъаи он ҳастанд ва барои ин иқдомҳо низ андешидаанд.
Баргузории ин ҷашнҳои миллӣ ва ойинӣ, ки бозгӯи фарҳангу таърихи ақвоми эронитабор аст, фарҳанг ва асолатро ҳифз мекунад. Дар ҳамин ҳол, ҳама ҷашнҳои миллӣ ва бостонии эронӣ бо эътирофи аҳамияти ҳамбастагӣ ва ваҳдат мардумро ба ҳамдастӣ ва якҷо будан ташвиқ мекунанд. Мардум дар ҷамъоварии ҳезум ширкат мекунанд ва аз ин рӯ ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардум аст.
Бо вуҷуди он ки аз ҷашни Садаи аввал ҳазорон сол сипарӣ мешавад, имрӯзҳо бо шукуҳу ҷалоли бештаре аз гузашта баргузор мешавад.
Ҷашни Сада дар Тоҷикистон нахустин бор пас аз дарёфти истиқлолият бо паёме аз сӯи Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расмият даромад ва дар тақвими расмӣ ҳамчун рӯзи иди миллӣ сабт гардид ва ҳамасола ба таври густарда дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Тоҷикистон аввалин кишварест, ки ҷашни Сада ва Меҳргонро расман ҷашн мегирад.
 Барномаи ҷашни Сада дар боғи Ҳаким Фирдавсии шаҳри Душанбе, маъруф ба «Боғи дӯстии халқҳо» бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ниҳолу гулу гиёҳҳои гуногун ва озмунҳо баргузор мешавад. Аз омода кардани беҳтарин дастархони Сада, то беҳтарин тарона дар васфи Сада расмест аз расму оинҳои бостонӣ ва рамзи шодиву сурур. Аз он ифтихор дорем, ки дар даврони истиқлоли кивар ҷашну оинҳои бостонӣ, назири Садаву Меҳргон тадриҷан эҳё мешаванд.
 
Камолов Усмоналӣ,
 
номзади илмҳои фалсафа,
ходими калони илмии
 Шуъбаи таърихи фалсафаи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
 ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
 
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia