casino malaysia
casino malaysia
Баъзе андешаҳо оид ба мафҳум ва масоили «фарҳанги бегона»

wrapper

   Ҷаҳони имрӯзаро бо равандҳои махсус ва муосир аз ҷараёнҳои таърихи гузашта фарқ бояд кард. Ин фарқият дар он низ эҳсос мегардад, ки ҷаҳонишавӣ имрӯз яке аз истилоҳи маъмултарин гашта, дар баробари ин, кулли муҳаққиқони дунё онро таҳлил менамоянд. Ҷаҳонишавӣ тибқи адабиёти мавҷуда як раванди куллӣ (универсалӣ) буда, як гурӯҳи муҳаққиқон онро бо барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста менамоянд. Ҷаҳонишавӣ махсусан дар адабиёти геополитикӣ ба таври васеъ мавриди баҳс буда, масалан, Френсис Фукуяма оид ба масоили рушди муосири ҷаҳон назарияи «Хатми таърих»-ро пешниҳод намудааст[3,71]. Тибқи ин назария, бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ   заминаи рушди таърихӣ аз байн рафта, ҷаҳони муосир ба як самт ва бо ҳадафҳои ягона ташаккул меёбад. Рушди таърихӣ, ба андешаи ин мутафаккир, дар ҳолате вуҷуд дорад, ки кишварҳо бо роҳу мақсадҳои гуногун ва баъзан ба самти бо ҳам зидд ҳаракат мекунанд. Лагери сотсиалистӣ ва лагери сармоядорӣ маҳз ҳамин гуна ҳадафҳое буданд, ки заминаи рушди таърихӣ буданд. Муҳаққиқ ба хулосае меояд, ки аз роҳи тарақиёти сотсиалистӣ даст кашидани Иттиҳоди Шӯравӣ заминаи гаравидани кулли дунё ба роҳи ягонаи  магистралӣ аст. Аз ин сабаб мо акнун метавонем ба сӯи таъсиси Ҳукумати ягонаи ҷаҳонӣ ҳаракат кунем. Маълум аст, ки Ҳукумати ягонаи ҷаҳонӣ ба идеология ва фарҳанги муайян, арзишҳои мушаххас такя намуда, ҷаҳонро идора мекунад. Дар ин ҳолат фарҳанги миллии кишварҳои гуногун оҳиста оҳиста аз байн рафта, фарҳанги умумиву ягона бояд ҷойгузини ҳама гуна фарқияту арзишҳои хоси миллӣ бошад. Албатта, ин гуна рушд ёфтани масоил дар зинаи умумиҷаҳонии рушд ба манфиати миллатҳои гуногун нест, ҳарчанд зидди ҷаҳонишавӣ гурӯҳу қишрҳои гуногуни аҳолии кишварҳои зиёд ва баъзан ҷараёни «зиддиҷаҳонишавӣ (антиглобалистҳо)» баромад доранд, вале дар байни давлатҳое, ки ҷаҳонишавӣ ба он хатар дораду, ояндаи фарҳанги онҳо дар ҷаҳони якшуда маълум нест, масалан Русия ҳам ҳаст, ки сиёсатмадорону равшанфикрони он имрӯз шиори «ҷаҳоне, ки дар он давлати Русия набошад (барои Русия ва русҳо дар он ҷой набошад, ба мо лозим нест» баромад мекунанд.

  Гурӯҳи дигари муҳаққиқон, ки мо бо онҳо ҳамраъй ҳастем, шиддат гирифтани ҷараёни ҷаҳонишавиро махсусан бо барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста мекунанд, вале онро ҷараёни таърихи тулонӣ дошта ҳисоб мекунанд. Дар ҳақиқат, ҷаҳонишавӣ ҷараёне аст, ки ба инсоният хос буда, хираду ақл, манфиатҳои гуногуни инсонӣ, хислати одамон сабабгори пайдоиш ва рушди он аст. Инсоният ба таври доимӣ кӯшиш дорад, то муҳити худро омӯзад, онро барои манфиати худ мутобиқ созад ва аз он  истифода барад. Агар имрӯз гурӯҳи пешқадами инсоният кӯшиш дорад, то галактикаҳои дигарро омӯзад, ин ҷараён дар таърихии тӯлонии инсоният бо ҳамин мақсад ҷаҳонишавиро ба миён овардааст. Агар ба таърих назар андозем, ҷангҳои Курушу Дориюши  Кабир бо таъсис додани империяи аввалини ҷаҳонӣ аввалин кушиш дар ин самт буда, халқи тоҷику форсҳо тавонистанд, такони ҷиддие ба ин раванд ворид созанд. Ин андеша ҳақиқати воқеӣ буда, ҳатто Гегел мутафаккири бузурги олмонӣ онро эътироф кардааст, ки «Асли ташаккули инсоният аз форсҳо оғоз меёбад». Минбаъд империяи мақдунӣ, Сосониён, Хилофати Араб, империяи муғул, Темуриён, Русия марҳилаҳое дар муттаҳид намудани давлату кишвар, ҳудуду фарҳанги гуногун буданд, ки ҳалқаҳои пурқуввати занҷири ҷаҳонишавӣ дар таърихи инсоният ба шумор мераванд. Ҳар як марҳилаи бузурги таърихӣ – як қадам ба сӯи ҷаҳонишавӣ, шиносоӣ бо фарҳангу дин, одату арзишҳои якдигар, ба вуҷуд омадани фазои ягонаи иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳанги ягона мебошад. Табиист, ки дар ҷараёни муттаҳидшавӣ як қисми қабилаву халқҳои фарогирифта, қисмати азими арзишҳои қавмиву миллии худро аз даст медоданд, баъзан забони худро гум мекарданд, садҳо халқиятҳо дар ҷараёни ин гуна муттаҳидшавӣ аз байн рафтаанд ва рафта истодаанд. Ин ҷараён дар ҳар як марҳила хусусиятҳои хоси худро дорад, вале дар умум, ҳамаи ин марҳилаҳои муттаҳидшавӣ забону фарҳанг, арзишҳои каму беш бо ҳам наздикро рушд дода, фарҳанги хоси қавму халқиятҳои камшумор ва нерӯи заифдоштаро аз байн мебурд.
 Раванди мазкур дар таълимоти геополитикӣ аз ҷониби геополитики фаронсавӣ аз нуктаи назари хос  шарҳ дода мешавад. Тибқи таълимоти  Видал де ла Блаш (1845-1918) – муаллифи «Нақшаи ҷуғрофииФаронса (Париж, 1903)», «Ҷуғрофияи инсоният(Париж, 1921)» асоси ҳама гуна рушд «фарҳанги маҳалҷо» мебошад[3, 72].  Заминаи асосии фарҳанги маҳаллро манбаҳои дар ин ё он маҳал пайдошудаи фарҳанг, ки дар натиҷаи робитаи гурӯҳи одамон бо табиат ба вуҷуд меоянд ташкил медиҳад. Дар байни гурӯҳ ба таври мунтазам «моделҳои рафтор» ё «образҳои ҳаёт » ташаккул меёбанд. Рафтори одамонро ҷуғрофия муайян намекунад, замину хок, иқлим танҳо имконият барои рушди инсон ва давлат ба вуҷуд меоранд(аз ин ҷо таълимоти мутафаккир назарияи поссибилизм аз калимаи поссибилитӣ –имконият, ном гирифтааст. –Э.Б.). Ҷараёни робитаҳои ду ва ё зиёда фарҳангҳои маҳаллҷо гуногун ҳастанд, ин метавонад, наздикшавӣ, махлутшавӣ, нест кардани яке дигареро бошад. Онҳо бо ҳамдигар робита барқарор мекунанд, албатта, дар фарҳанги онҳо падидаҳои аз як ҷониб - бо ҳам ягона, наздик ва аз ҷониби дигар, падидаҳои мухолифи якдигар вуҷуд доранд. Дар ҷараёни робитаҳои байниҳамдигарӣ, падидаҳои бо ҳам наздик, монанд ва нейтралӣ боқӣ монда, рушд меёбанд. Аз ҷониби дигар он арзишу падидаҳое, ки ба якдигар мухолиф мебошанд, камокам дар натиҷаи дастгирӣ наёфтан, истифода набурдан аз онҳо мушоҳида мешавад ва онҳо аз байн мераванд. Ҳамин тариқ, фарҳанги ягонаи умумӣ дар байни ин ду гурӯҳ пайдо мешавад. Блаш андеша дорад, ки қонуни дуализми фундаменталии зиддияти хушкиву баҳрӣ (ки дигар геополитикҳо онро мутлақ ва оштинопазир мешуморанд, масалан Ратсель, Маккиндер ва диг.)  дар натиҷаи барқарор шудани коммуникатсияҳо дар байни давлатҳои ин ду ҷониб ба созишу синтези онҳо имкон медиҳад.  Мутафаккир ба коммуникатсияҳо аҳамияти бузург дода, чунин андеша дорад, ки дар дурнамои рушди олам бо мавҷудияти коммуникатсияҳо ва таъсири фаъоли тамаддунҳои алоҳида  таъсиси «давлати ҷаҳонӣ» имконият дорад. Инсон дар он худро ҳамчун «шаҳрванди дунё, шаҳрванди ҷаҳони ягона» дарк мекунад[3,73]. Ин раванд дар байни деҳаву ноҳия, давлату миллатҳо ба таври мунтазам давом ёфта, оқибат тамаддуни ягонаи умумиҷаҳониро ба вуҷуд меорад.
  Мутафаккири мазкур ҳамкориву созиши байни маҳалл, халқияту миллат, давлату тамаддунҳоро, яъне бо ҳам наздик гаштану махлут шудани фарҳангҳои маҳалҷоро бо якдигар заминаи рушди онҳо ва минбаъд сабаби ба вуҷуд омадани тамаддуни воҳиди инсонӣ мешуморад[3,72-73].  Яъне ба вуҷуд омадани арзишҳои ягона, фарҳангу тамаддуни ягона дар оянда пешгӯи карда мешавад, ки заминаи онро равандҳои бесобиқаи рушди муносибатҳои иқтисодиву сиёсӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ташкил медиҳанд.
  Имрӯз, дар баробари ҷаҳонишавӣ равандҳои дигари рушди кишварҳо ба назар мерасад. Пеш аз ҳама, дар самти мафкураву фарҳанг, арзишҳои гуногуни миллӣ то имрӯз ҷаҳонишавӣ роҳҳалҳои барои ҳама мақбулро пешниҳод карда натавониста ва дар ояндаи наздик пешниҳод карда ҳам наметавонад, чунки парадигмаҳои ин раванд имрӯз мақбули ҳамагонӣ шуда наметавонанд. Ғалаба кардани як гурӯҳи миллӣ ё динӣ бар артиши қудратҳои ҷаҳонӣ (дар мисоли Афғонистон) баёнгари он аст, ки арзишҳои ҷаҳонишавӣ, ки аз ҷониби тамаддуни аврупоӣ пешниҳод шуданд, бо ин ё он сабаб қобили қабули аксарият нестанд.
Дигар масъала дар он аст, ки фарҳангу тамаддуни миллату давлатҳо дар аксар маврид аз дину оинҳои миллӣ сарчашма мегирад ва ғанӣ мегардад. Фарҳанг, забон, дин заминаҳои ҳуввияти миллии ҳар як фарди ҷомеаро ташкил медиҳад (албатта, дар ҷомеаи марҳилаи гузариш, баъзан ин арзишҳо инкор шуда, ё ба назар гирифта намешаванд, вале ин маънои омилҳои заминавӣ набудани онҳоро надорад) ва агар одату анъанаҳои ягона қобили қабул бошанд, пас, фарҳангҳои бо дин асосёфта наметавонанд бо ҳам оянд.
  Дар заминаи раванду ҷараёнҳои таҳлилшуда, дар Тоҷикистон мавзуи «фарҳанги бегона» масъалаи мубрам шинохта мешавад. Ин мавзуъ имрӯз аз тариқи ВАО, дар баромаду суҳбатҳо расонаӣ ва диққати мардумро ба худ ҷалб кардааст. Дар як қатор баромадҳо зери мафҳуми «фарҳанги бегона» асосан тарзи азбар кардани либос, пушидани сатр, пӯшонидани рӯй ва мӯй ва дигар унсурҳо номбар карда мешавад, ки руйхати он зиёд шуданаш мумкин аст.
Агар ба мафҳуми таҳқиқшаванда аз нигоҳи мазмуни ифодакунандаи он назар андозем, «фарҳанги бегона» на ҳамеша мазмуни манфиро дорад. Он метавонад, мазмуни фарҳанги тавофутдошта, аз фарҳанги мо тавофути ҷиддӣ дошта, истифода шавад. Ғайр аз ин, он метавонад фарҳанги мухолифат, зиддиятдошта бо фарҳанги моро ифода созад. Дар ин маъно масалан фарҳанги атеистиву динӣ бо ҳамдигар мазмуну муҳтавои зид доранд. Аз ин нуктаи назар оё мо метавонем, ки тарзи азбар кардани либос, истифодаи усулу роҳҳои ғайримаъмулии мазҳаби анъанавӣ дар иҷро кардани маросиму талаботи динӣ ё арзишҳои фарҳангиро бо ин истилоҳ номбар намоем. Азбаски тамаддуни ориёӣ, зардуштия ва ислом, ҳатто тамаддуни марҳилаи шӯравӣ қисми таърихи халқи мост, мо наметавонем дар маънои аслӣ арзишҳои аз онҳо ба вуҷудомада, ғанигашта, маъмулро ба ин категория ворид намоем.  Вале аз ҷониби дигар, сабабу омили бо ин мафҳум муайян кардани муносибат ба як қатор амалу рафтор дар ҷомеа дар чист?
  Чӣ тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад[1,]. Дар он кулли ҳуқуқ ва озодиҳои инсон кафолат дода шудаанд. Конститутсия санади мустақиман амалкунанда эътироф гардида, дар он кафолати амали ҳуқуқ ва озодиҳо мушаххас пешниҳод гардидааст. Дар қатори ин,  уҳдадорӣ ва манъи баъзе рафтору амал низ ба таври мушаххас дар он муқаррар карда шудааст. Сухан дар бораи қ.3 моддаи 14 меравад, ки тибқи он «Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад» [1, модд. 14]. Заминаи асосии маҳдуд ва манъ кардани пайравӣ аз фарҳанги дигарон пеш аз ҳама, эҳсос намудани хатар аз чунин амалҳо мебошад. Албатта, азбар кардани либоси ба тарзи муайян тайёршуда ё амалҳои дигар, худ аз худ хатаре надоранд, вале ин амалҳо метавонанд барои тафриқа андохтан дар ҷамъият, ташаккул додани афкори омма оид ба амал ва муносибат ба ҷомеа, ба вуҷуд овардани мухолифат, зиддиятҳо, дар баъзе маврид нисбат ба худи афроди ба ин амал дастзада хатарзо мегардад. Масалан, қабул накардани никоҳи ҳамҷинсон дар аксари давлатҳои пасошӯравӣ, иваз намудани ҷинс, беэҳтиромӣ нисбат ба волидон, нисбат ба муқаддасоти миллӣ, динӣ, фарҳанг ва ғайра. Ин амалҳо дар андешаи  мардум унсурҳои зидди мафкураи расмиро ба вуҷуд меоваранд, на ҳамеша, вале баъзан намоишгари як навъ мухолифат ба мафкураи расмӣ, дину мазҳаби расмӣ низ шуда метавонанд.
  Саволе ба миён меояд, ки оё мубориза бо фарҳанги бегона собиқаи таърихӣ дорад ва ё Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати аввалин аст, ки чунин чорабиниҳоро роҳандозӣ мекунад? Ҷавоби ин савол моро барои омӯзиши андешаи мутафаккирони бузурги тоҷик раҳнамун месозад, ки аллакай дар асрҳои миёна як қатор андешаҳо баён кардаанд, ки тибқи он давлат вазифадор аст, бо мафкураи бегона, нишонаҳои он мубориза барад. Дар ин росто, андешаҳои Абунасри Форобӣ – муаллими дуюми инсоният, баёнгари он аст, ки мутафаккирони мо ягонагии ҷомеа, ваҳдату оромиро нисбат ба беҳокимиятӣ афзал мешумурданд. Ба ақидаи Форобӣ вазифаи муҳимтарини давлат таъмини камолоти маънавии шахс барои расидан ба саодат буда, вазифаҳои дигари он ба ин вазифа тобеъ мебошанд.  Ба андешаи Абунасри Форобӣ дар қатори чунин вазифаҳои давлат: якум, таъмини моддии аҳолӣ;  дуюм, таълиму тарбия; сеюм, қабули қонунҳо,  вазифаи дигари мадинаи фозила ҳифзи манфиати шаҳрвандон аз душмани дохила ва хориҷӣ, яъне вазифаи мубориза бо душманони дохиливу хориҷӣ, дастгирии идеологияи ҳукмрон ва мубориза бо мафкураи ғайрро дорад[2, 71]. 
  Мутафаккири дигари бузурги тоҷик, муаллими сеюми инсоният, Мискавайҳ оид ба сабабҳои пайдоиши давлат андеша баён намуда, сабабҳои зеринро низ қайд кардааст, аз ҷумла  –а) талабот ба нерӯи ҳамоҳангсозандаи талаботи қишрҳои ҷомеъа; б) пешгирӣ аз тазоди манфиатҳои фардҳо; в) талабот ба ҷилавгирӣ аз зулму нобаробарӣ ва ноадолатиҳо, ки дар ҳар яки он тақозои ваҳдату ягонагӣ мушоҳида мегардад.
  Мискавайҳ инчунин вазифаҳои давлатро мушаххас намудааст. Вазифаҳои муҳимтарини давлат аз нигоҳи Мискавайҳ: вазифаи таъмини саодат;  таваҷҷуҳ ба масоили миллӣ ва ҳифзи арзишҳо, таъмин ва риояи адолат ва ҳифзи ҳуқуқу вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи марзҳо ва ҳифзи низом аз душманони дохилӣ ва хориҷӣ[2, 78], яъне дар таълимоти Мискавайҳ оид ба вазифаҳои давлат ду вазифаи муҳимтарин таваҷҷуҳ ба масоили миллӣ ва ҳифзи арзишҳо, ҳифзи низом аз душманони дохилӣ ва хориҷӣ ҷавоб ба саволи гузошташуда аст. Мутафаккирони тоҷик бешубҳа созиш, ҳамоҳангӣ, муттаҳидиву ваҳдатро ба ҳама гуна беадолатӣ, беҳокимиятӣ, зулму тааддӣ зид гузошта, бо мақсади оромиву сулҳ, ҳамкориву рушд дар ҷомеа, расидан ба хушбахтӣ ҳимояи арзишҳои миллӣ, мубориза бо душманони дохиливу хориҷиро вазифаи давлат эътироф доштанд. Мо метавонем таълимоти дигар мутафаккирони тоҷикро низ гушзад намоем, вале аллакай аз таълимоти ин ду мутафаккири бузурги ҷаҳонӣ маълум аст, ки онҳо ин ҳақро нисбат ба ҷамъият ва давлат раво мешуморанд.  
  Масъалаи фарҳанги бегона дар марҳилаи ислом низ мубрам буда, оид ба масъалаи мазкур аз Паёмбари ислом(с) ҳадисе ривоят шудааст дар ин мазмун, ки «Ман  ташаббаҳа би қавмин фаҳува мин ҳум”, яъне “ҳар шахсе худашро ба қавме монанд кунад, ӯ аз ҳамон қавм аст”. Нафаре, ки қавми дигарро тақлид мекунад, дар рафтору либос, ҳаракату амал худро бо онҳо монанд месозад, таваҷҷӯҳи аз ҳад зиёд дорад, албатта ба манфиати онҳо метавонад  амал  кунад. Инро дар мисоли  воқеоти муосири ҷаҳонӣ, масалан, муносибат бо амалиёти Русия дар Украина гирем, нафарони зиёди сарватманд ва обруманди ин кишвар, ки то имрӯз номи онҳо бо русу Русия пайвандӣ дошт, мафкураи ғайрирасмиро  тарғиб намуда, ба ҳайси амали эътироз аз кишвар берун шуданд, баъзеҳо аз шаҳрвандии ин давлат даст кашида, шаҳрвандии кишварҳои дигарро қабул карданд. Ҳадиси номбаршуда нисбат ба ин гуна афрод гуфта шудааст, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагии қавм, миллат, таърихи миллат метавонанд бар зидди манфиатҳои умумимиллӣ рафтору гуфтореро раво бинанд.  
 Ҳангоме, ки сухан оид ба муқовимат бо  зуҳуроти фарҳанги бегона дар ислом меравад, дар кишварҳои мусалмонӣ бар зидди фарҳанги бегона мубориза то он муддате бурда мешуд, ки  навоварӣ - “бидъат” ба падидаи маъмулӣ табдил наёбад. Албатта ин гуна рафтор нисбат ба ашё ва ё падидаҳои моддии ҳаёти инсон тааллуқ доштанд. Масалан, Садриддин Айнӣ дар “Ёддоштҳо”- ривоят мекунад, ки шахсе дар Бухоро пойафзоле пӯшид, ки ҳангоми ҳаракат овоз мебаровард. Мардум бар зидди ӯ шуриданд ва маҷбур сохтанд аз он даст кашад. Имрӯз калушу туфлие, ки оғози асри ХХ бидъат номида мешуд, падидаи маъмул гардида, мусулмонон низ аз он истифода мебаранд. Вале ислом дар  масъалаи мазҳабу дин, пайдоиши фирқаву мазҳабҳои нав мубориза бо онҳоро беамон ва бемуҳлат давом медод..
  Дар давраи шӯравии рушд низ мубориза бо мафкураи ғайр ба таври ошкору ниҳон ҷараён дошт ва андешаи як қатор диссидентҳо –ашхоси норозиро на танҳо нашр намекарданд, балки шароитеро ба вуҷуд меоварданд, ки барои ба хориҷа рафтан онҳо маҷбур буданд. Нисбат ба ноқилони фарҳанги ғайр ва мафкураи зиддимарксистӣ кулли воситаҳои таъсиррасонӣ истифода бурда мешуданд.
  Қайд намудан мумкин аст, ки эътироф  шудани ин ё он амалу рафтор ҳамчун падидаи “”фарҳанги бегона” хосияти таърихӣ дошта, бо ташаккул  ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дар марҳилаҳои нави таърихӣ он метавонад  ба сифати  зуҳуроти мусбат баромад кунад ва ё баръакс. Масалан, мубориза бо ҳаннотӣ, хариду фурӯши молу ашёи рӯзғор (аз мағозаи давлатӣ харидани  мол ва бо нархи бештар дар ҷои дигар аз нав фурӯхтани он) ғункунии дороӣ, моликияти хусусӣ дар давраи шӯравӣ, ҳамчун намунаи фарҳанги бегона эътироф гардида, на танҳо ҷамъият, балки давлат бо он муборизаи беамон мебурд. Дар шароити иқтисоди бозорӣ ин амалҳо заминаи сармоядорӣ маҳсуб шуда, ҳаматарафа аз ҷониби давлат дастгирӣ меёбад.   
  Хулоса, ҳар як ҷомеа ва давлат вобаста ба хатару аҳамияти падида, амалу рафтори фард ва ё гурӯҳе, ки фарҳанги бегонаро тақлид ва пайравӣ мекунанд, бо онҳо муқовимат ва мубориза бурда, кушиш менамояд, ки мақсад ва барномаи сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоии худро амалӣ созад. Албатта, хатари мавҷударо аз пайравӣ ба бегонагон, тарғиби таълимоту мафкураи зиддидавлатӣ, махсусан зидди манфиатҳои миллӣ нодида набояд гирифт. Ҳар як миллату давлат ҳаққи ҳимоя ва дифои худро дорад ва то метавонад аз манфиатҳои милливу умумии ҷомеа ҳимоя менамояд. Дар ин росто, махсусан дар марҳилаҳои ҳассоси таърихи ҷомеа, миллат ва давлат - дастгирӣ намудани сиёсати давлатӣ вазифа ва қарзи шаҳрвандии мо мебошад.  
 

Буризода Эмомалӣ Бозор,

 

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

 профессор, мудири Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва

ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Адабиёти истифодашуда

 

  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз тариқи райъпурсии умумӣ қабул шудааст. Бо тағйирот аз с.1999, 2003 ва 2016 http://www.president.tj/taxonomy/term/5/111. Санаи муроҷиат 21.04.2022.
  2. Буризода Э.Б. Афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ. Нашри 3. - Душанбе: Нашри мубориз, 2021. -288 с.
  3. Нартов Н.А., Нартов В.Н. Геополитика. Вып. 5 / Под ред. В.И.Староверцева. - М.: ЮНИТИ-ДАНА,  -647 с.

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia