casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона аст

  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ дар қатори дигар масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба масъалаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус  муқобили  коррупсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чорабиниҳои муҳимеро таҳия ва дар амал татбиқ намуданд ва ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999, таҳти №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришватхӯрӣ)» ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия дар ҷумҳурӣ ибтидо гузошт. Муфассал ...

Танзими анъана ва ҷашну маросим ба манфиати мардуми кишвар аст

  Ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамеша дар тағйиру таҳаввул қарор дошта, маҳз ҳамин тағйиру таҳаввул раванди тараққиёти ҷамъиятро муайян месозад. Ҷашну маросимҳо, расму оин, урфу одат, қоидаҳои ахлоқӣ аз зумраи падидаҳои нисбатан устувор, маъмулӣ ва ҳамсафари доимии ҷомеаҳои миллӣ мебошанд. Ба гуфтаи файласуфи диншинос Д. Угринович, расму оин, урфу одат, маросиму ҷашн «шакли анъанавии интиқоли фарҳанг аз як насл ба насли дигар мебошанд ва дар асоси ҳамаи онҳо як чизи куллӣ, яъне анъана қарор мегирад, ки дар шаклҳои «ҳиссӣ» – аломат, нишона ва ғайра фаро гирифта меша вад». Ин падидаҳо дар натиҷаи дар рўзҳо ва давраҳои муайян мунтазам ҷашн гирифтан ба анъана табдил меёбанд, дар ҳаёти иҷтимоӣ-маишии одамон ҳузур пайдо мекунанд ва ба тафаккуру ҷаҳонбинии онҳо таъсир расонида, қолабҳои муайяни рафтору кирдорро ташаккул медиҳанд. Дар ниҳояти кор онҳоро як умумият, яъне анъана бо ҳам муттаҳид месозад, ки дар як вақт қонунҳои такроршавандаи онҳоро ҳам дар сатҳи тафаккури муҷаррад ва ҳам дар сатҳи падидаҳои дар шакли ҳиссӣ идрокшаванда ифода менамояд. Анъана аз нигоҳи В. Плахов дар ҳаёти иҷтимоӣ се вазифаро иҷро менамояд: «Якум, анъана аломатҳои умумӣ ва хусусиятҳои як қатор ҳодисаҳои ҷамъиятии ҳамҷинс, вале каму беш аз ҳамдигар фарқкунандаро дар худ инъикос менамояд; дуюм, мафҳуми анъанаро метавон дар як вақт ба маънои мустақим дар қатори маросим, расму оин, урфу одат ва ғайра истифода кард; сеюм, анъана метавонад ҳамчун муродифи мафҳумҳои «одоб», «маросим», «расму оин», «ҷашн» ва ғайра низ истифода гардад». Муфассал ...

ЗАХРУДДИНОВ ИЛЬЁСИДДИН ЗИЁВАДДИНОВИЧ

ЗАХРУДДИНОВ ИЛЬЁСИДДИН ЗИЁВАДДИНОВИЧ
Объявление о предстоящей защите диссертации
на соискание ученой степени кандидата наук
Дата публикации объявления: 06.06.2023 г.
Дата защиты: 29.08.2023 г., в 13:00 часов Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia