casino malaysia
casino malaysia
Умумияти ҷашни Cада бо дигар ҷашнҳои шабеҳи Ориёӣ

wrapper

  Тарзи зист, анъанаву маросим ва урфу одат, баргузории иду ҷашнҳои мардуми як нажод, минтақа ё ҳавза, ҳамсоягон ва атрофиёни онҳо ба ҳам наздик, шабеҳи ҳамдигар буда, метавонанд аз ягонагии решаҳо ё таъсирпазирӣ аз ҳамдигар дарак диҳанд, бахусус, агар ин шабоҳату қаробат ва якрангиву умумият миёни намояндагони миллатҳое бошад, ки таърихан муштаракоти нажодӣ доранд. Мисоли равшани ин гуфтаҳоро мо метавонем дар муқоисаи ҷашни Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои ориёӣ, ки дар оғози шомгоҳи даҳуми баҳманмоҳ, яъне рӯзи Обон аз моҳи Баҳман (30 январ – 2 феврал) баргузор мешавад бо ҷашнҳои ба он наздику монанд, чӣ аз ҷиҳати маънову муҳтаво ва чӣ аз рӯи мувофиқати таърих ва санаи таҷлили онҳо мушоҳида кунем. Ҷашни Садаро метавон нахустин муждаи Наврӯз ва баҳор ҳисобид. Ҷашни Сада бо ҳодисаи кайҳонӣ ва идомаи мантиқии он дар анъанаҳову асотири мардуми ориёӣ иртибот дорад.
  Маълум аст, ки баъзе донишмандон маънои номи Садаро гирифташуда аз сад медонанд. Абурайҳони Берунӣ менависад: «Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс – падари нахустин – дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд ва низ омада: «Шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид»». Назари дигар ин аст, ки Садаи маъруф садумин рӯзи зимистон мебошад. Аз ибтидои зимистон (аввали Обонмоҳ) то 10 Баҳман, ки ҷашни Сада аст, сад рӯз ва аз 10 Баҳман то Наврӯз ва аввали баҳор 50 рӯз ва 50 шаб будааст; ва ба сабаби ин ки аз ин рӯз ба баъд инсон ба оташ даст пайдо кардааст, шаб ҳам монанди рӯз равшану гарм ва зинда аст, шабҳо ҳам шуморида мешаванд.
  Яке дигар аз далоили гиромидошти ин шаб ин аст, ки ориёиҳо ду моҳи миёнии зимистонро, ҳамон дай ва баҳманро бисёр сахт ва давраи неруманд гаштани Аҳриман медонистанд ва барои поён ёфтани ин ду моҳ ниёишҳои вижае баргузор мекарданд. Аз шаби чилла, ки Чиллаи бузург низ номида мешавад ва дар он мувофиқи устура ва боварҳои меҳрпарастӣ (митраизм) Меҳр барои мубориза бо Аҳриман дубора зода шуда буд, то шаби даҳуми Баҳманмоҳ, ки ҷашни Сада ва Чиллаи хурд номида мешавад, баробар 40 рӯз аст; ва ба сабаби ин ки оташ (мазҳари гармӣ ва нуру зиндагӣ) дар рӯзи Сада кашф шуда буд ва василаи дигаре барои мубориза бо Аҳриман ва бинобар ойин боиси рушноии шаб монанди рӯз шуд, аз шаби чиллаи хурдак то аввали Исфанд бист рӯз ва бист шаб (ҷамъ 40 шабу рӯз) аст. Яке аз нишонаҳои пайванди ин ду падида маросиме аст, ки дар байни ашоир (қабилаҳои кӯчманчӣ)-и Сирҷон ва Бофти Эрон баргузор мешавад: Шаби 10 Баҳман оташи бузурге ба номи оташи ҷашни Сада бо 40 шоха аз дарахтони ҳарс шуда, ки нишони 40 рӯзи «Чиллаи бузург» аст, дар майдони деҳ бармеафрӯзанд ва мехонанд: «Сада сада деҳқонӣ, Чиҳил кунда сӯзонӣ, Ҳанӯз гӯӣ зимистонӣ» ва бархе гуфтаанд, ки ин ном ба муносибати сад рӯзи пеш аз ба даст омадани маҳсул ва анвои ғаллот аст. Меҳрдоди Баҳор дар китоби «Пажуҳише дар фарҳанги Эрон» ва Ризо Муродӣ Ғиёсободӣ дар китоби «Наврӯзнома» бар ин боваранд, ки Сада дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулуъ кардан аст ва иртиботе бо адади сад надорад. Адади сад ба шакли сад бо ҳарфи «сод» муарраб шудааст, дар ҳоле ки вожаи «Сада» ба шакли «Сазақ» (бо ҳарфи «син») муарраб шудааст.
Агар нахустин рӯзи зимистонро (рӯзи пас аз Шаби Ялдо) таваллуди дигаре барои хуршед ё Меҳр бидонем, метавон онро ҳамоҳанг бо ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чилумин рӯзи таваллуд ойини куҳан ва зиндаи эронӣ донист. (Дар ҳама ё аксари сарзаминҳои ориёинишин баргузории маросими ҷашни даҳум ва чилуми кӯдак дида мешавад). Ва ин вожаи «Sada» (исми муаннас), ки ба маънои пайдоӣ ва ошкор шудан аст, дар Эрони Бостон sadok ва дар форсии миёна sadag буда ва вожаи арабии «сазақ» ва «навсазақ» (муарраби навсада) аз он омадааст. Ривоятҳое, ки ҷашни Садаро ба сад рӯз гузаштан аз зимистон ё 50 шабу 50 рӯз монда ба Наврӯз таъбир мекунанд, ҳамагӣ аз сохтаҳои ҷадидтар аст ва дар мутуни қадимӣ наёмадаанд. Гоҳо ба маънии маҷозӣ Садаро ифодагари оташ низ ҳисобидаанд.
  Аз устураҳои ҷашни Сада танҳо яке ба пайдоиши оташ ишора дорад. Фирдавсӣ мегӯяд: «Ҳушанг, подшоҳи пешдодӣ, ки шеваи киштукор, кандани корез, коштани дарахт…ро ба ӯ нисбат медиҳанд, рӯзе ба доманаи кӯҳ море дид ва санг баргирифт ва ба сӯи мор андохт ва мор фирор кард. Аммо аз бархурди сангҳо ҷарақае зад ва оташ падидор шуд». Ҳам дар китоби «ат-Тафҳим» ва ҳам «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон аз падид омадани оташ сухане нест, балки онро афрӯхтани оташ бар бомҳо медонад, ки ба дастури Фаридун анҷом гирифт ва дар «Наврӯзнома» омадааст, ки: «Афредун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок баргирифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».
Достони падид омадани оташ ва бунёд ниҳодани ҷашни Сада дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бад-ин гуна омадааст:
Баромад ба санги гарон санг хӯрд,
Ҳам ону ҳам ин санг гардид хурд.
Фурӯғе падид омад аз  ҳарду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,
Ниёиш  ҳамекарду хонд офарин,
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ онгоҳ қибла ниҳод.
Яке ҷашн кард он шабу бода хв(а)рд,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
  Ин ҷашн баёдоварандаи аҳамияти нур, оташ ва нерӯ аст. Ҷашни Сада ҷанбаи динӣ надошта ва тамоми достонҳои марбут ба он ғайридинӣ аст ва бештар ҷашни куҳан ва миллӣ ба шумор меояд ва вориси ҳуқуқии ҷашни Сада натанҳо эрониён ва ориёиҳо, балки меросест, ки ба бисёре аз кишварҳои ҳамсояи ориёӣ ва ғайриориёӣ низ роҳ ёфт.
Ин ҷашн наздики ғуруби офтоб бо оташафрӯзӣ оғоз мешуд. Маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он низ дар гузаштаҳо маъмул будааст. Гузаштагони мо эътиқод доштанд, оташ хусусияти поксозӣ дорад ва нопокию ифлосиҳоро тоза мекунад.   Ҳамин расм ва дигар маросими шабеҳи дар боло ҳангоми баргузории ҷашни Сада зикргардида миёни мардуми славян дар баргузории ҷашни «Громнитса» ва тавассути онҳо минбаъд дар дини масеҳӣ, дар баргузории ҷашну идҳои «сретенйе» ва «масленнитса», ки моҳиятан бо Сада решаи ягона доранд, маъмул аст.
  Ҳоло умумият ва шабоҳати онҳоро бо ҷашни Сада бо овардани намунаҳое аз моҳият ва маросими баргузории онҳо нишон хоҳем дод:
  Иди русӣ ва умумиславянии Громнитса – 40 рӯзагии офтоби навзод –Дажбог. Громнитса ё худ Перунйеи зимистонӣ 1 лютен (1 ё 2 феврал) ҷашн гирифта мешавад. Он ба зани Перун – яке аз худоҳои давраи томасеҳияти русҳо Додоле-Маланйитса (Тундар) – олиҳаи раъду барқ ва ғизодиҳии кӯдакон бахшида мешавад. Аз рӯи боварҳои халқии русӣ ин рӯзи идӣ ягона рӯз дар зимистон аст, ки раъд ғурриш мекунад, барқ равшанӣ медиҳад ва Перуни молики раъд ба мубориза бо қувваҳои зимистон ва сардӣ оғоз менамояд. Бинобар ин сербҳо онро «Свjетло» меноманд. Келтҳо чунин идро Имболк («розигӣ») меномиданд ва он ба Бригите – ёвари занон ҳангоми таваллуд бахшида мешуд.
Гуфта мешавад, ки анъанаи Громнитса ба асоси муносибати русҳои қадимӣ ба раванди таваллуди кӯдак ташаккул ёфтааст: серӯзагӣ, аз серӯзагӣ то нуҳрӯзагӣ ва чилла. Муҳлати чилла ҳатто ба ақидаи тибби муосир низ марҳилаи муҳим аст. Доя ё Доула-Додола муддати 40 рӯз модар ва кӯдакро хабар мегирифт. Барои модар ва тифли навзод ҳамаи шароит, гармӣ, оромиш, ғизои хуб ва ғ.-ро фароҳам оварда, онҳоро аз чашми ғайр дур нигоҳ медоштанд. Хешовандону ҳамсоягон барои онҳо туҳфаҳо оварда, муҳаббату хурсандии худро ба онҳо изҳор мекарданд. Моҳияти иди Громнитса низ дар он аст, ки дар қиёми зимистонии офтоб (22 декабр) он Офтоби нав (кӯдак) таваллуд мешавад. Баъди 3 рӯз (24 декабр) иди Карачун – кутоҳ, «бистарӣ», баъди 9 рӯз (1 январ) иди Офтоби нав (соли нав, яъне худои нав) таҷлил мегардад. Баъди 40 рӯз бошад, яъне 1 феврал «чиллагурезон» - Громнитса қайд карда мешавад. Гӯиё ки дар ин рӯз зани Перун Громнитса аз душвориҳои пасазтаваллуд раҳоӣ меёбад.
  Ва ниҳоят, бояд гуфт, ки масеҳият ин анъанаи русӣ ва умумиориёиро сарозер гардонидааст ва имрӯзҳо чунин муносибатҳоро бештар аз навзодон ба фавтидагон лоиқ медонанд. Таваҷҷуҳ ҳатто дар муносибат бо модари таваллуд намуда дигар шудааст ва меҳмонон ба ӯ барои ёрӣ намешитобанд, балки кӯшиш мекунанд зудтар кӯдакро бинанд (Офтоб ё Масеҳ)-ро ва ин ном гирифтааст сретенйе.
  Сретенье рӯзи тақвими мардумии славянҳост, ки ба 2 (15) феврал рост меояд. Дар тақвими масеҳӣ Сретенйе мулоқот, дидорбинӣ, рӯбарӯшавии Исои Масеҳи навзод дар маъбади Байтулмуқаддас бо Симеон ва Аннаи набиро ифода мекунад. Дар тақвими халқӣ ин ид аз рӯи маънои номаш марз ё сарҳади мавсимӣ ҳисобида мешуд: славянҳои шарқӣ ва ғарбӣ маъмулан миёнаи зимистон ё мулоқоти аввалин бо баҳор, славянҳои ҷанубӣ бошанд, сарҳади зимистон ва баҳорро ҷашн мегирифтанд. Славянҳои католик ва униат ин идро бо ҳамон номи пешинааш Громнитса меноманд ва дар ин рӯз шамъҳои аз мум омодакардашударо, ки дурсозандаи балову офатҳои раъду барқ медонистанд, дар маъбад тақдис мекарданд. Ин ид дар миёни халқҳои гуногуни славянӣ бо вожаҳои ба ҳам наздик, ҳамреша номгузорӣ шудааст: русии Стретенйе, Сустретьев день, Зимобор, Пресвятая Мария Громница, Сретенье Богородицы; белорусии Грамніцы, Грамнічнік, Стрэчанне, Устрэціньне; булғории Зимна Богородица, Миши празник; сербии Сретен и Обретен, Средозимци; хорватии Svitlomarinje, Svecna Marije, Svijećnica; словении Svečnica; полякии Gromnice, święto Matki Bożej Gromnicznej, święto Ofiarowania Pańskiego, Matka Boska Niedźwiedzia; словакии Obetovanie Pána; чехии Hromnice, Svátek sviček.
  Ҳоло маросими ин илҳоро дар байни халқҳои гуногуни славянӣ мухтасар баррасӣ менамоем: Кӯдакони рус бегоҳ, пеш аз фарорасии торикӣ ба баландие баромада бори аввал бо садои нарм ба офтоб муроҷиат мекунанд: «Офтобаки ҳавои соф, сурхранг, аз кӯҳ ба мо нигоҳ кун. Офтобаки соф, баҳори зеборо дидӣ? Хоҳари худ баҳорро вохурдӣ? Аҷузакампири зимистонро дидӣ?». Белоруссҳо мегӯянд: дар Сретенйе зимистон бо баҳор вомехурад ва ин вохӯрӣ чигунае, ки бошад, баҳор ҳамон гуна хоҳад буд. Барои ин рӯз деҳқонони белорус шамъҳои бузурги нимметрӣ омода мекарданд, ки громнитса ном доштанд. Чехҳо низ анъанаи тақдис кардани шамъ дар калисоро риоя мекунанд ва онро svátek sviček мегӯянд. Аз номҳои ҳамрешае, ки дар боло зикр карда будем ин ном ба андешаи мо бештар ба номи Сада шабоҳат дорад ва шояд Сада ҳамон svátek аст.
  Мухтасари маросимеро, ки дар байни ин халқҳо ҳангоми баргузории Громнитса ё Сретенйе ба назар мерасанд ва бештар шабоҳат бо маросими Сада доранд номбар карда, ба хулосае меоем, ки воқеан ин ҷашну идҳо решаи ягонаи умумиориёӣ доранд ва пайванди ногусастаниашон бо муҳити зист, ҳодисаҳои кайҳонӣ, оташу гармӣ ва рӯшноӣ, Офтоб, бедор ва зиндашавии табиат нишонаи аслист. Зиёда аз ин, чун ин гуна ҷашну идҳо ҷанбаи созанда, мусбӣ ва нерӯи ҳаётбахш доранд, дар дили мардум ҷой гирифта, ба фарҳангу тамаддунҳо ва дину ойинҳои минбаъда низ таъсир гузошта, бо андаке иваз кардани шакл ва моҳият то имрӯз зинда мондаанд. Чунин ҷашну идҳои ба ҳам шабеҳ бо номҳои гуногун дар тамоми Аврупо ба мушоҳида мерасанд, ба монанди Громнитса, Рӯзи Бригитта, Имболк, Луперкалия, Кандола, Кендлмас ва ғ.-ҳо, вале моҳияти ҳамаашон ягона аст – парастиши офтоб. Ин иду маросим бори дигар тасдиқ менамоянд, ки ваҳдати ҳиндуаврупоӣ доранд ва аҷдодони мо (ирониён, славянҳо, балтовҳо, германиҳо, келтҳо, ҳиндуҳо ва ғ.) аз як нажоди ягона ба вуҷуд омадаанд.
 
Адабиёти истифодашуда:
  1. Баранова О. Г., Зимина Т. А., Мадлевская Е. Л. и др. Русский праздник. Праздники и обряды народного земледельческого календаря. Иллюстрированная энциклопедия / Науч. ред. И. И. Шангина. — СПб.: Искусство-СПБ, 2001. — 668 с. — (История в зеркале быта).
  2. Берунӣ Абурайҳон. Осор-ул-боқия. –Душанбе: «Ирфон», 1990.
  3. Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Ҷҷ.1-9 –Душанбе: «Ирфон», 1989-93.
  4. Википедия:https://ru.wikipedia.org/wiki/Сретенье_(в_славянской_традиции)
  5. http://www.prezidentpress.ru/news/2743-russkiy-prazdnik-gromnica-40-dney-novorozhdennomu-solncu-dazhbogu.html
  6. Энциклопедия обрядов и обычаев/ Составители: Л. И. Брудная, З. М. Гуревич, О. Л. Дмитриева. — СПб.: Респекс, 1996. — 560 с.
 
ВИРКАНИ МУЗАФФАР АБДУЛЛО,
ходими калони илмии
Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia