Институт
- Душанбе, 22 Май 2023
Лаҳзаи пайдоиши ҳаёти инсон ва ҳифзи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисмҳои 1, 2 ва 3) мутобиқан 28 ва 23 сол гузаштааст, аммо ислоҳоти ҳуқуқи ҳоло ҳам дар Тоҷикистон дар ин самт идома дорад. Чунки дар ин ҷо сухан на танҳо дар бораи қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ меравад, балки ин падида аз бисёр дигар омилҳо вобастагии ногусастани дорад. Қабули қонун ва амали он агар фаъолияти доимии давлатӣ бошад, аммо дарозумрии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз дигар омилҳо, ба монанди устувории муносибатҳои ҷамъиятӣ, самаранокии татбиқи онҳо, вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои давраи ҷаҳонишавӣ алоқамандии бевосита дорад.
Ҳамаи ин омилҳоро таҳлил намуда, профессор Раҳимзода М.З. қайд менамояд, ки: “Қонунгузории маданӣ дар баробари соҳаҳои дигари қонунгузорӣ сифатан якхела набуд. Аз ҷиҳати систематизатсия номукамал буда, аз ҷиҳати таҳия техникаи ҳуқуқӣ ва таъминоти молиявию иқтисодиашон дар сатҳи гуногун қарор доштанд. Мухолифат ва холигӣ дар байни меъёрҳои қонунгузории маданӣ боқи монда, аз ҷиҳати забон коста, ва ҳатто матни забони тоҷикӣ ба забони русӣ мувофиқат наменамуд. Сифатан қонунгузории маданӣ ба талоботи рушди муносибатҳои нави бамиёномада ҷавоб намедод.”[1]
Муфассал ...
- Шанбе, 20 Май 2023
Пешвои миллат ва сиёсати ҷавонон
Воқеан ҳам ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста аст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, инчунин, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Муфассал ...
- Чоршанбе, 17 Май 2023
О военно-политической обстановке в Афганистане на нынешнем этапе
Анализ происходящих в Афганистане событий показывает, что военно - политическая обстановка в этой стране остается сложной и имеет, в перспективе, тенденцию к ухудшению.
Приход Движения Талибана (движение, деятельность которого запрещена в РТ) к власти в Афганистане расценивается мировым экстремизмом победой глобального радикализма, которая воодушевляет и подталкивает к действиям другие террористические и экстремистские группировки как салафиты, джихадисты и вахабиты во всем мире, в том числе и в странах СНГ. В их глазах победа талибов выглядит, как показательный пример, который следует повторить в других странах. Поэтому дальнейшее укрепление власти талибов может превратить Афганистан в постоянную базу для подготовки и вылазки разных радикальных групп.
Муфассал ...