casino malaysia
casino malaysia
Номаи иттилоотӣ

wrapper

  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 10 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи «Мероси илмӣ-табиатшиносӣ ва иҷтимоӣ-фалсафии Абурайҳони Берунӣ ва саҳми он дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор менамояд. Конференсияи мазкур бахшида ба 1150-солагии ин мутафаккир-энсиклопедисти бузурги Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад. Дар конференсия маърузаву мақолаҳо оид ба соҳаҳои гуногуни илмҳои табиатшиносӣ (астрономия, география, геодезия, минералогия ва ѓ.), фалсафа, адабиёт, этнография, фарҳанг ва ғайра, аз ҷумла дар мавзуъҳои зерин баррасӣ мешаванд:
  1. Даврони Абурайҳони Берунӣ ва рушди илм.
  2. Мероси табиатшиносии Абурайҳони Берунӣ ва аҳамияти он барои илми муосир.
  3. Мероси таърихӣ-илмӣ ва фарҳангии Абурайҳони Берунӣ.
  4. Саҳми Абурайҳони Берунӣ дар рушди илмҳои фалсафӣ, адабӣ-забоншиносӣ ва ғ.
  5. Методологияҳои муосир барои таҳқиқи мероси илмии Абурайҳони Берунӣ.
  6. Абурайҳони Берунӣ ва тамаддуни муосир.
Шартҳои иштирок ва тарҳрезии мақолаҳо
  1. Маводди конференсия дар шакли мақолаҳои илмӣ қабул карда мешаванд. Мақолаҳои пешниҳодшуда бояд дар самтҳои мушаххаси конференсия, дар заминаи таҳлилҳои мустақили илмӣ ва андешаҳои асил пешниҳод карда шаванд.
  2. Матни мақола дар шакли анъанавӣ ва электронӣ пешниҳод гардида бояд дар ҳудуди 8-16 саҳифа бошад (формати варақ – А4; шрифт – Times New Roman, андозаи шрифт – 14; фосила – 1,5; ҳошия аз боло, поён, чап ва рост – 2,5 см). Сарлавҳаи мақола бо ҳарфҳои калон навишта шуда, сатри дуюм партофта мешавад, дар сатри сеюм ному насаби муаллиф ва дар сатри дигар дараҷаи илмӣ ва номи муассиса ё ташкилот, нишона ва суроѓаи муаллиф нишон дода мешавад.
  3. Ба мақола аннотатсия (ҳадди аксар 100 калима) ва калимаҳои калидӣ (на зиёда аз 10 мафҳум) бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ замима карда мешаванд.
  4. Рӯйхати адабиёти истифодашуда дар охири матн оварда шуда, истиноди библиографӣ дар дохили қавсайн - [] (зикри рақами адабиёт; саҳифаи дахлдор). Номи адабиёт ба забонҳои арабӣ ва форсӣ бояд ба забони русӣ ва тоҷикӣ тарҷума шавад (бо нишон додани: «ба форсӣ» ё «ба арабӣ»).
Муаллиф (ҳо) барои эътимоднокӣ ва саҳеҳии маълумоти дар матн овардашуда масъуланд.
Ҳама хароҷоти марбут ба баррасӣ ва нашри мақолаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ташкилкунандагони конференсия пардохт карда мешавад. Хароҷоти сафар ва истиқомат аз ҳисоби иштирокдорон аст.
Забонҳои кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Мақолаҳое, ки барои конференсия қабул карда мешаванд, баргардонида намешаванд. Мақолаҳо дар шакли электронӣ ва чопи компютерӣ то 01 сентябри соли 2023 қабул карда мешаванд.
Маълумот барои тамос: 734025, Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33. Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ. 
Намояндагони Кумитаи тадорукот: Шуъбаи таърихи фалсафа ва Маркази «Синошиносӣ»-и ИФСҲ АМИТ.
Телефонҳо барои тамос: 221-07-28, 221-39-49                    
Почтаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia