casino malaysia
casino malaysia
Сада ҷашни мулуки номдор аст

wrapper

  «… барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад».
  Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустҷашни иди Меҳргон
  Бо шарофати истиқлолият ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик дар мақоми аввал гузошта шуд. Бо таълифи асарҳои бисёрҷилдаи муҳими хусусияти ватандӯстонадошта, аз қабили «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои зиёди илмӣ-таърихӣ, Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад. Фарзандони баномусу бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон дар оинаи таърих сабт гардида, офаридаҳояшон барои башарият хидмат намудаанд. Дар баробари ин, Сарвари давлат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил донистааст. Аз ин рӯ, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрӯза дуруст аз бар намуда, ба он сидқан арҷ гузоранд.
Дар заминаи ҳамин ишораҳои меҳандӯстона омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносиву мардумшиносӣ дар ҷумҳуриямон аз нигоҳи нав оғоз гардида, тайи се даҳсола натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Махсусан, ҷиҳати шинохти миллати тоҷик, таърихи ниҳоят қадимаи он як қатор таълифоти илмӣ арзи ҳастӣ карданд, ки онҳо барои таҳаввули тафаккури ҷомеа ва омӯзиши осори гузашта мусоидат намуданд. Ҳамин боис шуд, ки дар ин давра мардуми тоҷик ба омӯзиши таърихи халқи худ ва давраҳои ташаккули он майли бештар пайдо намуда, эҳсосу муҳаббаташон нисбат ба ин марзу бум ва мероси гаронбаҳои халқ бештар гардад.
Баъди расидан ба истиқлолият ва озодӣ дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеи онҳо манъ гардида, қисми дигар ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданд. Ҳатто таърихи халқи тоҷик мукаммал омӯхта намешуд, қисми зиёди одамон дар бораи қавму қабилаҳои ориёӣ, шоҳони пешин, давраҳои тиллоии давлати тоҷикон, муборизаҳои фидокоронаи фарзандони ин кишвари номвар ба муқобили аҷнабиён ва даҳҳо ҳодисаву рӯйдодҳои
дигари гузашта маълумот надоштанд.
Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврӯз, Меҳргон ва Сада хоса мебошад. 
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад. Он дар оғози шомгоҳи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Ин рӯзро Обонрӯз низ мегӯянд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Хуршед истиқбол гирифта мешуд.
Бино ба тадқиқоти олимони мардумшинос ва мутахассисони фолклор таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин маълумот дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта, тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф, ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ буда, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он «ҷашни Сада» дар миёни мардум густариш пайдо кард.
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан он аз шумораи сад гирифта шудааст, яъне аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабонрӯзро ташкил менамуд. (“Китоб-ут-тафҳим”, 1973, с.145).
Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти ҷовидонагии Хуршедро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд. 
Тавре ки ёдовар шудем, ҷашни Сада ин вобаста ба Хуршед аст. Барои дуруст баён намудани матлаб ба як нуқтаи дигар равшанӣ бояд андохт. Ин он аст, ки баъзеҳо Хуршед ва Меҳрро яке медонанд, ки ин тавр ҳам нест. Меҳр ё Митро (ба авестоӣ «Мисра», паҳлавӣ «Митр») маънои зиёд дорад. Аз ҷумла, аҳд, паймон, муҳаббат, Хуршед, ҳафтумин моҳи сол, рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳи шамсӣ ва ғ.. Меҳр фариштаи аҳду мисоқу фурӯғ дар Эрони Бостон буд ва ӯро фариштаи меҳру дӯстию аҳду паймон ва мазҳари фурӯғу рӯшноӣ мепиндоштанд. Ба ақидаи Ёҳақӣ «Меҳр эзадест, дорои ҳазор чашм ва ду ҳазор гӯш ва даҳ ҳазор посбон…» (Ниг.: Ёҳақӣ М. Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ / Таҳия ва шарҳу тавзеҳот ва талҳиқоти Р.Ваҳҳоб. Душанбе, 2014, с.319).
Дар солҳои охир пажӯҳандагон бидуни андеша шаби ялдоро (шаби чилларо, 21-22 декабр), ки дарозтарин шаб аст, таваллуди Меҳр медонанд. Чуноне аз сарчашмаҳо маълум аст, Меҳр маъниҳои зиёд дорад. Пас фаромӯш набояд кард, ки шаби чилла ё ялдо ин таваллуди фақат Хуршеди воқеӣ аст. Калиди дақиқ намудани ҷашни Сада низ дар ҳамин ҷост. Яъне, шаби ялдо ин шаби таваллуди Хуршед аст, на Меҳр. Ба гуфтаи Меҳрдоди Баҳор ҷашни Сада ин чиллаи Хуршед аст. М. Баҳор дар ин бора гуфтааст: «Ҷашни Садаро нигоҳ кунед, ки дар даҳуми баҳман (29-30 январ) аст. Хуршед бино ба эътиқодоти куҳан шаби дайҷури (торики) ваҳшатнок поёни озармоҳ ва аввали дай (21-22 декабр), байни поиз ва зимистон, баландтарин шаби сол аст, ки ин шаби тавлид шудани Хуршед аст. Дар ин дарозтарин шаб, Хуршед саранҷом зода мешавад. Хуршеде, ки дар поёни поиз мурда буд, дар зимистон бача аст, дар баҳор навҷавон аст, дар авҷи тобистон дар авҷи қудрат аст. Дар поиз пир мешавад, дар поёни поиз мемирад ва Хуршеде, ки дубора аз аввали дай меояд, як Хуршеди тоза аст, як навзод аст…» (Баҳор М. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1381, с.304).
Чуноне маълум мегардад, таърихи пайдоиши ҷашни Сада марбут ба замони пеш аз ориёиҳо буда, ин ҷашн тибқи устураҳо, дар замони шоҳони асотирии пешдодиён, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола доранд, баргузор мешудааст. Мисоли барҷастаи ин ҳамон устураи «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада» аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ аст. Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди ихтирои оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истихроҷи филиззот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, алайҳи аҳриманзодаҳову деву дадҳо аслиҳа сохт. Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин менигорад:
Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳ он гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Тавре ки ишорат гардид, доир ба таърихи ҷашни Сада Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» бо баёни устураи ҷолиби даврони Пешдодиён, қадимияти онро тасдиқ кардааст ва арзиши онро барои мардуми эронитабор муҳим донистааст. Шоир устураи Ҳушангро ба достони худ ворид карда, ба он ҷанбаи таърихию бадеӣ бахшидааст ва марбути замони бостон будани ин ҷашн ишора кардааст (ниг.: Фирдавсӣ 1987, с.53-54).
Устурае, ки Фирдавсӣ ба назм дароварда, дар қисми аввали достони худ ба он оҳанги таърихию бадеӣ бахшидааст, аз қадимияти ин ҷашни ниёгон хабар медиҳад. Аз рӯи ишораҳои дигари Ҳаким Фирдавсӣ, ҷашни Сада дар замони шоир маълум буда, мардум барои баргузории он интизорӣ мекашиданд ва онро таҷлил менамуданд.
Абурайҳони Берунӣ дар “Китоб-ут-тафҳим” ҷашни Садаро рамзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок шумурда, фарорасии адолату осоишро дар мамлакат ба оташафрӯзии оини Сада нисбат медиҳад. Ҳамин тариқ, пазироии ҷашни Садаро ба шоҳони пешдодӣ Ҳушангу Фаридун нисбат дода, онро бо шукӯҳу шаҳомоти хоса зимни афрӯхтани гулхан ва дар гирди он рақсу бозӣ намудан пешвоз мегирифтанд.
Ба андешаи мо, дар ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷаммӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти падидаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии зич доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди нерӯҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассиранд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Ин  аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст» (Эмомалӣ Раҳмонов, «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», 2006, с.263).
Аз ин ишораҳо маълум мешавад, ки дар хотираи фарҳанги халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дорад ва месазад, ки он дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил карда шавад. 
Метавон ёдовар шуд, ки имрӯзҳо дар кишварҳои гуногуни олам, дар он шаҳрҳое, ки тоҷикон ва форсизабонон, курдҳо, паштунҳо, баллуҷҳо ва дигар мардуми эронитабор зиндагонӣ менамоянд, Садаро ҷашн мегиранд. Дар тарабхонаҳо ба ифтихори ҷашни Сада базми ҷамшедӣ барпо менамоянд. Вобаста ба ин, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили ҷашни Меҳргон таъкид намуда буданд, ки: «Ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад».
Ҳоло аз баракати Истиқлолияти кишвари азизамон ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун ҳамон шукӯҳи бостонии онро бояд барқарор кард. Чун оини қадимӣ баробари фурӯ рафтани офтоб гулхани азиме афрӯхта шавад. Дар гирди ин гулхан корвони шодмонии Сада барпо шавад. Доирадастон, сурнайнавозон, карнайнавозон, ҳунармандон, масхарабозон, дорбозон, аскиячиҳо, раққосон, аспакбозҳо, паҳлавонон, ҳар касе, ки ҳунаре барои намоиш додан дорад, ҳамроҳ гардад.
Воқен имрӯз дар кишварамон таҷлили ҷашни Сада бо шукӯҳи ҳоса баргузор мегардад, дар ин ҷашн низ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, либосҳои миллии зимистонӣ, намоиши расму оинҳои мардумӣ, рақсу сурудҳо ба маърази тамошо гузошта мешавад. Бо ҳамин шодмонию хурсандӣ зимистони сарди афсунгарро гусел намуда, барои бештар ҷаҳонро мунаввар намудани Хуршеди баҳорофар мадад менамоем. Дар гирди ҷашни Сада арӯсакҳое чун рамзи Хуршеди тобон давр зада, рамзи бобои деҳқон, ки интизори баҳору Наврӯз аст, намоиш дода мешавад. Ҳангоми ҷашни Сада ҳамчун рамзи зимистони сарду ҷодугар тимсоли пиразани аҷуза сохта, бо чеҳраи масхараомези хандадор барои тамошобинон пешкаш мегардад. Албатта Садаро бояд тавре пешвоз гирифт, ки мардум гӯё ҳама ба истиқболи Хуршеди оламтоб мераванд. Тибқи суннати ниёгон даст ба сӯи Хуршед бурда, ниёиш карда, дар ин рӯзҳои сарди ҷодуовар, аз ин оташи гарми Наврӯзовар барои беҳбуд шудани рӯзгори ояндаи бахтовар мададгор шаванд.
Умед дорем, ки ҷашни Сада низ ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки мададгори кишоварзон гардида, барои рушди боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмӯъ, ободкорӣ мусоидат менамояд ва минбаъд боз ҳам густариш меёбад. Дар ҳақиқат, ҷашни Сада, ба мисли ҷашни Меҳргону Наврӯз ҷашни кишоварзон мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ менамоянд ва маросимҳои онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ месозанд.
Хуб аст, ки имрӯз суннатҳои ин ҷашн ба таври васеъ омӯхта шуда, таҷлили он дар саросари мамлакат ба ҳукми анъана медарояд ва тамоми сокинони кишвар онро дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки боз ҳам ҳувияти миллӣ қавитар гардад ва насли имрӯза аз анъанаҳои ниёгони худ бештар бархӯрдор шаванд.
Ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни Сада – ҷашни Хуршед муборак бошад!

 

 

Саидзода М.Ё.,

ходими хурди илмии
Шуъбаи ҳуқуқи давлатии
Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia