casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими маориф ва илм дар ҷумҳурӣ

  Дастгирии соҳаи маориф ва илм, қабл аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди илму маориф вобастагии мустақим дорад. Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми давраи давлатдории хеш пайваста ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба мактабу омӯзгор эҳтирому арҷ гузошта, рушди маорифро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат дониста бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо соҳаи мазкурро дастгирӣ менамояд. Дар Паёми имсола низ ин нуктаҳо аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид гардид: “Мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем... Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.” [3]. Муфассал ...

Нақши паёми Пешвои миллат дар таҳкими мубориза бо ифротагароӣ

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар оғози Паёми имсолаашон гуфтанд: “ Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмуъ, соли бобарор буд”. Дигаргуниҳои дар овони ахир ба вуқуъ пайвастаи саёра вазъи муташанниҷи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, низоъҳо ва таҳоҷумҳои дорои характери гуногун (сиёсӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ,) аҳволи кунинии ҷаҳонро басо ҳассос ва мураккаб гардонида аз ҳарвақта дида ҷидду ҷаҳд ва муқовимати пуршиддатро нисбат ба зуҳуроти номатлуб чун ифротгароӣ талаб намуда ҳифзи ҳамаҷонибаи арзишҳои милливу манфиатҳои давлатиро бештар аз ҳарвақта аз дилхоҳ шахси бо ору номуси миллӣ ва ҳисси баланди худшиносӣ дошта тақозо менамояд.
Вазъи нооруму нигаронкунандаи кишварҳои мусулмоннишини Ховари Наздик ва Миёна, аз ҷумла Сурия, Ироқ ва Афғонистон нишон медиҳад, ки агар дар шароити буҳронии кунунӣ ҳама гуна равандҳои дорои моҳияту хусусияти динӣ аз доираи танзими ҳуқуқӣ ва давлатӣ берун шуда, аз маҷрои муътадили худ хуруҷ намуда, хусусияти ифротгароёна ва хушунатомез гиранд, пас ин ҳолат амнияту ваҳдатро дар давлат ва ҷомеа зери хатар мегузорад. Маҳз бо мақсади таъмини рушди устувори мамлакат ва дар ин замина иҷрои ҳадафҳои стратегӣ, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳарсола имсол низ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба муқовимат ба терроризму экстремизм қайд намуданд: “Имрўзҳо гуруҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шарҳвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”. Муфассал ...

Паём. Мақоми зан дар ҷомеа

  Зан-модар офаридгор, идомадиҳандаи насли инсон аст. Ў сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, олиҳаест, ки шукуҳу ҷилои сайёра ва оташи хонадон аз гармии меҳру муҳаббати зан сарчашма мегирад. Тору пуди зан-модар аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст ва беҳуда нест, ки дар ҳар лаҳзаи ҳаёти худ ҳангоми пеш омадани душворӣ дар зиндагӣ мо пеш аз ҳама калимаи модарро ба забон мегирем, зеро модар ҳама вақт дар бари мо буда, ҳамнафасу ҳамқадами мо дар зиндагӣ аст. Бузургони олам низ дар назди бузургии зан- модар сари таъзим фуруд оварда, таъкид намудаанд, ки зан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро такон медиҳад. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia