Институт
- Сешанбе, 14 Феврал 2023
Артиши миллӣ – мактаби ҷавонмардӣ ва ватандӯстии ҷавонон
Ҳифзи Ватан, ҳимояи марзу бум ва пуштибонӣ аз манфиатҳои миллӣ қарзи конститутсионии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Ватандӯстӣ пеш аз ҳама дар дӯст доштану содиқ будан ба Ватан ва миллати худ, дарки манфиатҳои кишвари худ, арҷ гузоштан ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ, ифтихор доштан аз дастовардҳо ва муваффақиятҳо ҳамватанони худ ва ҳамеша омода будан ба ҳифзи марзу буми Ватан ифода меёбад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад».
Муфассал ...
- Сешанбе, 14 Феврал 2023
Доир ба моҳият ва мазмуни падидаи Паёми Президенти кишвар
Яке аз падидаҳои муҳими воқеъияти шакли идоракунии ҷумҳурӣ ин падидаи муроҷиати Президенти амалкунанда ба мақомоти олии қонунгузорӣ - Парламенти кишвар мебошад. Расман таърихи ин падидаи сиёсӣ аз пайдоиши давлати Иёлоти муттаҳидаи Амрико оғоз гирифтааст. Вале дар таърихи давлатдории кишварҳои гуногун, муроҷиати сарвари давлат ба мақомоти интихобии кишвар оид ба масоили мубрамми рӯз мушоҳида шудааст. Масалан монархи Англия ҷаласаи аввалини Парламентро оғоз мебахшад ва нисбат ба фаъолияти он масъалагузорӣ менамояд. Ба андешаи муҳаққиқи масъалаи мазкур Сайнозимзода Фируз: «Падидаи Паёми Президент ба парламент заминаи таърихии тӯлонӣ дошта, аз таҷрибаи давлатдории Англия маншаъ мегирад. Ба андешаи баъзе олимон сухани тахтии ҳамасолаи монархи Англия ба парламент монанд ба Паёми Президент мебошад. Анъанаи бо сухани тахтии ҳамасола баромад намудани монархи Англия дар парламент дар асри XIII рӯйи кор омад ва то ҳол идома дорад.
Муфассал ...
- Душанбе, 13 Феврал 2023
Артиши миллӣ – сипари Ватан
«Ҳифзи Ватан, ҳимояти манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад» (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 43)
Аксарияти муҳаққиқон ва олимон масъалаи пайдоиши артишро бо пайдоиш ва инкишофи давлат алоқаманд кардаанд. Ҳар як давлат артиш ва ё қувваҳои мусаллаҳро ҳамчун як ниҳоди махсус барои амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсӣ (барои амалӣ намудани ҳокимият ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи кишвар) таъсис медиҳад. Роҳбарияти сиёсӣ қувваҳои мусаллаҳро ҳамчун омили ҳарбӣ дар муносибатҳои қудратӣ, ҳифзи суботи ҷамъиятӣ дар дохили давлат, таъмини манфиатҳои миллию давлатӣ ва албатта ҳамчун воситаи асосии пешбурди сиёсати ҳарбӣ ва дар ҷанг метавонад истифода барад. Ҳар як мамлакат дар лаҳзаҳои барояш душвортарин ба артиш ниёз дорад ва агар дар чунин вазъият мамлакат артиш надошта бошад, он метавонад ба зудӣ аз байн равад.
Муфассал ...