casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Иди  ғалаба – иди далерию шуҷоати тоҷикон

  Имсол 77-умин солгарди рузи  Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бар фашизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин ҷашни умумимиллиро тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мардуми сулҳхоҳи ҷаҳон, ки саҳми босазои худро дар таъмини Ғалаба бар фашизм  гузоштаанд, қадрдонӣ менамоянд.
   Имрӯзҳо пос доштани чунин иди бузург аҳамияти махсуси худро дорад, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои ба даст овардани пирӯзӣ ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуданд. Амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави 40 давлати дунё ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои шадиду хунин аз кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар афсарону сарбозон сафарбар шуда буданд.
Ин ҷанги фоҷиабор кишварҳои зиёдеро харобу тороҷ гардонида, тараққиёти онҳоро бистсолаҳо ба қафо партофт. Дар натиҷа зиёда аз 50 миллион нафар одамон қурбон шуда, миллионҳо одамон машаққати рӯҳию равониро аз сар гузарониданд. Дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ (1941–1945) 27 миллион нафар мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳалок шуда, зиёда аз 1700 шаҳр хароб гардид, миллионҳо нафар бехонаву дар монданд. Муфассал ...

Инсоншиноси шинохта ва муҳаққиқи ҳақиқатпеша

Саъй нобурда дар ин роҳ ба ҷое нарасад,
Музд агар металабӣ, тоати устод бубар.
Ҳофизи Шерозӣ
   Илми тоҷик дар замони Шӯравӣ ва даврони истиқлоли давлатӣ рушди бесобиқае намуда, чунин олимон ва донишмандонеро ба соҳаҳои гуногуни таҳқиқоти илмӣ ҷалб сохт, ки бо меҳнату заҳматҳои фидокорона дар такмилу рушди донишу маърифати андўхтаи ниёгонамон саҳми босазо гузоштанд. Аз ҷумла, дар илмҳои гуманитарӣ, махсусан дар фалсафаи тоҷик аз академик А. Баҳоваддинов шуруъ намуда, донишмандони шинохтаи ин соҳаи муҳимми илм барои ба ҳошияи фарҳанги миллати мо дар даврони шуравӣ ворид намудан ва мутобиқ сохтани андешаву ақидаҳои Ибни Синову Умари Хайём, Насириддини Тўсиву Аҳмади Дониш ва садҳо мутафаккирони дигар ба талаботи замона заҳматҳои зиёде ба харҷ дода, ба илми ниёгон донишҳои муосиру замонавиро зам намуданд ва дар соҳаҳои нави фаъолияти илмӣ низ ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Муфассал ...

Инсоншиноси фаҳмошно

Ба ифтихори 75 солгарди
 узви  вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Муҳаммадалӣ Музаффарӣ
 
  Мафҳум натиҷаи раванди фаҳм аст дар қисмате аз майна ва сатҳу хусусияту дарки он ба ташаккулу тамрини ин қисмат вобаста аст. Бино бар ин, тафаҳҳуму тадоруки маъонӣ корест басо мушкил, ки дар тавон ва қобилияти ҳар майна наменгунҷад. Афроди бани башар, бунёдан ва касбан, бо хасоиси мазкур аз ҳам тафовут доранд ва ғолибан сатҳ ва дараҷаи ташаккули зеҳнии онон дар бунёди оила, қавм, қабила, халқийяту миллат ва осори илмию амалии эшон зоҳир мегардад. Киҳо ва ба кадом дараҷа муваффақ шудаанд, ё дар аввали роҳу нимароҳу аксари роҳ мондаанд, таърихи навиштаву нонавиштаи инсоният бозгӯ мекунад. Нуктаи муҳим ва басо аҷиб он аст, ки гоҳу ногоҳ афроде аз иҷтимоъоти мазкур ба саҳнаи ҳаёт меоянду тамоми қавонини табииро рахна мекунанд. Харқи одот аз лозимаи ҷаҳиш дар рушду такомули муносиботи инсон бо худ ва атроф аст ва ба гуфтаи Хоҷа Ҳофиз: Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia