Лаҳзаи пайдоиши ҳаёти инсон ва ҳифзи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Душанбе, Май 22 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисмҳои 1, 2 ва 3) мутобиқан 28 ва 23 сол гузаштааст, аммо ислоҳоти ҳуқуқи ҳоло ҳам дар Тоҷикистон дар ин самт идома дорад. Чунки дар ин ҷо сухан на танҳо дар бораи қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ меравад, балки ин падида аз бисёр дигар омилҳо вобастагии ногусастани дорад. Қабули қонун ва амали он агар фаъолияти доимии давлатӣ бошад, аммо дарозумрии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз дигар омилҳо, ба монанди устувории муносибатҳои ҷамъиятӣ, самаранокии татбиқи онҳо, вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои давраи ҷаҳонишавӣ алоқамандии бевосита дорад.
Ҳамаи ин омилҳоро таҳлил намуда, профессор Раҳимзода М.З. қайд менамояд, ки: “Қонунгузории маданӣ дар баробари соҳаҳои дигари қонунгузорӣ сифатан якхела набуд. Аз ҷиҳати систематизатсия номукамал буда, аз ҷиҳати таҳия техникаи ҳуқуқӣ ва таъминоти молиявию иқтисодиашон дар сатҳи гуногун қарор доштанд. Мухолифат ва холигӣ дар байни меъёрҳои қонунгузории маданӣ боқи монда, аз ҷиҳати забон коста, ва ҳатто матни забони тоҷикӣ ба забони русӣ мувофиқат наменамуд. Сифатан қонунгузории маданӣ ба талоботи рушди муносибатҳои нави бамиёномада ҷавоб намедод.”[1]
Қабули КМ ҶТ на танҳо дар танзими муносибатҳо ва қонунгузории маданӣ, балки дар низоми ҳуқуқии ҶТ як таҳаввулоти бузургеро роҳандозӣ менамояд. Чунки сатҳи инкишофи ҷомеа, ба вуҷуд омадани муносибатҳои нав ба нави молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ, тақсими одилонаи неъматҳои моддӣ, паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар байни қиршҳои гуногуни ҷомеа маҳз аз сифат ва самаранокии танзим ва татбиқи муқарраротҳои КМ ҶТ алоқамандии ногусастанӣ доранд.
Мо аз таърихи давлатдорӣ ва рушди ҳуқуқ хуб медонем, ки дар ҳама давру замон маҳз мавқеи молумулк ва ҳуқуқи моликияти маҳаки муайянкунандаи сатҳи ҷомеа ба ҳисоб меравад.[2] Вобаста ба ин ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектони муносибатҳои маданӣ муайян ва танзим карда мешаванд. Аз ин лиҳоз КМ ҶТ, ки муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро дар сатҳи сифатан нав пешбинӣ намуда, ба танзим медарорад, зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.
Пеш аз ҳама навоварӣ ва дастоварди бузурги КМ ҶТ ин танзими муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ дар як сатҳ бо муносибатҳои молумулкӣ мебошад (мод. 2), яъне васеъ гардидани мавзўи танзим. Агар мо ба КГ ҶТ назар афканем пас мебинем, ки қонунҳои гражданӣ муносибатҳои молу мулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкии марбут ба онҳоро, ки ба баробарӣ, мухторияти хоҳишу ирода ва мустақилияти молу мулкии иштирокчиёнашон асос ёфтааст, танзим менамоянд (мод.1). Дар КМ ҶТ бошад омадааст, ки қонунгузории маданӣ муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиеро, ки ба баробарӣ, мухторияти ирода ва мустақилияти молумулкии иштирокдоронашон асос ёфтаанд, танзим менамояд. Акнун сухан дар бораи институти пурраи ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва неъматҳои ғайримоддӣ меравад, ки ин муносибатҳо дар КГ ҶТ танҳо ҳамон вақт танзим мешуданд, ки агар ба муносибатҳои молу мулкӣ марбут дошта бошанд.
Тибқи моддаи 136 КМ ҶТ объектҳои ҳуқуқҳои маданӣ метавонанд неъмату ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ бошанд. Ба неъмату ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ қонунгузории маданӣ ҳаёт, саломатӣ, эътибори шахс, шаъну шараф, номи нек, эътибори корӣ, дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, ҳуқуқ ба ном, ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқи дахлнопазирии асар ва дигар неъмату ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ, ки қонун танзим менамояд, пешбинӣ мекунад.
Дар моддаи 166 КМ ҶТ, ки «Неъмат ва ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ» ном дорад, мафҳум, мазмун ва моҳияти ин неъмату ҳуқуқҳо кушода дода шудаанд. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки неъматҳои ғайримолумулкӣ объекти ҳуқуқҳои маданӣ буда, мазмуни иқтисодӣ надоранд ва аз шахсият ҷудонопазир мебошанд. Ба неъматҳои ғайримолумулкӣ ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф, эътибори корӣ, ном ва дигар неъматҳое, ки муносибатҳои вобаста ба онҳоро қонунгузории маданӣ танзим мекунад, мансубанд. Мазмуни ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкиро имконияти шахси воқеӣ дар хусуси озодона ва бо салоҳдиди худ тибқи қонунгузорӣ муайян намудани рафтор дар муносибатҳои маданӣ ташкил медиҳад (мод. 225).
Ҳуқуқи шахсии ғайримолумулкӣ ҳуқуқи субъективӣ буда, нисбат ба неъматҳои ғайримолумулкӣ ба вуҷуд омада, мазмуни иқтисодӣ надошта, бо шахсияти инсон робитаи ногусастанӣ дошта, ба муайянсозӣ ва инкишофи фардият равона шуда, хусусиятҳои хоси бавуҷудоӣ ва қатъшавӣ дорад. Шахси воқеӣ наметавонад аз ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ даст кашад, инчунин аз ин ҳуқуқҳо маҳрум гардад. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ ба шахси воқеӣ аз лаҳзаи таваллуд то вафот тааллуқ доранд. Номгӯйи неъмату ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ маҳдуд набуда, дар КМ ҶТ ва қонунҳои дигар намудҳои дигари онҳо пешбинӣ шуда метавонанд.
Чи тавре ки дар боло қайд намудем, ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ дар КМ ҶТ дар фасли алоҳида, фасли 2, ки «Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ» ном дорад, танзим мешаванд. Ин фасл аз 3 бобҳои зерин иборат мебошад: «Боби 14. «Муқаррароти умумӣ», Боби 15. «Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкие, ки мавҷудияти табиии шахси воқеиро дар муносибатҳои маданӣ таъмин мекунанд» ва Боби 16. «Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкие, ки мавҷудияти иҷтимоии шахси воқеиро дар муносибатҳои маданӣ таъмин мекунанд».», ки моддаҳои 225-254-ро дарбар мегиранд.
Бояд тазаккур дод, ки дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба дар сатҳи қонун расман лаҳзаи бавуҷуд омадани ҳаёти инсон ва ҳифзи он дақиқ муайян карда шуд[3]. Яъне, «Ҳаёти инсон аз лаҳзаи обистан шудан дар батни модар то марги ӯ ҳифз карда мешавад» (қ.1 м. 232 КМ ҶТ). Дар як вақт муқаррар карда шудааст, ки тартиби безуриётсозӣ ва қатъи сунъии ҳамлро қонун муайян мекунад (қ.3 м. 233 КМ ҶТ). Агар мо ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рў орем, пас маълум мегардад, ки «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад. Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин (м.м. 5, 18). Яъне, аз ин муқарраротҳои Конститутсия бармеоянд, ки КМ ҶТ онҳоро мушаххас намуда, ҳадду ҳудуди онҳоро муайян ва танзим менамояд.
Тибқи муқаррароти КМ ҶТ акнун тартиби исқоти ҳамл на бо санадҳои зерқонунӣ балки бо қонун муайян карда мешавад. Мутобиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2008 № 202 «Дар бораи гузаштан ба меъёрҳои таваллуди зинда ва мурдатаваллуди аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсияшаванда» исқоти ҳамл ҳама гуна қатъ кардани ҳомиладорӣ фаҳмида мешавад. Бо мақсади равшан кардани муносибати байни ҳуқуқ ба ҳаёт ва ёрии тиббӣ маҳз қатъи сунъии ҳомиладорӣ аҳамият дорад, яъне бо хохиши зан амалӣ карда мешавад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ аз мавҷуд набудани усули ягонаи имрӯзаи танзими ҳуқуқии исқоти ҳамл шаҳодат медиҳад. Ҳамин тавр, масалан, дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка (минбаъд-ИМА), ки бо принсипҳои демократии худ машҳур аст, масъалаҳои танзими қатъи сунъии ҳомиладорӣ бо хусусиятҳои муайян тавсиф карда мешаванд. Масъалаи ҳуқуқи зан ба исқоти ҳамл, дар шакли тиббӣ, дар ин ҷо ранги муайяни иҷтимоию сиёсӣ пайдо кардааст. Суди Олии ИМА ҳангоми баррасии парванда дар бораи қонунӣ будани исқоти ҳамл ба хулосае омад, ки “ҳуқуқи мустақилияти шахс хеле васеъ буда, ҳуқуқи занро барои қабули қарор дар бораи қатъ кардани исқоти номатлуби (бо як сабаб ё дигар) ҳомиладорӣ фаро мегирад. Аммо дар шароити исқоти ҳамл ҳуқуқ ба мустақилияти шахсӣ мутлақ нест: зан наметавонад ҳомиладории худро дар ҳар марҳила, ки мехоҳад, бо ҳар роҳе, ки мехоҳад ва бо ҳар сабабе, ки мехоҳад, танҳо қатъ кунад». Суд муқаррар кардааст, ки зан дар давоми се моҳи ҳомиладорӣ ҳуқуқ дорад озодона дар бораи исқоти ҳамл қарор қабул кунад ва аз лаҳзаи пайдо шудани қобилияти ҳомила қатъи сунъии ҳомиладорӣ, ба истиснои таҳдид ба саломатӣ ё хаёти зан, маън аст.
Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 92 муқаррар менамояд, ки қатъи сунъии ҳомиладорӣ, аз ҷумла бо сабабҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ бо хоҳиши зан дар мўҳлати ҳомиладорӣ, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар кардааст, сурат мегирад. Шартҳо ва рӯйхати нишондодҳои тиббӣ барои ба таври сунъӣ қатъ намудани ҳомиладорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва номгӯи нишондодҳои иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Масалан, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 1998, № 432 «Дар бораи тасдиқи Номгӯи нишондодҳои иҷтимоӣ барои қатъи сунъии ҳомиладорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қатъи сунъии ҳомиладорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши зани ҳомила дар ҳолати мавҷуд будани аломатҳои зерини иҷтимоӣ иҷозат дода мешавад:
1) фавти шавҳар ҳангоми ҳомиладории занаш;
2) будубоши зан ё шавҳари у дар ҷойҳои махрум сохтан аз озодӣ;
3) зан ё шавҳар бо тартиби муқарраргардида бекор эътироф шуда бошад;
4) ҳалномаи суд дар бораи маҳрум кардан ё маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ;
5) агар зан никоҳ надошта бошад;
6) талоқ ҳангоми ҳомиладорӣ;
7) ҳомиладорӣ дар натиҷаи таҷовуз ба номус;
8) маъюбии гурўҳҳои 1-2-и шавҳар;
9) дар оила мавҷуд будани кўдаки маъюб;
10) набудани манзил, дар хобгоҳ, дар квартираи шахси дигар зиндагӣ кардан;
11) зане, ки мақоми гуреза ё муҳоҷири маҷбуриро дорад;
12) даромади ба як аъзои оила камтар аз ҳаҷми зиндагӣ;
13) серфарзанд будан (шумораи кўдакон 5 ва бештар аз он).
Агар мо ба ин номгўи нишондодҳои иҷтимоӣ барои қатъи сунъии ҳомиладорӣ назар афканем, пас хулоса баровардан мумкин аст, ки барои баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ва шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам овардан дида, ба мо нест кардани ҳаёти бавуҷудомада осонтар ва камхароҷоттар мебошад. Ҳол он ки ҳамон ҳаётро дуюмбора ё такроран бавуҷудовардан ғайриимкон аст. Агар ин номгўи нишондодҳои иҷтимоии қатъи сунъии ҳомиладориро бо муқарраротҳои Конститутсия муқоиса ва баҳодиҳӣ намоем, пас маълум мегардад, ки онҳо на ҳама вақт ба меъёрҳои Конститутсия мутобиқат мекунанд.
Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад (м. 1). Яъне, Конститутсия дар як вақт хусусияти давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистонро муайян мекунад. Аз ин лиҳоз, дар сатҳи қонун танзим намудани қатъи сунъии ҳомиладорӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи ҷудонашавандаи инсон буда, ҳеҷ кас бе асоси қонунӣ аз ҳаёт маҳрум карда намешавад. Қонеъ намудани хоҳиши инсон оид ба қатъи ҳаёт манъ аст, яъне эфтаназия дар қаламрави Тоҷикистон дар сатҳи қонун маън карда шудааст ва барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ барои одамкушӣ пешбинӣ шудааст.
Мавриди озмоиши тиббӣ, илмӣ ва дигар намуди озмоишҳо қарор додани шахси ноболиғ манъ буда, гузарондани озмоиши тиббӣ, илмӣ ва дигар намуди озмоишҳо нисбат ба шахси болиғи дорои қобилияти пурраи амалкунӣ танҳо бо розигии ӯ иҷозат дода мешавад, ки ин ҳам барои ҳифзи ҳаёти инсон равона карда шудааст. Илова бар ин, ҳар шахси ҳуқуқ дорад ҳаёт ва саломатии худ, инчунин ҳаёт ва саломатии дигаронро аз суиқасди ғайриқонунӣ бо тарзҳои манънакардаи қонун ҳимоя намояд.
Ҳар шахс шахс ба ёрии тиббӣ ҳуқуқ дорад. Агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, шахси воқеӣ ҳуқуқ дорад аз муолиҷа даст кашад. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир, ҳангоми ҷой доштани таҳдид ба ҳаёти шахс, ёрии тиббӣ бе розигии ӯ ва ё намояндагони қонуниаш расонда мешавад. Дар ҳолати марги шахс хешовандони наздик ё шахси дигари ваколатдорнамудаи онҳо ҳуқуқ доранд дар тадқиқи сабаби марг иштирок намуда, бо тамоми ҳуҷҷатҳои марбутаи он шинос шаванд, ҳамчунин хулосаҳо нисбат ба сабаби маргро дар суд мавриди баҳс қарор диҳанд.
Ҳар шахс ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҷисмонӣ дорад. Гирифтан ва додани хун, ҷузъҳои он, узву бофта, дигар маводи пайвандсозӣ, инчунин бофтаҳои репродуктивӣ мувофиқи розигии шахс ва бо тартиби муайяннамудаи қонун амалӣ карда мешаванд. Ҳар як дахолат ба тамомияти бадани инсон тибқи қонун ҷавобгарӣ дорад.
Аз ин рў, ҳаёти инсон аз лаҳзаи пайдоиш то марги ў зери ҳимояи давлат қарор дошта, ҳангоми вайронкунӣ ҷавобгарӣ пебинӣ гардидааст. Дар назария ва амалия асосан барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон ҷавобгариҳои маданӣ ва ҷиноятӣ самаранок мебошанд, бештар пеши роҳи ин ҳуқуқвайронкуниҳоро мегиранд. Дар бораи намуд ва андозаҳои ин ҷавобгариҳои дар мақолаҳои оянда ба саҳми хонандагон пешниҳод карда мешавад.
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
мудири шуъбаи масоили назариявиидавлат ва ҳуқуқи
муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
мудири шуъбаи масоили назариявиидавлат ва ҳуқуқи
муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
[1] Муфассалтар ниг.: Раҳимзода М.З. Доир ба баъзе масъалаҳои ташаккул ва рушди қонунгузории маданӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон. Рушди қонунунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият. Маҷмӯи мақолаҳои мизи мудаввар бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2022.–С. 33-50; Раҳимзода М.З. К вопросу формирования и дальнейщего совершенствования гражданского законодательства Республики Таджикистан в период независимости /Евразийский юридический журнал, 2022. -№4 (167).-С.49-53; Рахимов М.З. Развитие законодательства Республики Таджикистан в период независимости //Журнал российского права. 2013, №2 (194).-С.102-103; Рањимзода М.З. Гражданское законодательство Республики Таджикистан: проблемы и тенденции развития «Гражданское право в современном мире: влияние на развитие национального права», Материалы юбилейной междунар. Нау.-практ. Конф. Посвященной 20-летию цивилистических чтений (Алматы, 17-18 мая 2018г.) Алматы, 2019. –С. 64-73.
[2] Муфассалтар ниг.: Усмонов О.У. Гражданское право дореволюционного Таджикистана. Душанбе, 1972; Усмонов О.У. Становление советского гражданского права в Таджикистане. Душанбе, 1973; Тахиров Ф.Т. Становление советского права в Таджикистане. Душанбе, 1987; Тахиров Ф.Т. Развитие права в Таджикистане. Душанбе, 1994; Ойгензихт В.А. Избранные труды. Душанбе: "Типография ТНУ", 2019. - 740 с.; Махмудов М.А., Менгилиев Ш.М. Римское частное право. (конспект лекций).- Душанбе: Сино, 2000. -119с.; Новитский И.Б. Римское право. Учебник для вузов. М.: Юридическое издательство Министерства юстиции СССР -М.1948.- 584 с.; Рахимзода М.З. Избранные труды по гражданскому и предпринимательскому праву. Душанбе, «Бухоро», 2014, 638с.; Холиќзода А.Ѓ., Шосаидзода Ш.Ш., Аминљонов А.Х., Соњибзода М.С. Њуќуќ дар таърихи халќи тољик: монография. –Душанбе: «ЭР-граф», 2022. -508с.
[3] Муфассалтар ниг.: Тагайназаров Ш.Т., Бабаджанов И.Х., Бадалов Ш.К., Бабаджанов. Дж.Б. Жизнь и здоровье человека: современные проблемы правовой ответственности. Душанбе: «ЭР-граф», 2010. 452 с.
Матлабҳои дигар аз Институт
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции
- Ташаббусҳои Пешвои миллат – роҳ ба сўйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон