casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Баъзе андешаҳо оид ба мафҳум ва масоили «фарҳанги бегона»

   Ҷаҳони имрӯзаро бо равандҳои махсус ва муосир аз ҷараёнҳои таърихи гузашта фарқ бояд кард. Ин фарқият дар он низ эҳсос мегардад, ки ҷаҳонишавӣ имрӯз яке аз истилоҳи маъмултарин гашта, дар баробари ин, кулли муҳаққиқони дунё онро таҳлил менамоянд. Ҷаҳонишавӣ тибқи адабиёти мавҷуда як раванди куллӣ (универсалӣ) буда, як гурӯҳи муҳаққиқон онро бо барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста менамоянд. Ҷаҳонишавӣ махсусан дар адабиёти геополитикӣ ба таври васеъ мавриди баҳс буда, масалан, Френсис Фукуяма оид ба масоили рушди муосири ҷаҳон назарияи «Хатми таърих»-ро пешниҳод намудааст[3,71]. Тибқи ин назария, бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ   заминаи рушди таърихӣ аз байн рафта, ҷаҳони муосир ба як самт ва бо ҳадафҳои ягона ташаккул меёбад. Рушди таърихӣ, ба андешаи ин мутафаккир, дар ҳолате вуҷуд дорад, ки кишварҳо бо роҳу мақсадҳои гуногун ва баъзан ба самти бо ҳам зидд ҳаракат мекунанд. Лагери сотсиалистӣ ва лагери сармоядорӣ маҳз ҳамин гуна ҳадафҳое буданд, ки заминаи рушди таърихӣ буданд. Муҳаққиқ ба хулосае меояд, ки аз роҳи тарақиёти сотсиалистӣ даст кашидани Иттиҳоди Шӯравӣ заминаи гаравидани кулли дунё ба роҳи ягонаи  магистралӣ аст. Аз ин сабаб мо акнун метавонем ба сӯи таъсиси Ҳукумати ягонаи ҷаҳонӣ ҳаракат кунем. Маълум аст, ки Ҳукумати ягонаи ҷаҳонӣ ба идеология ва фарҳанги муайян, арзишҳои мушаххас такя намуда, ҷаҳонро идора мекунад. Дар ин ҳолат фарҳанги миллии кишварҳои гуногун оҳиста оҳиста аз байн рафта, фарҳанги умумиву ягона бояд ҷойгузини ҳама гуна фарқияту арзишҳои хоси миллӣ бошад. Албатта, ин гуна рушд ёфтани масоил дар зинаи умумиҷаҳонии рушд ба манфиати миллатҳои гуногун нест, ҳарчанд зидди ҷаҳонишавӣ гурӯҳу қишрҳои гуногуни аҳолии кишварҳои зиёд ва баъзан ҷараёни «зиддиҷаҳонишавӣ (антиглобалистҳо)» баромад доранд, вале дар байни давлатҳое, ки ҷаҳонишавӣ ба он хатар дораду, ояндаи фарҳанги онҳо дар ҷаҳони якшуда маълум нест, масалан Русия ҳам ҳаст, ки сиёсатмадорону равшанфикрони он имрӯз шиори «ҷаҳоне, ки дар он давлати Русия набошад (барои Русия ва русҳо дар он ҷой набошад, ба мо лозим нест» баромад мекунанд.

Муфассал ...

Давлати дунявӣ - гарави адолати иҷтимоӣ

  Бояд  тазаккур дод, ки  имрӯз  дар таҳкими истиқлоли сиёсӣ, давлати миллӣ ва  ташвиқи ғояҳои дунявият нақши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хеле барҷаста арзёбӣ  гардидааст. Сарвари давлат бунёди   давлати дунявиро  ягона роҳи мусоид барои амнияти миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ дониста,  ибрози  андеша доранд, ки   «талошҳо дар роҳи бунёди типи нави давлати дунявӣ дар Тоҷикистон, тарроҳӣ ва шарҳу тафсири моҳияти давлати дунявии ҳуқуқбунёди демократӣ ва озодии виҷдон ҳамчун гарави адолати иҷтимоӣ, фитрати ҷавҳарӣ ва руҳиву маънавии инсон мебошад». Муфассал ...

Дар ҳошияи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором    

 
   Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҷодаи дифоъ аз арзишҳои умумибашарӣ, ки ҳамеша пешниҳоду идеяҳои созандаро дарбар мегиранд, нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ  дучанд намудааст.
Воқеан ҳам Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об  талошҳои зиёд ба харҷ дода,  дар ин раванд саҳми муносиб дорад. Дар ин давра бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳашт қатъномаро қабул карда, кишвари мо чандин маротиба мизбони ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ оид ба баррасии масъалаҳои муҳими об гардид. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia