Институт
- Душанбе, 25 Апрел 2022
Паём. Барномаи стратегӣ ва гарави рушди неруи зеҳнӣ
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дарвоқеъ, барномаи стратегии мақсадноки давлатӣ мебошад, ки дар он ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таҳлилу таҳқиқ ёфта, дурнамои самтҳои афзалиятноки рушди Тоҷикистон муайян шудаанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти онро иброз намуда, зикр кардаанд: «Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад». Воқеан, бо вуҷуди ин гуна ифтихору навгонӣ ва муваффақиятҳои назаррасе, ки дар Паём омадааст, боз имкониятҳои дигари истифоданашуда ҳанӯз зиёданд ва бесабаб нест, ки Президенти кишвар дар Паём моҳияти неруи зеҳнӣ ва зеҳни сунъиро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакатро муваззаф намуданд, ки «ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат Стратегияи миллии «зеҳни сунъӣ»-ро қабул ва татбиқ намояд». Аз ин бармеояд, ки рушди неруи зеҳнӣ ва зеҳни сунъӣ дар оянда гарави таъмини амнияти иқтисодӣ ва рушди иқтисодиёти инноватсионӣ мебошад.
Муфассал ...
- Душанбе, 18 Апрел 2022
В память о Человеке с большой буквы …
«Мой главный наставник в жизни – мой Президент Эмомали Рахмон. Я горд тем, что являюсь воспитанником его дальновидной политической и дипломатической школы. И с великой честью, я готов служить моему Отечеству» - говорил Шарипов Сухроб Ибронович.
Под таким девизом С.И.Шарипов прожил свою пусть короткую, но славную и достойную жизнь.
Муфассал ...- Душанбе, 18 Апрел 2022
Умре ҳама дар хидмати илму маориф
(Ба истиқболи ҷашни 80 – солагии доктори илмҳои фалсафа, профессор Неъматулло Сайфуллоев)
Илму маориф аз самтҳои афзалиятдошта ва муҳими ҷомеаи мо ба шумор рафта, аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сарвари он қарор доранд. Дар марҳилаи ҳозираи пешрафти Тоҷикистон ба ин соҳаҳо диққати хосса дода мешавад, зеро ин ду соҳа пояҳои асосии давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявиро ташкил медиҳанд.
Муфассал ...