Мавлавӣ ва рушди хештаншиносӣ (Ба ифтихори рузи Мавлоно)
- Чоршанбе, Окт 02 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Дар шароити Истиқлоли сиёсӣ чандин падидаҳое ҳастанд, ки руҳбахш ва равонбахш мебошанд. Аз он ҷумла рузҳои “Шашмақом”, (12 майи соли 2000 таҳти рақами 294 бо имзои Президент таъсис шудааст) гумон мекунам барои бештари мардум рӯзҳои бисёр саршор аз тарабу фараҳманди ҳастанд.
Ҳамин гуна хушҳоливу фараҳмандӣ чанд сол ҳаст, ки дар рӯзҳои Мавлоно Чалолиддини Вахшонӣ сурат мегиранд. Рузи Мавлоно, ки 30-юми сентябр ҳаст (соли 2007 аз ҷониби Юнеско соли Румӣ эълон карда буд ) барои аҳли маънӣ, аҳли ишқ, аҳли маърифат, гуё як фурсати бисёр хушбахтона аст, ки дар атрофи гулхани ишқу маънавиёти Мавлоно Чалолиддини Вахшонӣ шуру сур барпо мекунад.
Аввалин эҳсосе ки дар ин фараҳмандиву шуру сур пайдо мешавад, бе шубҳа ин эҳсоси ташаккур аз Истиқлолият, ташаккур аз Президенти арҷманди мо Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чунин як рӯзро махсусу таъйид карданд.
Воқеъан баракати Истиқлолият аст, ки чунин фараҳмандиҳои умумимиллӣ маъмул мешаванд, қадам ба қадам густурдатар ва пурмаънотар мешаванд.
Боз ҳам аз баракати истиқлолият аст,- имруз тасаввур кардан душвор аст, ҳатто касе бовар намекунад ки то даврони Истиқлолият Мавлоно Ҷалолиддин дар барномаи мактаб вуҷуд надошт. Ҳатто дар доираҳои баландтари илмиву маърифатӣ ҳам аз Мавлоно бисёр кам ёд карда мешуд танҳо як таълифе, ки манаграфияи шодравон Нодир Фозилов буд, он ҳам табиист ки дар сабку услуби соф илмӣ, тибқи талаботҳои дастгоҳҳои илмии Шуравӣ таълиф шуда буд...
Сухан ки аз Мавлоно ва хештаншиносии миллии мо аст, бо камоли ифтихору қаноатмандӣ ёдовар мешавем, ки дар китобшиносии муосир осори Мавлоно ҳамчун шоир дар ҷаҳон бештар аз ҳама нашр мешавад, яъне аз назари тираж имруз Мавлоно шоире ҳаст, ки дар ҷаҳон аз ҳама бештар чоп мешавад. Аз назари умумӣ агар чанд сол пештар дар ҷаҳон аз ҳама зиёд “Библия” чоп мешуд, дар ҷойи дуюм шоири азизи мо Умари Хайём буд, ин чанд соли охир боз ҳам бештар аз ҳама “Библия” чоп мешавад баъд аз ин сертиражтарин Мавлоно Ҷалолиддин аст, ки боз ҳам ифтихори мост.
Он эҳсосе ки дар навбати аввал аз маъракаҳои рӯзи Мавлоно пайдо мешавад (хоҳ конференсияҳои илмӣ аст, хоҳ базми шеъри Мавлоно аст, хоҳ барномаҳои радиёи ё телевизиёнӣ) тамоми инҳо сарфи назар аз расмӣ ё ғайри расмӣ буданашон ҳатман як тобишу гармии хоса доранд. Гуё дар базми шуру шавқи як бузургворе ки барои тамоми мардум пиру ҷавон зану мард ва ғайраву ғайра, як бузургворе худӣ ҳаст, як аҳли маърифате ҳаст, ки аз ҳамаи ормону орзуҳои ширкаткунандагон хабар дорад ба ҳамаи онҳо пайём ва пайғоми алоҳидаи шахсӣ дорад.
Дар бораи шабакаҳои иҷтимоӣ умуман сухан алоҳида аст. Дар ин чанд рӯзе ки ба баҳонаи рӯзи Мавлоно шабакаҳои иҷтимоӣ ҷушу хуруши ирфонӣ пайдо мекунанд ҳар кадоме аз назари шавқу завқи худ изҳори андеша мекунад порчаҳо аз Мавлоно ба алоқамандон тақдим мекунад, таронаҳо нашр мекунад...
Аслан манзур аз иншои ин гузориш ин аст, ки мушоҳида кардем дар ин рӯзҳо эҳсоси хештаншиносии миллӣ як такони тоза пайдо мекунад ин эҳсос гуё дар дарёи пурҷӯшу хуруши андешаҳои Мавлоно як дафъаи дигар фуру меравад, таровати тоза пайдо мекунад, серобу шодоб мешавад, таҷалии нав касб мекунад, қудрати тоза мегирад, қомати хештаншиносии миллӣ рост мешавад.
Муҳимтарин эҳсосе ки дар ҷашнҳои имсола эҳсос шуд ин аст, ки гуфтугуҳо дар маҷмуъ, гуфтумони шахсии Мавлоно бештар аз озодии инсон, аз фосила гирифтан аз ифроту тафрит, парҳез аз ихтилофҳои мазҳабӣ муноқишаҳои фирқавӣ, нафрат ба ҷангу ҷидол мушоҳида мешавад. Яъне боз ҳам як зуҳури мистикии Мавлавӣ ҳаст, ки гуё ҳамнафасу ҳамқадами мо ҳаст, бо мо аз масъалаҳои доғи рӯзгори мо суҳбат мекунад.
Дар ин рӯзгор эҳсоси шинохти воқеъият, бархурд бо рӯзгори муосир аз назари манфиатҳои миллӣ зарур аст, ки онро ҳам мо аз лобалои суҳбатҳои Мавлоно, байни сатрҳои Мавлоно эҳсос мекунем, равшан мебинем.
Мавлоно ошкоро мегуяд! “Нур пуртар хур, мубарро мешавӣ” гуфтаҳои ӯ боз ҳам равшантар идрок мешаванд! “То ихтилофи дайру масҷид, насрониву мусулмон, куфру имон ба муросо наояд ободӣ имкон надорад, озоддӣ вуҷуд надорад, оромиву субот нест”.
Ба назари мо “Рузи Мавлоно бо мурури замон баробари ҷашни “Наврӯз”, иди Истиқлолият як ҷашни маҳбубу саршор аз зебоиҳо хоҳад шуд, ки ин ҳам самараи сиёсати маърифатпарварӣ, маорифпарварӣ, инсонпарварии мақомоти олии сиёсии Тоҷикистон аст. Намунаи тозатарин ва мубрамтарини ин сиёсат суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саммити охирини Миллали Муттаҳид аст.
Назри Яздонӣ ходими пешбари илмии
Шуъбаи фалсафаи фарњанги ИФСЊ АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари тамаддуни ориён
- Арзише ки бисёр азиз аст
- УМРИ ПУРФАЙЗИ ОЛИМ
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи “Фалсафа ва нақши он дар рушди тафаккури иҷтимоии Тоҷикистон” (бахшида ба 100-солагии профессор Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна) баргузор гардид
- Саҳми Пешвои миллат,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон