casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Аё модар

Аё Модар, ки қалбат мазҳари ин бекарона, ҳамчу кайҳон, меҳру эҳсон аст,
Аё Модар, дуоят мисли ҷавшан, аз балоҳои замину осмон моро нигаҳбон аст!
Намеғунҷад бузургии ту дар маҳдудаи тафкир.
Ба васфи ту қалам оҷизу ақлу дида ҳайрон аст. Муфассал ...

Масъалаҳои иҷтимоӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Маълум аст, ки масъалаҳои иҷтимоӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат дар сатҳи хеле паст қарор дошт ва вазъияти гурўҳҳои иҷтимоии аҳолии кишвар тоқатфарсо буд. Дар натиҷаи кўшишҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол кишвари Тоҷикистон тавонист ин вазъияти ногуворро паси сар кунад. Маҳз дар Паёми Пешвои миллат ҳама сола ба ин масъалаи ҳаётан муҳим диққати махсус дода мешавад, чунки бе ҳалли самараноки масъалаи иҷтимоӣ, ки ба ҳаёти ҳар як фарди ҷомеа таъсиррасон аст, рушди ҷомеаро таъмин кардан ғайри имкон аст. Муфассал ...

Мақоми иҷтимоии зан-модар дар ҷомеа

  “Дар ҷомеа таваҷҷӯҳи бештар ба писарон мешавад, на ба духтарон. Ин даҳшат ва хатои ҷиддӣ аст. Бо чунин ақидаҳо ҷомеаи мо ҳеҷ гоҳ ба пеш намеравад”.  Робиндранат Такур
   Дар ҷомеаи мо зан-модар мақоми махсусро соҳиб мебошад. Маҳз ин аст, ки дар тамоми паёму баромадҳои сарвари давлат оиди мақоми иҷтимоии зан махсус таъкид мегардад. Инчунин бояд ин нуқтаро қайд намуд, ки имрӯз соҳае вуҷуд надорад, ки бе саҳми занон ва модарон рушду тараққӣ намояд. Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону модарон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида шуда истодааст. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia