Институт
- Ҷумъа, 15 Апрел 2022
Сайфуллоев Н. М. – олими нуктасанҷ ва омӯзгори ғамхор
Ба ифтихори 80 солагии д.и.ф.,
профессор Сайфуллоев Н.М.
20 апрели соли 2022 профессори илмҳои фалсафа Сайфуллоев Нигматулло Мирзоевич 80 сола мешаванд.
Аз фурсати муносиб истифода карда, устоди гиромиро бо зодрȳзашон самимона табрик мегȳям. Барояшон умри дарозу бобаракат, дар корҳои эҷодиашон бошад муваффақиятҳои беназир дар фатҳи қуллаҳои нави илми фалсафаи муосири тоҷик, таманно дорам.
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 14 Апрел 2022
Паёми табрикотӣ
Дар ин рӯзҳои баҳори докторҳои илм Н. Сайфуллоев, С. Иброҳимов, З. Усмонова ва М.Маҳмадҷонова зодрӯз доранд. Мо роҳбарият ва ҳайати ходимони илмӣ, кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ онҳоро бо зодрӯзашон табрику таҳният намуда, баҳрашон саломатӣ, рӯзгори пурсаодат ва комёбиҳои нави илмию эҷодиро орзу менамоем.
Муфассал ...- Панҷшанбе, 14 Апрел 2022
Кашшофи умқи маонӣ
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Устоди арҷманд, донишманди номвар, мантиқшиноси забардасти тоҷик Сайфуллоев Неъматулло Мирзоевич, ки имсол ба умри бобаракати 80- солагӣ расидаанд, аз устодони камназире ҳастанд, ки бо хислатҳои наҷиб, хайрхоҳиву некбинӣ, истодагарӣ дар мавқеи дурусти худ, фошгуиву бериёӣ ба шогирдон намунаи ибрат буда дар илми фалсафа ба мо имкони мусаллаҳ гардидан бо наҷибтарин силоҳи ақл - мантиқро додаанд. Аз эшон мо, дар баробари омўхтани мушкилтарин соҳаи фалсафа, ҳамеша меҳру шафқат ва хайрандешиву дасти кўмак дароз кардан ба ниёзмандонро омўхтаем.
Муфассал ...