casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Ҷашни Сада ва арҷгузорӣ ба он

  Ҷашни Сада – яке аз ҷашнҳои қадими ориёитаборон ва мардуми тоҷикзабон буда,  дар оғози шомгоҳи 10 баҳманмоҳ (30-31 январ) баргузор мегардад, ки ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд. Истилоҳи  «Сада» дар забон бо мафҳумҳои гуногун тавсиф шудааст. Масалан, дар забони авастоӣ Сада маънои «баромадан ва тулуъ кардан»-ро доштааст. Дар забонҳои ориёии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Дар паҳлавӣ бошад, ба як шакле аз ин шаклҳо - сат, сатаг, садҳаг, садҳ, сата  буда, дар арабӣ ба сурати сазақ ё садақ китобат ва талаффуз мешавад. Умуман, Сада ва ҷашнгирии ҷашни Садаро донишмандон ва мутахассисон бо ақидаҳои гуногун ифода кардаанд, вале ҳамаи назарияҳои онҳо бо якдигар робита дошта, дар умум як чизро ифода мекунанд. Муфассал ...

Сада – фуруғи меҳр

 Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну Ҷам ёдгор аст.
 
Ҷашни Сада дар баробари Наврўз, Меҳргон, Тиргон яке аз ҷашнҳои фархундаи аҷдодии мо Тоҷикон мебошад, ки сарчашма дар фалсафаю ҷаҳонбинии ақвоми эронинажоди ориёитабор дорад. Бояд қайд намуд, ки пайдоиши ин ҷашнҳои муқаддас ба умқи асрҳо дорад ва муқаддамтар аз зуҳури дини зардуштӣ ва пайдоиши Авасто аст. Сада 10-и баҳманмоҳ мутобиқ ба 31-уми январ рўзи болиғшавии Хуршед ба ҳисоб меояд, агар дар шаби Ялдо – Ҳурмузрўзи даймоҳ, рўзи таваллуди Хуршед, билоди Хуршед бошад, рўзи 10-уми обонрўзи Баҳманмоҳ чиҳил рўзагии Хуршед ҳисоб мешавад ва то Наврўз панҷоҳ рўзи дигар боқӣ мемонад. Дар мавриди пайдоиши ҷашни Сада боз ҳамчун Наврўзу Тиргон ва Меҳргон, Абурайҳони Берунӣ дар асараш Осорулбоқия, Фирдавсӣ дар Шоҳнома пайдоиши ин ҷашнро ба подшоҳи дуюми Пешдодӣ Ҳушанг рабт додаанд, ки ба мор санг андохтани Ҳушанг боиси пайдоиши оташ – озар аст, ки онро зуҳури рамзи озари самоӣ ва фарри Аҳуроӣ дар замин шумориданд ва ба он арҷ гузоштанду муқаддас шумориданд. Морро рамзи неруҳои аҳриманӣ донистанду оташро рамзи зуҳури нуру рушноӣ ва раҳои бо амри аҳуро гуфтанд. Муфассал ...

Сада – ҷашни пирӯзии рӯшноӣ

  Тоҷикон ҳамчун миллати бостонию тамаддунофар дар шоҳроҳи ҳаёти фарҳангии башарият яке аз парчамбардорон буда, тавонистаанд, ки ҳанӯз дар бомдоди таърихи мавҷудият беназиртарин ва муҳташамтарин падидаҳои маънавиеро эъҷод намуда, таҷлил ва гиромидошти онро роиҷ намоянд.
  Яке аз чуни падидаҳои беназири бостони ин Иди Сада мебошад, ки дар заминаи маъхазҳои илмӣ-бостонӣ таърихи ин ҷашнро метавон то 5 ҳазор сол рақам зад. Дар таърих аввалин бор таҷлил гардидани он ба подшоҳ Ҳушанг рабт дода мешавад. Аз маъхазҳо бармеояд, ки ин ҷашн дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дошта, дар замони давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантанаву шаҳомоти беназир таҷлил карда мешудааст. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia