casino malaysia
casino malaysia
Илм ва маориф – маҳаки пешравии ҷомеа (Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

wrapper

 

      Саҳми Пешвои миллат дар нигоҳ доштани хотираи бузургони миллат, аз қабили Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрав, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигарон ниҳоят арзишманд аст. Дар китоби эшон “Чеҳраҳои мондагор” нишон дода шудааст, ки Пешвои миллат бо як пажӯҳиши густурда дар нигоҳ доштани хотираи бузургон ва ба оламиён муаррифӣ намудани онҳо нақши босазо доранд.
      Ҳангоми вохӯрии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар дар таърихи 30 майи соли 2024 масоили мухталифи марбут ба рушди илм ва маориф мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки аз ибтидои таъсиси давлати мустақили Тоҷикистон илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, зиёиён дар сурати олимону муҳаққиқон ва омӯзгорон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар баҳогузорӣ ёфтанд. Президенти ҷумҳурӣ саҳми зиёиёни кишварро  дар иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешбурди соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ бузург ва муҳим арзёбӣ намуданд.
      Дар вохӯрӣ, аз ҷумла, қайд гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар то ба имрӯз дар сохтори Академияи миллии илмҳо аз тариқи бозташаккулёбии муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ба кор шуруъ намуданд, ки дар қатори онҳо   Маркази синошиносӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ номбар гардид. Қобили тазаккур аст, ки Пешвои миллат Маркази синошиносиро соли 2006 бевосита барои зинда нигоҳ доштани хотираи яке аз бузургтарин донишмандони тоҷик Абуалӣ ибни Сино ва тарҷумаву нашр ва таҳқиқи осори ин бузургвор таъсис доданд. Таваҷҷуҳ ба омӯзизи осори Ибни Сино ҳамчун яке аз бузургтарин донишмандони тоҷик мебошад, ки осори гаронарзиши илмӣ боқӣ гузошта, тарҷумаву нашри онҳо бевосита дар рушди илми тоҷик, баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва муаррифӣ намудани он барои ҷаҳониён ҳамчун яке аз шахсиятҳои бузургтарини соҳаи фалсафа ва тиб аҳамияти хоса дорад. Дар вохӯрӣ ҳамчунин ба мубрамияти таъсиси пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва ғайри онҳо ҳамчун намунаҳои дастгирӣ ва сарпарастии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастовардҳои илмии тоҷикон таваҷҷуҳ дода шуд.
      Дар маърӯзаи Президенти кишвар бар матлабе таъкид гардид, ки дар замони муосир омили асосии рушди кишварҳои пешрафта илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир, истифода аз «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа маҳсуб ёфта, барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илмҳои гуногун маблағгузориро зиёд карда, сохтори Академияи илмҳо бозсозӣ ва ба Академияи миллии илмҳо табдил ёфт. То ба имрӯз дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ лоиҳаҳои гуногун фаъол гардида, барои рушди илму дониш ва маориф дар Тоҷикистон имкониятҳои хуб муҳайё намудааст. Дар гузориши Президенти кишвар мақому манзалати илм, олимону муҳаққиқон, омӯзгорон ва зиёиёни эҷодкор дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ батадриҷ боло меравад. Ба ин маънӣ, дар ин гузориш дақиқан тасдиқ гардид, ки “дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд”.
      Роҳбари кишвар дар иртибот бо ин масъала ниёзи илми муосири тоҷикро ба олимону мутахассисони илмҳои гуногун, аз ҷумла, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология ва ҳуқуқи байналмилалиро тазаккур дода, дар баробари он ҷалби ҷавонон ба илму ихтироъкорӣ дар пешбурди сиёсати соҳаи илм дар мамлакатро яке аз вазифаҳои асосӣ ва зарурӣ ба шумор бурданд. Ба ғайр аз ин, дар баъзе соҳаҳои илм, бахусус, дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ фаъолият бурдани аксарияти кормандони калонсол зикр шуд, ки онро падидаи манфӣ баҳогузорӣ накарда, мантиқан дуруст тасдиқ карданд, ки расидан ба камолоти зеҳниву илмӣ солҳои тӯлонии омӯзишу таҳқиқро тақозо мекунад. Дар иртибот бо он, ҳамчунин дастгирӣ наёфтани ҷавонон аз ҷониби бархе аз олимону муҳаққиқони калонсол ва камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба талошҳои онҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди илмӣ таъкид гардид.
      Дар суханронии Президенти кишвар кабудиҳои дигари назаррас дар соҳаи илму маориф қайд гардиданд, ки аз ҷумлаи онҳо тайёр накардани шогирдони сазовор аз ҷониби баъзе устодону олимони номдори тоҷик дар муддати беш аз панҷоҳ соли фаъолияти илмии онҳо, сустию заитфӣ дар омӯзиши илму донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ, вазъи нигаронкунандаи кадрҳои илмӣ, дар муҳлати муайяншуда ҳимоя нагардидани рисолаҳои илмӣ, нигарониҳо аз мавқеи шаҳрвандии баъзе олимону донишмандони тоҷик, нодуруст ҷобаҷогузории мутахассисон, хунукназарии шӯроҳои диссертатсионии амалкунанда, муассисаҳои пешбари тақриздиҳанда ва муқарризони расмӣ ба масъалаи арзёбии диссертатсияҳои ҳимояшаванда ва ғайра мебошанд.
      Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳидояти олимону муҳаққиқон, рушди илму маориф саҳифаи нав буда, барои рӯҳбаландии онҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳо ва василаҳои нави дастовардҳои илмӣ билҳақ мусоидат хоҳад кард.             
Маркази синошиносии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 

 

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia