casino malaysia
casino malaysia
Назаре ба таърих ва фалсафаи ҷашни Сада

wrapper

  Моҳи октябри соли 2017 ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту иловаҳо дохил гардид, ки мутобиқи он ҳамасола 30-юми январ дар ҷумҳурӣ Ҷашни Сада баргузор мегардад. Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона давлатест, ки расман ин ҷашни аҷдодиро таҷлил мекунад. Сада яке аз ҷашнҳои ориёӣ аст, ки дар оғози шомгоҳи даҳуми баҳманмоҳ, яъне рӯзи Обон аз моҳи Баҳман баргузор мешавад. Онро метавон нахустин муждаи Наврӯз ҳисобид. Ҷашни Сада ба як ҳодисаи кайҳонӣ, яъне тулуъ ва ғуруби ҳамзамони ду ситораи пурнуру дурахшон дар нахустин шабҳои баҳманмоҳ дар ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш метавонад иртибот дошта бошад.
  Баъзе донишмандон маънои номи Садаро гирифташуда аз сад медонанд. Абурайҳони Берунӣ менависад: «Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс – падари нахустин – дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд ва низ омада: «Шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид»».
  Назари дигар ин аст, ки Садаи маъруф садумин рӯзи зимистон мебошад. Аз ибтидои зимистон (аввали Обонмоҳ) то 10 Баҳман, ки ҷашни Сада аст, сад рӯз ва аз 10 Баҳман то Наврӯз ва аввали баҳор 50 рӯз ва 50 шаб будааст; ва ба сабаби ин ки аз ин рӯз ба баъд инсон ба оташ даст пайдо кардааст шаб ҳам монанди рӯз равшану гарм ва зинда аст, шабҳо ҳам шуморида мешаванд. Яке дигар аз далоили гиромидошти ин шаб ин аст, ки ориёиҳо ду моҳи миёнии зимистонро, ҳамон дай ва баҳманро бисёр сахт ва давраи неруманд гаштани Аҳриман медонистанд ва барои поён ёфтани ин ду моҳ ниёишҳои вижае баргузор мекарданд. Аз шаби чилла, ки Чиллаи бузург низ номида мешавад ва дар он Меҳр барои мубориза бо Аҳриман дубора зода шуда буд, то шаби даҳуми Баҳманмоҳ, ки ҷашни Сада ва Чиллаи хурд номида мешавад, баробар 40 рӯз аст; ва ба сабаби ин ки оташ (мазҳари гармӣ ва нуру зиндагӣ) дар рӯзи Сада кашф шуда буд ва василаи дигаре барои мубориза бо Аҳриман ва бинобар ойин боиси рушноии шаб монанди рӯз шуд, аз шаби чиллаи хурдак то аввали Исфанд бист рӯз ва бист шаб (ҷамъ 40 шабу рӯз) аст. Яке аз нишонаҳои пайванди ин ду падида маросиме аст, ки дар байни ашоир (қабилаҳои кӯчманчӣ)-и Сирҷон ва Бофти Эрон баргузор мешавад: Шаби 10 Баҳман оташи бузурге ба номи оташи ҷашни Сада бо 40 шоха аз дарахтони ҳарс шуда, ки нишони 40 рӯзи «Чиллаи бузург» аст, дар майдони деҳ бармеафрӯзанд ва мехонанд: «Сада сада деҳқонӣ, Чиҳил кунда сӯзонӣ, Ҳанӯз гӯӣ зимистонӣ» ва бархе гуфтаанд, ки ин ном ба муносибати сад рӯзи пеш аз ба даст омадани маҳсул ва анвои ғаллот аст. Меҳрдоди Баҳор дар китоби «Пажуҳише дар фарҳанги Эрон» ва Ризо Муродӣ Ғиёсободӣ дар китоби «Наврӯзнома» бар ин боваранд, ки Сада дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулуъ кардан аст ва иртиботе бо адади сад надорад. Адади сад ба шакли сад бо ҳарфи «сод» муарраб шудааст, дар ҳоле ки вожаи «Сада» ба шакли «Сазақ» (бо ҳарфи «син») муарраб шудааст.
  Агар нахустин рӯзи зимистонро (рӯзи пас аз Шаби Ялдо) таваллуди дигаре барои хуршед ё Меҳр бидонем, метавон онро ҳамоҳанг бо ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чилумин рӯзи таваллуд ойини куҳан ва зиндаи эронӣ донист. (Дар ҳама ё аксари сарзаминҳои ориёинишин баргузории маросими ҷашни даҳум ва чилуми кӯдак дида мешавад). Ва ин вожаи «Sada» (исми муаннас), ки ба маънои пайдоӣ ва ошкор шудан аст, дар Эрони Бостон sadok ва дар форсии миёна sadag буда ва вожаи арабии «сазақ» ва «навсазақ» (муарраби навсада) аз он омадааст. Ривоятҳое, ки ҷашни Садаро ба сад рӯз гузаштан аз зимистон ё 50 шабу 50 рӯз монда ба Наврӯз таъбир мекунанд, ҳамагӣ аз сохтаҳои ҷадидтар аст ва дар мутуни қадимӣ наёмадаанд. Гоҳо ба маънии маҷозӣ Садаро ифодагари оташ низ ҳисобидаанд.
  Аз устураҳои ҷашни Сада танҳо яке ба пайдоиши оташ ишора дорад. Фирдавсӣ мегӯяд: «Ҳушанг, подшоҳи пешдодӣ, ки шеваи киштукор, кандани корез, коштани дарахт…ро ба ӯ нисбат медиҳанд, рӯзе ба доманаи кӯҳ море дид ва санг баргирифт ва ба сӯи мор андохт ва мор фирор кард. Аммо аз бархурди сангҳо ҷарақае зад ва оташ падидор шуд». Ҳам дар китоби «ат-Тафҳим» ва ҳам «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон аз падид омадани оташ сухане нест, балки онро афрӯхтани оташ бар бомҳо медонад, ки ба дастури Фаридун анҷом гирифт ва дар «Наврӯзнома» омадааст, ки: «Афредун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок баргирифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».
Достони падид омадани оташ ва бунёд ниҳодани ҷашни Сада дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бад-ин гуна омадааст:
Баромад ба санги гарон санг хӯрд,
Ҳам ону ҳам ин санг гардид хурд.
Фурӯғе падид омад аз  харду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,
Ниёиш  ҳамекарду хонд офарин,
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ онгоҳ қибла ниҳод.
Яке ҷашн кард он шабу бода хв(а)рд,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
  Ба навиштаи муаррихоне чун Берунӣ, Байҳақӣ, Гардезӣ ҷашни Сада яке аз се ҷашни бузурги эрониён аст, ки дар даврони исломӣ то охирҳои даврони Хоразмшоҳиён ва ҳамлаи муғул давом овард ва ҳам салотину амирон ва ҳам мардуми оддӣ ин ҷашнро ба пой медоштанд. Машҳуртарин ва бузургтарин ҷашни Сада дар замони Мардовиҷ дар соли 323 ҳ. дар Исфаҳон баргузор шудааст ва чунон ки дар «Таърихи Байҳақӣ» омадааст, ҷашни Садаи дигаре, ки ба ёди мардум монда, ҷашнест, ки дар замони Султон Масъуди Ғазнавӣ дар соли 430 ҳ. баргузор шуд. Ба ҳар ҳол, мондагории Сада дар фарҳанги эронӣ аз ақвоми гуногуни эронӣ вобастагӣ доштааст. Кирмон дар 80 соли гузашта маҳди баргузории Сада будааст ва ҳамасола бошукуҳтарин ҷашни Сада низ дар он ҷо тавассути ҳама мардум баргузор мешавад. Онро садасӯзӣ низ мегӯянд. Хокистари оташи ҷашни Садаро бар заминҳояшон мепошиданд ва эътиқод доштанд, ки он баракат дорад.
  Ин ҷашн баёдоварандаи аҳамияти нур, оташ ва нерӯ аст, нуре, ки аз Худованди худост ва аз Худованди худо ҳам нест, чунон ки аз китобҳо ва асноди торихӣ бармеояд, ҷашни Сада ҷанбаи динӣ надошта ва тамоми достонҳои марбут ба он ғайридинӣ аст ва бештар ҷашни куҳан ва миллӣ ба шумор меояд ва вориси ҳуқуқии ҷашни Сада натанҳо эрониён ва ориёиҳо, балки меросест, ки ба бисёре аз кишварҳои ҳамсояи ориёӣ ва ғайриориёӣ низ роҳ ёфт. Имрӯза ин ҷашн байни бисёре аз зардуштиёни Эрон ва хориҷ аз Эрон низ ривоҷи густурда дорад.
  Ин ҷашн наздики ғуруби офтоб бо оташафрӯзӣ оғоз мешуд. Бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардумон аз пагоҳ бар боми хонаҳои худ ё бар баландии кӯҳистон гирд овардаанд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишороти торихӣ ин ҷашн ҳамеша ба шакли дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамоии ҳама мардумони шаҳр ва маҳаллаву русто дар якҷо ва бо барпоии як оташи бузург баргузор мешудааст. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар ҳамроҳӣ мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Дар гирди оташи бузург ҷамъ омадан ва сурудхониву рақсидан, шодмонӣ кардан аз вижагии ин ҷашн аст. Маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он низ дар гузаштаҳо маъмул будааст. Гузаштагони мо эътиқод доштанд, оташ хусусияти поксозӣ дорад ва нопокию ифлосиҳоро тоза мекунад. Ҳамин расм дар миёни масеҳиён, бавижа русҳо, ҳангоми баргузории ҷашни «масленнитса», ки моҳиятан бо Сада решаи ягона дорад, маъмул аст.
Роҷеъ ба Ҷашни Сада дар асрҳои миёна ва баъзе унсурҳои он дар Осиёи Марказӣ, дар шаҳрҳои бостонӣ ва ноҳияҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳаққиқон Н.А. Кисляков ва И.С. Брагинский маълумот додаанд.
  Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва профессори ДМТ Равшан Раҳмонӣ дар мақолаи худ «Ҷашни Сада – баракати истиқлолият» ин ҷашнро пеш аз ҳама ба гардиш ва аҳамияти Хуршед рабт дода, чунин мегӯянд: «Донишманди машҳури англис Ҷеймс Ҷорҷ Фрэзер (1854-1941) дар бахшҳои ҷудогонаи яке аз китобҳои машҳури худ таҳти унвони «Шохаи тиллоӣ» ба таври муфассал дар бораи эҳтироми мардум ба оташ ва ҷашни оташ дар кишварҳои аврупоӣ ва дигар мамлакатҳо сухан мегӯяд. Дар баробари ин чи гуна бо рӯзгори мардум пайванд будани оташро шарҳ дода, ҷойгоҳи муҳим доштани онро дар ҳаёти моддию маънавии одамон равшан менамояд. Зимнан чун намоди ҷашнӣ ба кор рафтани оташро низ таъкид намуда, ишорат бар он менамояд, ки Оташ ин як навъ инъикоси рамзии Хуршед аз ҷониби одамон дар рӯи замин аст (Фрэзер Дж. Золотая ветвь. Т.2. М., 2001, с.312-378)... Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад». Бо диду назари тоза ва нигоҳ доштани анъанаҳои муҳими ин ҷашн таҷлил намудани он талаботи замон мебошад. Бигзор ҷашни Сада рамзи нуру рӯшноӣ, гармиву меҳру самимият, оғози зиндашавии табиат ва дилгармӣ ба зиндагӣ бошад! Ҷашни Сада хуҷаста бод!
 
ВИРКАНИ МУЗАФФАР АБДУЛЛО,
ходими калони илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia