Институт
- Чоршанбе, 17 Май 2023
Дунявият, тафаккури дунявӣ ва давлати дунявӣ
Санаи 16 майи соли 2023 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-методӣ дар мавзуи “Дунявият, тафаккури дунявӣ ва давлати дунявӣ» бо иштироки тамоми кормандони Институт баргузор гардид. Мухтасари баромади маърузачии асосии семинари мазкур – Х.М. Зиёиро ба хонандагони сомона барои шиносоӣ бо нуктаҳои асосии ин чорабинии илмӣ пешниҳод месозем.
Муфассал ...
Муфассал ...
- Душанбе, 15 Май 2023
Давлати дунявӣ ва аҳамияти он дар ҳифзи арзишҳои миллӣ
Мусаллам аст, ки модели давлати дунявӣ нисбат ба дигар шаклҳои мавҷудаи сохтҳои давлатдории муосир бартариҳои зиёдеро доро аст. Бояд қайд намуд, ки танҳо ҳамин шакли давлатдорӣ ва принсипҳои он дар раванди дигаргуниҳои ҷаҳони муосир, ки ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва ҳалталаби рӯз мубаддал гаштааст, имкон дорад роҳи халли дурусти масъаларо пешниҳод намояд ва ҳамзамон пайи ҳифзи арзишҳои миллӣ гоми устуворе бошад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мефармоянд: «Давлати мо давлати дунявист, аз ин рӯ на пайравони тариқати атеистӣ, на пайравони дин, на пайравони демократияи дурӯғин, на тарафдорони ҷомеаи коммунистӣ ва на муътақидони ягон шакли дигари ақоиду афкори сиёсӣ ҳуқуқ надоранд ба хотири густариши режими сиёсиву динӣ Конститутсия ва дигар қонунҳои мавҷудаи ҷамъиятиро сарфи назар намоянд». [1,19]
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 04 Май 2023
Номаи иттилоотӣ
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 10 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи «Мероси илмӣ-табиатшиносӣ ва иҷтимоӣ-фалсафии Абурайҳони Берунӣ ва саҳми он дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор менамояд. Конференсияи мазкур бахшида ба 1150-солагии ин мутафаккир-энсиклопедисти бузурги Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад. Дар конференсия маърузаву мақолаҳо оид ба соҳаҳои гуногуни илмҳои табиатшиносӣ (астрономия, география, геодезия, минералогия ва ѓ.), фалсафа, адабиёт, этнография, фарҳанг ва ғайра, аз ҷумла дар мавзуъҳои зерин баррасӣ мешаванд:
Муфассал ...