casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Сабабҳои суқути ҳукумати Ҷумҳурии исломии Афғонистон, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди он

  02 июни соли 2023 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии коршиносони масоили сиёсии муносиботи байналмилалӣ таҳти раёсати ноиби президенти АМИТ А.Н.Маҳмадов баргузор  гардид.
  Дар вохӯрии коршиносон Котиби илмии АМИТ д.и.т., профессор Қ. Искандаров, мудири Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ д.и.с., профессор А.Искандаров, мудири Кафедраи фалсафаи ичтимоъӣ д.и.ф., профессор А.С.Саидов, мудири Шуъбаи сиёсатшиносӣ н.и.с. С.Муродов, д.и.ф. Р.Ҳайдаров, директори Маркази осори хатии АМИТ Р.Давлат ва дигар ходимони илмии Академия ширкат намуданд. Муфассал ...

Дар фазои файзбори сулҳу ваҳдати миллӣ

 Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои соҳибистиқлолӣ буда, таҷассумгари фарҳанги баланд, хирад ва майли мардуми мо ба сулҳпарварӣ мебошад. Бо гузашти солҳо арзишу аҳамияти ин дастоварди бузург боз ҳам афзунтар мешавад. Ба шарофати ин дастовард ва рӯҳияи устувор халқи тоҷик тавонист соҳибихтиёрии кишвар, тамомияти арзии онро ҳифз намуда, ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардид. Ваҳдат нурест, ки ба зулмоти шабистони ҷанги шаҳрванди ворид шуд ва роҳи раҳоии моро аз вартаи нобудӣ нишон дод. Ин нур ба сарзамини мо сулҳи деринтизори моро овард. Муфассал ...

Зарурати тавсеаёбии муносибатҳои илм ва давлат

  Ҳар як нафаре, агарчи дар соҳаҳои илм шуғли касбӣ надорад, ҳар гоҳе саҳифаи рӯзнома ё Интернетро кушода, анбӯҳи хабару маълумотро аз назар мегузаронад. Аксари ин хабарномаҳо сархати монанд доранд: «Олимон исбот карданд, ки…», «Аз таҳқиқи анҷомдодаи олимон натиҷагирӣ шуд, ки…» ва ғайра. Дар қисми зиёди чунин хабарномаҳо (маҳз хабар, на маълумот) «тарзи дуруст»-и хӯрокхӯрӣ, фароғату истироҳат, нафаскашӣ, фикрронӣ ва ғайра барои тӯлонию беҳтар зистани одамон пешниҳод карда мешавад. Дар чунин маврид, одатан, нишон дода намешавад, ки кадом олим, дар кадом озмоишгоҳ, бо супориши кӣ ин тадқиқотро гузаронидааст ва ҳисоботи худро доир ба натиҷаҳои таҳқиқоташ дар куҷо нашр кардааст. Ҳамчунин аз бурдубохту дурнамои ин «навгониҳо» чизе гуфта намешавад. Аз як тараф, чунин ҷузъиёти идеологӣ (идеологема) ба ҳаёти шаҳрвандон унсурҳои назоратро ворид менамояд, ҳамчун «мавзӯи доғи рӯз» ба таҷдиди назар кардани меъёру намунаҳои рафтор водор месозад ва назари бархе аз «олимон»-и сохтакору сиёҳкорро ҳақ мебарорад. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia