casino malaysia
casino malaysia
Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҳошияи Паёми Президент

wrapper

  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ ба шумор рафта, дар заминаи ҳар як паём санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда мешаванд. Инчунин, дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими кишвар муайян карда мешаванд, ки барои беҳ гардидани ҳолати  иҷтимоии аҳолӣ, таъмини адолат, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, муқовимат ба терроризму экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо, такмил бахшидани қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва шуурнокии аҳолӣ, рушди илму маориф ва дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат менамояд.[1]
  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати дурнамо ба ҳисоб рафта, дар рушди давлати навҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми басо муҳим мебозад. Чунончӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид менамоянд: «... раванди татбиқи сиёсати дохиливу хориҷии давлат маъмулан дар доираи як сол маҳдуд карда намешавад, зеро ҳадафу вазифаҳои дар асоси Паёми Президент муайяншуда моҳиятан барнома ва дурнамо барои даҳсолаҳо мебошанд»[2].
  Таҳлилу омўзиши паёмҳои Президент имконият медиҳанд, ки масъалаҳои дар онҳо баррасишаванда аз лиҳозӣ ҳуқуқӣ таҳқиқ гардида, муайян намудани ҷанбаҳои ҳуқуқии онҳо аз назари илми ҳуқуқшиносӣ муҳим ба шумор мераванд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст, ки он барои таъмини адолати иҷтимоӣ, рушди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва таҳкими қонуният нақши муҳим дорад. Пойдории давлат аз устувориву бардавомии адолат ба ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ вобастагии зич дорад. Бо дарназардошти рушди ҷомеа, пайдо шудани муносибатҳои нави ҳуқуқӣ фаъолияти ҳокимияти судӣ бояд мунтазам таҳким ва густариш ёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ дастовардҳои Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар панҷ соли сипаригардида таҳлил карда, дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дигар самтҳои иҷтимою амнияти давлатро барои солҳои минбаъда муайян намуданд.
Аз ҷумла, дар Паём қайд карда шудааст, ки дар панҷ соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёти мамлакат дар сатҳи 7,3 фоиз ва дар соли 2022 дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 71 млрд. сомонии соли 2018 то 115 млрд. сомонӣ дар соли 2022 ё 1,6 баробар расонида шудаст.
Ба вазорату идораҳои дахлдор, ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди иқтисодии устувори кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ вазифагузориҳо карда шудааст.
Овардани ин таҳлилҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар паём шаҳодати он аст, ки маҳз сулҳу субот ва оромии кишвар, амалӣ гардонидани Барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ, гузаронидани ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар мамлакат, аз ҷумла, Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва сатҳу сифати адолати судӣ, самаранокии татбиқи меъёрҳои қонун ва иҷрои санадҳои судӣ аз ҳамин нишондиҳандаҳо вобастагӣ дорад.
Дар Паём ҳамчунин таъкид гардидааст, ки бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмил дода шавад.
Бинобар ин, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро зарур аст, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешанд.[3]
Чуноне аз Паём бармеояд Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таҳкиму такмил додани фаъолити судӣ, оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо аз ҷониби Суди Олӣ  ва Суди Олии иқтисодӣ андешидани тадбирҳои муассиррро зарур шумориданд.
Ба андешаи мо, ҷиҳати ба иҷро расонидани ин рисолатҳои бузурги Паём, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва шуурнокии ҳуқуқии судяҳо тақозои замон мебошад. Бо ин мақсад “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, таҳти рақами №599 қабул гардидааст. Зарурати қабули Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз 26 декабри соли 2018, инчунин Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, таҳти рақами №1005 тасдиқ гардидааст, бармеояд. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон буда, ба воситаи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ карда мешавад. Тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ба сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ мусоидат менамояд ва шароит фароҳам меорад, ки онҳо аз ҳуқуқҳои қонунии худ истифода баранд.
Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ин раванд, диққати махсус ба интихоби мушаххаси гурӯҳҳои аҳолӣ, ки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ дар ҳолати осебпазир қарор доранд, бояд равона гардад.
Ҷиҳати таъмини босифати баамалбарории адолати судӣ, таҳкими таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва риояи принсипи баробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиаи судӣ, роҳ надодан ба кашолкорӣ, зарурати дар қонунҳои амалкунанда аз байн бурдани меъёрҳои носаҳеҳ ва духура, дар ҳамин раванд бартараф кардани тарзу усулҳои душвори баррасии парвандаҳо ва дигар масоил зарурати ба қонунҳои моддию мурофиавӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба миён омадааст, ки то тавонанд барои саривақт ва дар муддати кӯтоҳ баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ, пешгирии сарфи вақти зиёд аз ҷониби тарафҳо, истифодаи таҷрибаи татбиқи дурусти қонунҳо, дар маҷмуъ таъмини адолат ва пешрафти кори судҳо мусоидат намоянд.      
Андешидани тадбирҳо ҷиҳати пайваста баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, масъулияту одоби судяҳо, бехдошти раванди бозомӯзии ихтисосӣ бо назардошти тағйирот дар низоми таҳсилоти олии касбӣ ва дар ин замина баланд бардоштани мақоми Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ метавонад барои қабули қарорҳои қонунию асоснок мусоидат намояд.
Бо назардошти таъсиси Арбитражи байналмилалӣ дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи медиатсия”, ки ҳалли тосудии баҳсҳоро пешбинӣ менамояд, ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.
Бо дарназардошти ба низоми сезинагии таҳсилот гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бояд масъалаи бознигарӣ кардани талабот нисбати номзадҳо ба вазифаи судягӣ мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор дода шавад.
Омўхтани масъалаи аз ҷониби суди шаҳри Душанбе дар марҳилаи якум баррасӣ намудани парвандаҳои ба марҳилаи якуми Суди Олӣ тобеиятдошта,  инчунин баррасии шикоятҳои кассатсонию назоратӣ нисбати санадҳои судии судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар суди шаҳри Душанбе ва дар ин замина манзур намудани пешниҳодҳои асоснок.
Барномаҳои ислоҳотҳои судӣ- ҳуқуқӣ, ки аз соли 2007 то соли 2021 амалӣ гардиданд, барои устувор шудани муносибатҳои гуногун дар ин самт нақши калидӣ бозида, қонунгузории Тоҷикистон такмил дода шуда, барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва  адолати судӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Имруз сатҳи таъминоти моддию техникии судҳо, омода намудан кадрҳои баландихтисос, саривақт баррасӣ ва ҳал шудани парвандаҳои судӣ, қабули санадҳои қонунию асоснок ба талаботи ҷомеа ва замона як дараҷа ҷавобгу шудаанд.
Аммо ба ҳамаи ин дастовардҳо нигоҳ накарда, ҳоло ҳам масъалаҳое дар ин самт ҷой доранд, ки онҳо ҳалли умумро талаб менамоянд. Ин пеш аз ҳама омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бозомузии судяҳо, ки заминаи асосӣ ва кафолати самаранокии баамалбарории адолати судӣ мебошад.
Институти судя-коромўз ба ҳамаи бартариятҳояш нигоҳ накарда, имруз он ниятҳое, ки таъсиси ин ниҳод дошт аз ҷиҳати мусбӣ арзёбӣ нагардид ва илова бар ин аз буҷети давлат хароҷоти зиёдати сарф мешавад. Хоста гирифтан ва ҷо ба ҷо гузории судяҳо низ таҷдиди назарро талаб мекунад. Аз ҷумла, ротатсияи судяҳо (ин ба судяҳои шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, судҳои гарнизонҳои ҳарбӣ тааллуқ доранд) новобаста аз муҳлати таъини онҳо ҳар се сол амалӣ карда шавад, ки ин як дараҷа пеши роҳи муносибатҳои коррупсиониро дар ин соҳа мегирад. Бо ин мақсад судяҳо, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати даҳ сол таъин карда мешаванд, масъалаи ротатсияи судяҳо бо пешниҳоди Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раисони судҳои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар се сол бояд амалӣ карда шавад.
Инчунин, таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки дар мансаби судяҳои Суди конститутсионӣ, судҳои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба сини 70-солдагӣ расидан ба мақсад мувофиқ аст, зеро ин судҳо салоҳияти назоратӣ дошта, ба санадҳои қабулнамудаи судҳои поёнӣ ва мақомотҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, таҷрибаи ягонаи судиро дар мамлакат таъмин менамоянд. Барои амалӣ намудани ин вазифаҳо пеш аз ҳама таҷрибаи бойи корию зиндагӣ ва оқилиро талаб менамояд, ки ин дар натиҷаи ба як синну соли муайян расидан пайдо мешавад. Ин ҳолат барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани таҷрибаи босубботи судӣ ва татбиқи дурусти меъёрҳои моддию мурофиавӣ мусоидат менамояд.
Илова бар ин, баъзе муқарраротҳои қонунгузориҳои мурофиавӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намуданро талаб менамояд то баробарии тарафҳо ва мубоҳисавӣ будани муҳокимаҳои судӣ таъмин гардад.
Агар лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намоем, мебинем, ки сохтор, мазмун ва моҳияти он талаботҳои Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028-ро дар бар намегирад ва он таҷдиди назарро талаб менамояд.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ буда, барои таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як фарди кишвар нигаронида шудааст, ки он бояд таҳлилу омўзиши васеи қишрҳои гуногуни ҷомеаро фаро гирад.
 
Қодирзода Тоҳир Қамар 
 
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими пешбарӣ илмии шуъбаи
масоили назариявии давлатва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
 
[1] Муфассалтар ниг.: Фарњод Рањимї. Паём фарогир ва дурнамої рушди кишвар бо ташаббусњои љањонї. Паёми Пешвои миллат-њуљљати камназири давлатсозї; Душанбе 2023 с. 44-61; Бобољонзода И.Њ.-Паёми таќдирсоз ва ояндабин. Душанбе 2023 с. 66-80; Сайнозимзода Фирўз Сайнозим. «Табиати њуќуќии Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон: масъалањои назариявї ва амалї». Дисс. барои дарёфти ун. илмии н.и.њ. Душанбе, 2022; Мањмудзода М., Сотиволдиев Р. Ташаббусњои ќонунгузории Президенти Љумњурии Тољикистон   Эмомалї Рањмон ва ањамияти онњо дар рушди давлати соњибистиќлол. Нашри 2-юм. Душанбе: ЭР-граф, 2016. 192 с.; Насриддинзода Э.С. Наќши Пешвои миллат дар баланд бардоштани фарњанги њуќуќии љомеа // Вањдат, Давлат, Президент. Љилди XXXШ. – Душанбе: Ирфон, 2021. – С. 6-20.
[2] Паёми Президенти ЉТ Э.Ш. Рањ­мо­нов ба Маљлиси Олї, 30 апрели соли 2004. – Душанбе, 2004. – С. 2.
[3] Паёми Президенти ЉТ Э.Ш. Рањ­мо­нов ба Маљлиси Олї, 23 декабри соли 2022. Паёми Пешвои миллат-њуљљати камназири давлатсозї. – Душанбе, 2023. – С. 37.
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia