casino malaysia
casino malaysia
Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона аст

wrapper

  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ дар қатори дигар масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба масъалаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус  муқобили  коррупсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чорабиниҳои муҳимеро таҳия ва дар амал татбиқ намуданд ва ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999, таҳти №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришватхӯрӣ)» ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия дар ҷумҳурӣ ибтидо гузошт.
  Бо гузашти вақт, вобаста ба тағйироту пешравиҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия», таҳти №100 аз 25 июли соли 2005 як қадами муҳим вобаста ба рушди қоунунгузории зиддикоррупсионӣ дар мамлакат буд.
Бо мақсади муайян намудани дурнамои фаъолият дар ин самт аз 25 сентябри соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шудаст. 
Бо назардошти таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо дар ин самт, эътироф ва тасдиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оиди мубориза бо коррупсия, бахусус Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2003 бар зидди коррупсия, ки он 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) карда шудааст, ҷиҳати пайдо намудани таҷриба оид ба мубориза бо коррупсия гардид.
Дар ин замина Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» соли 2020 қабул гардид, ки Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки айни замон амал мекунад, аз қонуни пешина фарқи зиёд дошта, бисёр камбудиҳои онро аз байн бурда, мукаммал мебошад. Дар ин қонун муайян шудааст, ки  коррупсия - ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода мебаранд.
Аз ҷумла, мафҳуми «коррупсия» ба санадҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шуда, шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ низ ба доираи субъектони ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дохил карда шуданд.
Бори аввал ҷавобгарӣ барои қабули қарорҳои коррупсионӣ ба таври коллегиалӣ ба расмият даровардашуда муқаррар гашт, тартиб ва шакли баамалбарории чораҳои назорати молиявӣ оид ба вазъи дороии шахсони мансабдор саҳеҳтар шуда, кирдорҳои коррупсионӣ ба намудҳои интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноӣ ҷудо гардиданд ва Қонуни мазкур ба беҳшавии вазъи мубориза бар зидди коррупсия дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», дар бораи назорати давлатии молиявӣ, дар бораи прокуратура, дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ғайра қабул ва амал мекунанд, ки барои мубориза бо коррупсия мусоидат намуда истодаанд.
Коррупсия яке аз масъалаҳои мубрами замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад.
Бо иқдоми сиёсии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ ҳанӯз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мхсусгардонидшуда таъсис дода шуд.
Баҳри банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, таҳти №34 бори аввал барномаи зиддикоррупсионии давлатии “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ба тасвиб расида, баъди ба охир расидани муҳлати амали он, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардид.
Қобили қайд аст, ки тибқи таҳлилҳои Ташкилоти байналмилалии “Transparency International” Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори зиёда аз 170 давлати дунё соли 2007 дар самти дарки коррупсия дар зинаи 160-ум қарор дошта, дар соли 2015 ҷумҳурӣ дар зинаи 136-ум арзёбӣ гардидааст, ки ин маълумотҳо аз зина ба зина паст гаштани шиддати коррупсия дар кишвар шаҳодат медиҳанд.
Бо фармони Президенти Ҷумцурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  қабул гардид, ки он аз 195 банд иборат буда, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсияро муайян намудаст.
Муҳимияти проблемаҳои коррупсия ва зарурати муттаҳидсозӣ ва ҷалби тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кори пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, ташаккули фазои тоқатнопазир ба зуҳуроти коррупсионӣ ва мафкураи зиддикоррупсионӣ дар байни оммаи васеи аҳолӣ, ҳамоҳангсозии ҳамаи қувваҳо оиди муқовимат бо коррупсия дар Стратегия ба назар гирифта шудааст.
Бо иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияҳои номбурда ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми кирдорҳои коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин кирдорҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шудаст.
Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад. Чорабиниҳои дар Стратегия пешбинишуда ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои тадқиқотҳои илмию амалияи муқовимат ба коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтааст.
Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
Дар доираи стратегияҳо амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қайд менамоянд, ки «Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад».
Аз ин рӯ, дар  самтҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди коррупсия, стратегияҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки барои таъмини амнияти иқтисодии давлат ва некуаҳволии мардум равона шуда, мунтазам мавриди таҳқиқ қарор дода мешаванд. Зеро коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи ногувор ва паст кардани шиддату сатҳи он самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода шудааст.
Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонад.
Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад.
Коррупсия ба яке аз таҳдидҳои олами муосир табдил ёфтааст, ки амнияти кишварҳо ва минтақаҳоро зери хатар мегузорад. Он кулли мамлакатҳои оламро фаро гирифта, дар ҳар макону замон дар сатҳи мухталиф намоён мешавад. Ҳам дар мамлакатҳои пешрафта ва ҳам дар мамлакатҳои сустинкишофёфта ба таври хоса коррупсия зоҳир мегардад.
Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.
Пӯшида нест, ки коррупсия чун унсури манфии ҷамъият, новобаста аз дараҷаи тараққиёти он, мисли худи ҷомеа хеле куҳан буда, заминаҳои пайдошавӣ ва рушди худро дорад.
Ҳамин тариқ, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ба роҳ мондани пешгирии коррупсия мебошад, ки аз иродаи бевоситаи Пешвои муаззами миллат бармеояд.
Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.
Бо мақсади ташкили муборизаи самаранок бар зидди коррупсия ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи кишвар, инчунин андешидани чораҳои зарурии ҳуқуқӣ тақозо мекунад.
Итминони комил дорем, ки қонунҳо, фармонҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар татбиқ намудани қонунгузорӣ, назорати давлатии молиявӣ, амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва қонунию асоснок тафтиш намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунию ҷиноятӣ мусоидат менамоянд.
 
 
Қодирзода Тоҳир Қамар
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими пешбари Шуъбаи
масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia