Институт
- Сешанбе, 21 Феврал 2023
Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҳошияи Паёми Президент
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ ба шумор рафта, дар заминаи ҳар як паём санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда мешаванд. Инчунин, дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими кишвар муайян карда мешаванд, ки барои беҳ гардидани ҳолати иҷтимоии аҳолӣ, таъмини адолат, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, муқовимат ба терроризму экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо, такмил бахшидани қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва шуурнокии аҳолӣ, рушди илму маориф ва дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат менамояд.[1]
Муфассал ...
- Душанбе, 20 Феврал 2023
Инициатива Президента Таджикистана по сохранению ледников. Она должна быть всесторонне поддержана и является путём к светлому будущему Земли и человечества
Одной из глобальных угроз жизни человечества является сокращение водных ресурсов. Проблема водопользования в мире становится важным фактором, влияющим на экономику и общество, а также обеспечивающим региональную и национальную безопасность. Об этом заявил доктор философских наук, ответственный сотрудник Национальной академии наук Таджикистана Рустам Хайдаров в материале, представленном в НИАТ «Ховар».
Ниже читателям представляется полный текст материала.
В декабре 2022 года Генеральная Ассамблея Организации Объединенных Наций единогласно приняла на своей 77-й сессии резолюцию «2025 год — Международный год сохранения ледников», выдвинутую Республикой Таджикистан.
Муфассал ...
- Душанбе, 20 Феврал 2023
Артиши миллӣ - кафили ҳифзи ҷону моли шаҳрвандони кишвар
Имрӯзҳо, яъне рӯзи 23 – юми феврал аз таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Ин Артиш таърихи пур аз фарозу нишеб дорад, ки аз он дар инҷо сухан хоҳад рафт. Ташкили Артиши миллӣ – ин падидаи амалии ватандӯстӣ аст. Ба андешаи инҷониб ватандӯстӣ аз иштироки фаъол дар ҳифз, ҳимояи фардии ватан ва ободсозии он оѓоз меёбад. Ватан, ба иборае, мояи сарпаноҳӣ ва ҷои суҷуди ҳамаи шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Инсони беватан дар ҳар шароит хору зор аст. Ба ибораи дигар ҳар як шаҳрванди кишвар аскари ватан ба шумор меравад ва махсусан дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳар як шаҳрванди кишвар ба масобаи сарҳадбон шинохта шудааст. Барои ҳамин давлат ва Артиши он ба аҳолии ин ноҳияҳо эътиром ва эътимоди комил дорад, зеро онҳо посбони ин хоку обу ҳаво мебошанд. Мо ватани худро беҳад дӯст медорем, бесабаб намегӯянд, ки хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар!
Муфассал ...