Ташаккули ғоя падидаҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон (баъзе масоили таърихӣ-ҳуқуқӣ
- Сешанбе, Окт 29 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози миллат, кулли муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро танзим намуда, имрӯз дар ҳаёти ҳар яки мо нақши муҳим мебозад. Хусусияти Конститутсия – ҳамчун қонуни асосии кишвар ва чӣ тавре пештар мегуфтем Сарқонун, пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки дар он асосҳои сохтори давлатӣ устувор гардида, роҳу усул, тартиби таъсиси мақомоти давлатӣ, принсипҳои асосии фаъолияту амали мақомоти гуногуни давлатӣ дар он муқаррар карда мешавад.
Дар баробари ин Конститутсия санади сиёсиву ҳуқуқии созишӣ буда, манфиатҳои умумитарини кулли табақаҳои ҷомеа дар он акс мегардад. Албатта, на ҳамаи манфиатҳо, балки манфиатҳои умумитарини ҳама, яъне он метавонад масъалаҳоеро таҳти танзим қарор диҳад, ки ба манфиати умум аст. Аз ин сабаб, Конститутсия ҳамчун «санади ҳимоятгари манфиатҳои умумӣ» таърифи воқеии Қонститутсия мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар амал Конститутсия санадест, ки ба синфу табақаҳо имкониятҳои баробар фароҳам меорад, вале афзалият пайдо намудани гуруҳ ва ё синфу ҳизбе аз истифода бурдани ин имкониятҳо вобастагӣ дорад. Минбаъд ин афзалиятҳо нигоҳ дошта мешаванд ва ё аз даст дода мешавад, аз фаъолияти рузмарраи он гуруҳ ё ҳизб вобаста мегардад. Аз ин сабаб, қайд намудани он ки Конститусия барои чӣ имрӯз ба як табақа ва гуруҳ ё ҳизб имконият додааст ва ё надодааст, бояд аз таърихи пайдоиш ва ё аз қабули Конститусия то имрузро таҳлил намуд.
Азбаски мавзуи мақола истилоҳи ғоя ва ниҳодро дорад, бояд эътибор дод, ки онҳо дар кадом мазмун дар мақола истифода шудаанд. Мафҳуми асосии «падидаи конститусионӣ – ҳуқуқӣ» дар мазмуни институтҳои конститутсионӣ – ҳуқуқӣ, институтҳои давлатдорӣ ва ғоя дар маънои андешаҳо дар таълимоти мутафаккирони тоҷик истифода мешавад.
Андешаҳо оид ба падидаи конститутсионӣ –ҳуқуқӣ дар таърихи тоҷикон оё вуҷуд дошт? Оё андеша ва илм то пайдоиши худи падида вуҷуд дошта метавонад. Масалан пайдоиши конститутсия дар Тоҷикистон бо устувор гаштани Ҳокимияти шуравӣ вобаста аст. Оё дар бораи ғояҳои конститусионӣ-ҳуқуқӣ то он замон гуфтан мумкин аст ё не? Ба андешаи мо ҳангоми пайдо шудани ин саволҳо таносуби Конститутсия ва конститутсионализм бояд ошкор карда шавад. Нисбат ба ин муносибатҳо дар илм ду андеша вуҷуд дорад.
Ҳангоме, ки мо ба нақши Конститутсия ва таърихи он назар меандозем, саволу масоиле пеш меоянд, ки мо бояд ба онҳо ҷавоб диҳем. Пеш аз ҳама, Конститутсия моли кист. Илми таърихи ҳуқуқ ва давлат исбот намудааст, ки «конститутсия» ба сифати истилоҳи ҳуқуқӣ дар Рим пайдо ва истифода шудааст. Конститутсия дар шакли муосир ва ба мазмуну моҳияти имрӯза дар ШМА ва Франсия аввалин маротиба мавриди истифода гардида, минбаъд дигар кишварҳо дар пайравӣ аз онҳо қонунҳои асосии худро қабул кардаанд. Ин як тарафи масъала аст, ки кулли муносибатҳои вобаста ба конститусия ва конститусионализмро дар бар намегирад, чунки падидаҳои асосии ҳокимият дар амалияи давлатдории Шарқ, дар таълимоти сиёсиву ҳуқуқии мардуми Шарқ, аз ҷумла дар таълимоти мутафаккирони тоҷик аз марҳилаи бостонии таърихи он мавриди омузиш буд.
Ҷанбаи дигари масъала - ҷанбаи моҳиятии он мебошад, ки тайиноти Конститутсияро мушаххас мекунад. Конститутсия барои чи хизмат мекунад. Конститусия қонуни муҳимтарини ҷомеа буда, муносибатҳои ҷавҳарии давлатдорӣ ва ҳуқуқиро танзим менамояд. Конститутсия санади созишӣ буда, дар асоси манфиатҳои умумии кулли қишру табақаҳои ҷомеа таҳия мегардад. Агар аз ин нуктаи назар таҳлил намоем, таърихи пайдоиши ғоя ва андешаҳои давлатдорӣ, ташаккули сарчашмаҳои ҳуқуқӣ - худ таърихи пайдоиш ва ташаккули муносибатҳои конститутсионӣ – ҳуқуқӣ мебошад. Ҳамин андешаро олимони зиёде дастгирӣ мекунанд, ки тибқи андешаи онҳо конститутсионализм пеш аз қабули Конститутсия ба вуҷуд омада, поягузор ва сабаби пайдоиши ниҳодҳои алоҳидаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ гаштааст.
Масъалаи мазкур инчунин бо мафҳуми конститутсионализм алоқаманд карда мешавад. Махсусан ташаккули назарияи конститутсионализм метавонад ба саволи гузошташуда ҷавоб бошад. Қайд намудан лозим аст, ки як гуруҳи муҳаққиқон, асосан конститутсионализмро бо конститутсия вобаста мекунанд, яъне ба андешаи намояндагони ин гуруҳи муҳаққиқон танҳо бо қабули конститутсия ва ташаккули он таърихи конститутсионализм оғоз мегардад. Дар Тоҷикистон ба назарияи конститусионализм устод Ашурбой Имомов ва д.и.ҳ. Ш. Ҳакимов машғул гардида, аввалӣ бештар ба ин андеша моил аст. Ба андешаи устод Имомов Ашурбой бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи нави конститусионализм дар Тоҷикистон оғоз мегардад. Ин марҳила як қатор хусусиятҳои худро дорад, ки натиҷаи ҳодисаҳои дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд омада ва таъсири он ба раванди таҳияю қабули конститутсия буд. Рушди босуръати ғояҳои конститутсионӣ бо ҳаракати демократӣ дар кишвар вобаста буда, аҳолии кишвар дар таҳияи лоиҳаи конститутсия ва пешниҳодҳо саҳми бузург дошт.
Конститутсионализм дар асарҳои устод Ашурбой Имомов аз нуктаи назари: пеш аз ҳама, мавҷудияти Конститутсия ва таъсири фаъоли он ба ҳаёти сиёсии кишвар, волоият ва нақши муайянкунанда доштани он ҳамчун қонуни асосӣ дар низоми санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда, танзими конститутсионии муносибатҳои сиёсӣ аз тариқи конститутсия, танзими конститутсионии сохтори давлатӣ ва реҷаи сиёсӣ, эътирофи конститутсионии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд хислати ҳуқуқии муносибатҳои шахсият ва давлат таҳлил гардида, асарҳои алоҳида ва мақолаҳои устод ба ин масъала бахшида шудаанд.
Аммо гурӯҳи дигари олимон, ба ин андешаҳо розӣ нестанд. Ин гурӯҳи муҳаққикон аз нуктаи назари дигар, таърихи конститусионализмро шарҳ дода, аз ҷумла олими англис Андре Винсент таърихи конститутсияро ба шаш марҳила тақсим намуда, аз таърихи юнону римӣ, феодализм, ислоҳталабӣ (реформация), то оғози ғояи монархияи маҳдуд аллакай шаш марҳилаи рушди онро номбар намуда[1], пайдоиши онро пештар аз қабули конститутсия эътироф дорад. Мо низ бо ин гуруҳи олимон ҳамраъй мебошем.
Дар илми ҳуқуқи конститутсионӣ конститутсионализм гуфта, маҳдуд намудани ҳокимияти давлатиро тибқи конститутсия мефаҳманд.[2] Ин ғоя дар Англия ба вуҷуд омада, "идоракунии маҳдуд (ограниченное правление)" ном мегирад. Заминаи асосии конститутсионализм дар Англияро инчунин ғояи "волоияти ҳуқуқ"[3] ташкил медиҳад.
Ба андешаи Г. Берман истилоҳи "конститутсионализм" аввалин маротиба дар афкори сиёсию ҳуқуқии амрикоиҳо истифода шуда, муаллифони Конститутсияи Амрико бо ин истилоҳ "волоияти конститутсияро нисбат ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии дигар" ифода мекарданд.
Таърифи ягонаи конститутсионализм то имрӯз вуҷуд надорад. Масалан, олими англис Дж. Олдер конститутсионализм гуфта, воситаҳои (инструмент) сохтори давлат, ки ҳокимияти идоракунандагонро маҳдуд ва ба реҷаи ҳокимон обруй медиҳанд", баҳо додааст.
Ба андешаи А. Шайо, "конституционализм худмаҳдудсозии ҳокимият бо конститутсия аст, ки аз ҷониби худи ҳамин ҳокимият қабул шудааст".[4]
Ф. Лассал қайд карда буданд, ки "Масоили конститутсионӣ пеш аз ҳама, масъалаи қудрат аст на ҳуқуқ; конститутсияи ҳақиқии кишвар, дар таносуби қудратҳои дар кишвар буда нуҳуфтааст: конститутсияи навишташуда танҳо ҳамон вақт аҳамият пайдо мекунад ва устувор аст, агар таносуби қудратҳои дар ҷомеа бударо аниқ ифода карда тавонад."[5]
Ба андешаи мо конститусионализм таълимот оид ба риояи бечунучарои меъёрҳои конститусионӣ, мутобиқ намудани рафтору муносибатҳои ҳуқуқи ба он, инчунин таъмини волоияти конститусия ва қонун дар кишвар мебошад.
Яъне дар илм ду нуктаи назар оид ба конститусионализм вуҷуд дорад ва мо бо олимоне ҳамрайъ мебошем, ки (Масалан, олими англис Дж. Олдер конститутсионализм гуфта), воситаҳои (инструмент) сохтори давлат, ки ҳокимияти идоракунандагон маҳдуд ва ба реҷаи ҳокимон обруй медиҳанд", таъриф додаанд.
Агар ба таърихи ғояҳои конститутсионӣ – ҳуқуқӣ назар андозем, яъне масоили вобаста ба ҳокимият, давлатдорӣ, ниҳодҳои давлатӣ, идоракунии ҷомеа, ҳуқуқ, падидаҳои ҳуқуқиро дар назар дошта бошем, пас, аллакай дар Авесто оид ба ҳокимият сухан рафта, на танҳо ҳокимияти ҷамъиятӣ: ҳокимияти падар, саравлод ва пешворо номбар менамояд, балки Ҳокимияти судиро инъикос намудааст. (Аҳурамаздо судяи ҷаҳон мебошад, гуфта мешавад дар Авесто).
Минбаъд дар Шоҳномаи Абулқосими Фирдавсӣ на танҳо амалияи давлатдории Пешдодиён, Каёниён ва Сосониён, балки андешаҳои мутафаккир оид ба сохтори ормонии давлат, тарзи идоракунии ҷомеа, ҷобаҷогузории кадрҳо, интихоб в меросгирии ҳокимияти давлатӣ (аз тариқи мерос, зӯрӣ, интихобӣ, истеъфо) ва ғайр ба тариқи васеъ мушоҳида мегардад.
Бояд қайд намуд, ки дар осори аксари бузургони тоҷик аз Низомалмулк оғоз намуда, то Ҷомиву Дониш андешаҳои бикр оид ба ҳокимияти давлатӣ, шоҳи одил, тарзи дурусти идора кардан, муносибати байни ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ, волоияти қонун, рафтори шаръӣ баён гардидааст. Дар баробари ин институтҳои давлатдории зиёдеро ниёгони мо кашф ва таъсис додаанд, ки барои осон кардани идоракунии ҷомеа ба миллат ва даҳҳо кишварҳои ҳамсоя асрҳо хизмат кардаанд.
Албатта, таърихи конститутсионализм дар ҳудуди сарзамини тоҷикон бояд мавриди омузиши ҷиддӣ қарор гирад, чунки дар баробари амалияи давлатдорӣ даҳҳо ва бештар аз он институтҳои нодире дар ин сарзамин амал менамуд, ки ҳар яки он метавонад марҳилаи наве дар рушди андешаҳои конститутсионӣ бошад.
Марҳилаи муҳим дар рушди конститутсионализм марҳилаи пайдоиш ва рушди давлатдорӣ ва ҳуқуқи шуравӣ мебошад.
Қабули Конститутсия дар Русия аз соли 1918, минбаъд дар Туркистон ва Ҷумҳурии Халқии Бухоро, Тоҷикистони мухтор аз соли 1929, минбаъд Ҷумҳурии шуравию сотсиалистии Тоҷикистон солҳои 1931, 1935, 1978 марҳилаи рушди Конститутсияҳои шуравӣ мебошад.
Агар оид ба падида ва ғояҳое, ки ин конститусияҳо ба илм ва амалия ворид намуданд сухан равад, пас, махсусан то солҳои 1978 конститусияҳои шуравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон як қатор андешаҳои нав ворид намудаанд.
Як қатор падидаҳои конститусионӣ, моҳият ва сохтори давлат, муносибати байни ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ, мавҷудияти ҳизби ҳукмрон, дигар падидаҳои махсусан ифодакунандаи манфиатҳои синфи коргару деҳқон, танҳо дар конститусияҳои шуравӣ вуҷуд доштанд, вале аксарияти ин падидаҳо барои тоҷикон дар шароити нав - навгонӣ эътироф мешуданд. Тасаввур кардан душвор аст - кишваре, ки дар шароити яккаҳокимӣ амал мекард, гузариш ба сохтори Шуравӣ – таъсиси шуроҳои интихобӣ аз поён то ба боло тағйириоти ҷиддиеро дар шуур ва андешаҳои мардум ба вуҷуд овард.
Таъсиси давлат бо идеологияи ягона, диктатураи пролетариат, ҳизби ҳукмрон, давлати иҷтимоӣ, ки тибқи Конститутсия истисмори одам аз тарафи одамро манъ мекард, замин барои ҳама тақсим карда шуда, минбаъд колхозу совхозҳо ба вуҷуд оварда шуд, ҳамагӣ барои мо андеша ва ниҳодҳои нав ба шумор мерафтанд.
Навгониҳои Конститусия дар қатори эътиирофи ҳуқуқу озодиҳо, кафолати ҳимояи онҳо, як қатор маҳдудиятҳоро дошт, ки асосан бар зидди синфи доро равона шуда буд. Аз ин гуна маҳдудиятҳои синфӣ танҳо Конститутсияи соли 1978 даст кашида як қатор андешаҳои умумии конститутсиониро қабул намуд.
Дар баробари ин давраи гузариш аз солҳои 1985 оғоз гардида, бо як қатор қарору қонунҳо тағйиротро дар иқтисодиёт ба вуҷуд овард. «Қонун дар бораи корхонаҳо» низоми идоракунии корхонаҳоро тағйир дода, ба корхонаҳои шарикӣ ва хусусӣ иҷоза дод.
Минбаъд бо қабули Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ба даст овардани он аз 9 сентябри соли 1991 то қабули Конститутсияи соли 1994 тағйиру иловаҳо ба конститусияи амалкунанда ворид карда мешуд.
Қайд кардан зарур аст, ки Конститутсияи соли 1994 андешаҳои беҳтарини конститутсияи пештараро давом дод. Ҳарчанд дар Дебочаи соли 1978 сухан дар бораи инқилоби Кабири сотсиалистии Октябр, роҳбарии ҳизби коммунистӣ, ҳимояи сотсиализм, иттифоқи коргару деҳқон ва зиёиёни халқӣ мерафт, халқ асоси ҳокимиятэътироф гардида аз номи халқ конститусияро эълон мекард вале, дар Дебочаи конститутсияи соли 1978[6] бо тағйирот аз соли 1991 муқаррар гардида буд, ки «Бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи тоҷик ва давлати миллии он, бо назардошти ҳуқуқи дахлнопазири ҳар як халқ ба худмуайянкунӣ, бо таъкиди эҳтиром ба шаъну эътибор ва ҳуқуқи одамони тамоми миллатҳои сокини ҷумҳурӣ, ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон, халқи Тоҷикистон ҳамин Конститутсияро эълон мекунад».
Дебочаи Конститустия аз соли 1994 чунин андешаҳо инъикос ёфтааст: Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем.
Ба андешаи мо, дар Дебочаи Конститутсия консепсияи конститутсияи қабулшаванда эълон мегардад ва он вазифаҳои дар назди ҷамъият истодаро ифода мекунад. Дебоча вазифаи ҷавҳарии ҷомеаро дар муддати амали Конститутсия дар бар мегирад.
Дар давоми қабули Конститусия аз соли 1978, тағйироту иловаҳо аз солҳои 90 ва қабули Конститутсияи соли 1994 се консепсия ва маҷмуи вазифаҳои бузурги иҷтимоӣ- сиёсӣ ва фарҳангию иқтисодӣ дар назди ҷомеа гузошта мешавад.
Таҳлили танҳо дебочаи ин конститутсияҳо баёнгари тағйиротҳои куллӣ дар маърифати вазифаҳои ҷомеа, шахсият ва давлат мебошад. Сохмон ва ҳифзи музаффариятҳои сотсиализм, сарварии ҳизбӣ, иттиҳоди коргару деҳқон, мақсади конститусияи соли 1978 ва барои солҳои 70-80 масъалаи ҳимояи сотсиализми мутараққӣ, иттифоқи коргару деҳқон, сарварии ҳизби коммунистӣ ғояҳои муҳимтарин буданд
Соли 1991 дар назди ҷомеа масъулияти таърихӣ барои тақдири худро ба дасти худ гирифтани халқи тоҷик, сохтмони давлати миллии тоҷикон, худмуайянкунӣ ва истиқлол бо назардошти ҳуқуқи дахлнопазири ҳар як халқ ба худмуайянкунӣ, бо таъкиди эҳтиром ба шаъну эътибор ва ҳуқуқи одамони тамоми миллатҳои сокини ҷумҳурӣ, таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон мақсадҳои Конститутсия эътироф мегардид.
Тибқи Дебочаи конститутсия дар соли 1994 Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид, таъмини соҳибистиқлолӣ ва рушду камоли халқро вазифаи худ дониста, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор медод.
Чӣ тавре дар адабиёти илмӣ қайд гардидааст, Конститутсияи соли 1994 сохтори нави давлатию ҷомеа, низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва аз ҳама муҳим халқро сарчашмаи ҳокимият эътироф намуда, барои ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс арзиши олиро эътироф намуд.
Тарзи идоракунии ҷумҳурӣ, соҳибихтиёрӣ, демократӣ, давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин иҷтимоӣ дар шакли нав барои тоҷикон мақсад гузошта шуд. Сохтору таркиби механизми давлатӣ иваз гардида, мавқеи ҳизби ҳукмрон аз Конститутсия хориҷ ва гуногунии мафкуравӣ эътироф гардид. Дар Конститутсия ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо эътироф карда шуданд.
Конститутсия ва такмили он сарчашмаи муҳимтарини танзими муносибатҳои муҳимтарини иҷтимоӣ буда, дар таҳкими қонуният ва давлатдории навини тоҷикон нақши ҳалкунанда дорад. Рушди Конститутсия – рушди ҳуқуқэҷодкунӣ буда, ҳуқуқэҷодкунӣ якбора давлатэҷодкунӣ низ ба шумор меравад, чунки қабули меъёр- қоидаи нави рафтор, сабаби тағйир ёфтану таҳкими сохтори давлатӣ, танзими муносибатҳои нав, яъне вазифаи ҷонии худро иҷро кардани давлат мегардад. Давлат бо иҷро намудани салоҳияти ҳуқуқэҷодкунӣ, худро устувор месозад, қоидаҳои танзимкунандаи фаъолияти шаҳрвандонро муқаррар менамояд, ҷанбаҳои нави рушди давлатро ошкор ва рушд медиҳад.
Дар охир кулли аҳли зиё ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 30-умин солгарди Рӯзи қабули конститутсия ва соли маърифати ҳуқуқӣ табрику таҳният гуфта, саломатӣ, хонаободӣ ва волоияти қонуну конститутсияро дар ҳаёти ҳар як тоҷикистонӣ таманно дорем. Бигузор давлати ҳуқуқбунёд бо тамоми тафсилоташ дар Тоҷикистон ҳукмрон бошад, то кишвари мо намунаи ибрати дигарон гардад.
Буризода Э.Б. -д.и.ҳ., профессор,
Мудири шуъбаи
таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ-и АМИТ;
Эмомализода Н.Э. – н.и.ҳ.,
судя, (Суди олии иктисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
[1] Винсент А. Теории государства /Пер. с анлг., Х.Башари. – Тегеран, 1371. –С.123-181. (на перс. яз.). Хакимов Ш.К. Конституционализм. Парламентаризм. Референдум: теоретические предпосылки и проблемы методологии исследования. – Душанбе: Бухоро, 2018. – 242с.
[2]Њакимов Ш.К. Њамон китоб. – С.7.
[3] Хакимов Ш.К. Конституционализм. Парламентаризм. Референдум. – С.19.
[4] Шайо А. Самоограничение власти. Краткий курс конституционализма. – М,1999.
[5] Лассаль Ф. О сущности конституции. Речь первая / Государственный строй. – СПб,1906. Кн.1. –С.34.
[6] Конститутсияи (Ќонуни асосии)Љумњурии шуравии сотсиалистии Тољикистон. 14 апрели соли 1978 дар сессияи њаштуми ѓайринавбатии Шурои Олии ЉШС Тољикистон даъвати нуњум ќабул шудааст. // Маљмўаи конститутсияњои Тољикистон (Муњаррири масъул Гадоев Б.С. –Душанбе, 2015. (633 с.). –С.260 – 305.
Матлабҳои дигар аз Институт
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции
- Ташаббусҳои Пешвои миллат – роҳ ба сўйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон
- КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ҲУҚУҚӢ-СИЁСИИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
- Конститутсия санади ҳуқуқӣ-сиёсии рушди давлатдории миллӣ