casino malaysia
casino malaysia
Дар ҳошияи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором    

wrapper

 
   Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҷодаи дифоъ аз арзишҳои умумибашарӣ, ки ҳамеша пешниҳоду идеяҳои созандаро дарбар мегиранд, нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ  дучанд намудааст.
Воқеан ҳам Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об  талошҳои зиёд ба харҷ дода,  дар ин раванд саҳми муносиб дорад. Дар ин давра бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳашт қатъномаро қабул карда, кишвари мо чандин маротиба мизбони ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ оид ба баррасии масъалаҳои муҳими об гардид.
  Албатта, маҳз бо кӯшишу талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи «дипломатияи об» ба рӯзномаи байналмилалии масъалаҳои ҳалталаб ба таври доимӣ дохил гардид. Бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005 - 2015 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва солҳои 2018 - 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон гардиданд.
Бояд гуфт, ки иштирок ва суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором,  ки  мавзӯи “Об барои рушди устувор: Таҷрибаи пешқадам ва насли оянда” мавриди баррасӣ қарор дод, ин гуфтаро исбот намуд.
  Тавре дар Саммит Пешвои миллат қайд намуданд: “Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи нави амал “Об барои рушди устувор”   “Раванди оби Душанбе” - ро оғоз бахшида, соли 2018 Конфронси нахустини сатҳи баландро оид ба Даҳсола доир намуд ва баргузории Конфронси навбатии онро аз 6-ум то 9-ми июни соли ҷорӣ дар назар дорад. Конфронси дуюми Душанбе ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла Саммити имрӯза хизмат хоҳад карда, дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт”.
Албатта, меҳвари ин ташаббусҳоро такон ва суръати тоза бахшидан ба амалҳо дар соҳаи об бо мақсади ноил гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ташкил медиҳанд. Аммо, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, бахусус дар қисмати об, хеле мушкил мебошад. Мутаассифона, таҳдидҳову хатарҳои муосир, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим, ин равандро ба таври ҷиддӣ халалдор кардаанд. Чуноне дар Саммит таъкид гардид: “Чунин ҳолат таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, зеро таъсири он ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо, бисер возеҳ ва нигаронкунанда мебошад. Тоҷикистон низ зери таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазор пиряхи худро аз даст дода, ҳамасола аз селу обхезиҳои зиёд ва хушксоливу камобӣ, ки марбути ин раванданд, хисороти зиёди моливу ҷонӣ мебинад. Мусаллам аст, ки захираҳои об дар мутобиқшавӣ ва устуворият ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим нақши калидӣ доранд. Дар ин замина, Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати пешбурди ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саъй менамояд”.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат, ба ҳалли  мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла, ба масъалаи об, равона гардидаанд, қобили дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд ва кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Ин пешниҳодҳо бо ҳифзи манфиати миллӣ ва дарки баробариву ҳамкории судманд дар сатҳи байналмилалӣ манзур мегарданд.
  Ҳамчунин, дар Саммит аз Конфронси соли 2023 дар Ню -Йорк, ки зери ҳамраисии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерландия сурат хоҳад гирифт, ишора рафт. Қайд гардид, ки Конфронси мазкур баъд аз қариб панҷоҳ соли нахустин Конфронси оби соли 1977 - и Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Пешвои миллат дар суханронии худ иброз доштанд, ки “Зимнан, интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин ҳамоиши ҷаҳонӣ дар соҳаи об хеле зиёд аст ва кишварҳои мо тавассути омодагирии фарогиру ҳамаҷониба саъй карда истодаанд, то Конфронси мазкурро дар воқеъ натиҷаовар гардонанд”.
Воқеан ҳам ҳуқуқи истифодаи об ҳамчун сарвати табиӣ ва ҳифзи он дар сатҳи зарурӣ масъалаи глобалие буд, ки маҳз тавассути ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи масоили байналмилалӣ бароварда шуд.  Албатта, нияту мароми миллати ватандӯсту истиқлолхоҳи мо ин аст, ки Тоҷикистон боз ҳам дар роҳи мавқегирии манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии худ ба мувафаққиятҳои бузург ноил гардад.
 
Фазилат Саидова  
ходими калони илмии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А.Баҳоваддиноваи АМИТ,
номзади илмҳои сиёсӣ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia