casino malaysia
casino malaysia
Алифбои ватансозӣ. Қисми 2.

wrapper

 

Саодати инсон вобаста ба ақл, бештар аз ақл бо хиради азалии ӯст. Ақл зотан, табиатан барои ҳар нафаре, ки ба дунё омадааст, дода шудааст. Барои ҳар кас, ба ҳар қадр ва бо қудратҳои гуногун. Гуногунии қудратҳои ақлонӣ нишони ноадолатии табиат нест. Нишони рангоранг будани табиат аст. Панҷ ангушти як кафи даст баробар нестанд. Агар баробар мебуданд мушт гашта наметавонистанд. Гуногунии қудратҳои ақлониву дороиву доноии инсонҳо дар ҷомеа, рангорангии ҷомеа, зебоии ҷамъият аст. Айнан ба мисли ин, ки агар як гулистон танҳо аз як гунаи гул ва он гуна ҳам аз як ранг иборат бошад, зебо нест, зеро рангоранг нест…
Дар ҳар сурат гуногунии қудратҳои ақлониву ҷисмонӣ ва ғайра ҳаргиз сабаби нарасидан ба саодати як нафар нестанд. Ҳар қудрати ақлониву ҷисмонӣ, ки камтар аст ё бештар ба саодати шахсии худ расидан метавонад. Ин ҷо саволи аҷиби дигаре ба миён меояд, ки оё як камбизоати хонаи орому осуда, ки хотири ҷамъ дорад саодатмандтар аст, ё сербизоате, ки ҳаргиз хотири ҷамъ надорад, ё гоҳе дорад, ё гоҳе надорад. Воқеан санги тарозӯи саодатмандӣ ҳам гуногун аст. Аммо боз ҳам нуктае ҳаст, ки тамоми ҷаҳон дар он иттифоқ дорад, яъне як ҷузви муҳимтарини саодатмандӣ амнияту хотирҷамъӣ аст. Як дафъа андеша кунем: мусулмон мегӯяд «Омин!», насронӣ мегӯяд: «Амин!», ҳинду мегӯяд: «оом», дигарон ҳам, - яъне дар авҷу хотимаи муноҷоту дуоҳояшон як маъниро орзу мекунанд, - амниятро, хотирҷамъӣ, осудагии рӯзгор ва андеша…
идома
Ватансозӣ дар амал, рӯзгор ормонҳои миллати тоҷик як ҳақиқати ҳам воқеӣ ва ҳам ҳақиқате, будааст, ки ҳамеша ба сӯи он кӯшишу талош кардааст. Аслан худи калимаи «Ватан» дар забони қадимаи форсӣ шакли «майсана»-ро дорад, (имрӯз дар шакли «майҳан» мондааст) - яъне «моликияти ман», яъне ин хок, ин дарёву рӯдҳо, ин ҷангалу кӯҳистону даштҳо, ин офтобу моҳтобу ситорагоне, ки аз зодгоҳам дар манзари чашми ман ҳастанд, моли ман ҳастанд. Мафҳуми Ватан аз қадимулайём барои ҳар миллате азиз аст, аммо барои миллати тоҷик ба як гунаи хоссае азиз аст, ба ҷон баробар аст. Ба ҷон баробар будани Ватан барои тоҷик сухани шоиронаву каломи бадеӣ нест. Ҳақиқати маҳз аст. Тӯли таърихаш тоҷик барои ин Ватани паҳновар, ки имрӯз дар харитаи Тоҷикистон гунҷоиш ёфтааст, садҳо дафъа ҷонашро қурбон кардааст. Имрӯз ҳам тоҷикони соҳиби орияту шарофат, бешакку шубҳа омода ҳастанд, ҷони худро қурбон кунанд. Зеро ин Ватан як ҳақиқати моддие ҳаст, ки бо риштаҳои барои чашм ноаён, аммо барои дил равшану маълум ба ҷону тани мо пайванд аст. Моли мо ҳаст, арзиши гаронбаҳоест, ки дар баҳояш чандин ҷонҳоро қурбон кардаем ва боз ҳам чандин ҷонҳоро қурбон мекунем…
Ҷоннисор, ҷонфидо будан як ҷабҳаи ватандӯстист. Ва чандин ҷабҳаҳои дигар. Ватансозӣ як ҷабҳаи барои дирӯзу имрӯзу фардои мо ва ҷаҳониён як ҳақиқати рӯҳбахш, як ҳақиқатест, ки сабаби сарбаландӣ ҳам ҳаст.
Ватансозӣ, яъне ободу шодобу шукуфо кардани хоки Ватан, поку беолоиш доштани оби Ватан, ҳавои Ватан, муътабару муаззам доштани  номи мубораки модарамон, падарамон, бузургворони Ватан, азизону авлиёҳои Ватан.
 
***
Имрӯз дар баробари ин масъулиятҳои маълуми меросӣ масъулияти асрӣ сохтани Ватан ҳам бар дӯши мост. Асрӣ сохтани Ватан ҳар чанд мушкил аст, аммо дар тавону қудрати мо ҳаст. Вале дар ин раванд масъулияти сахти дигаре бар зиммаи мост, ки барои бисёру бисёр миллатҳои дигар чандон зарурат надорад, - мо дар баробари асрӣ сохтани Ватанамон бояд асолати онро ҳифзу зинда дошта бошем дар ҳолати коргару коромад ин асолатро парвариш кардан тавонем. Ин масъулият танҳо масъулияти миллӣ нест. Масъулияти умумибашарӣ ҳам ҳаст, зеро мағзу моҳияти асолати тамаддуни ориёнӣ-тоҷикиро фарҳанги инсонгароӣ ташкил медиҳад, фарҳанги манфиатрасонӣ, на манфиатҷӯӣ.
Асриву асолатманд сохтани Ватани азизи мо дар шароити истиқлолияти сиёсӣ бешубҳа имконпазир ҳаст. Мо дар ин раванд ҳастем.
Дар ин раванд саодати тақдирсози ватансозӣ насиби онҳоест, ки хештанро сохта тавонистаанд, яъне шахсияте, ки дар фаъолияташ саодатманд аст, зеро шуғле, ки мекунад хости дили ӯст, дар ин шуғл чирадаст аст. Ин шахсият дар хонааш саодатманд аст, зеро хештансозии ӯ тавонистааст ҷуфти табъи дили ӯро аз байни ҳазорон интихоб карда бошад. Ин шахсият ҳар саҳар бо шавқу завқ ба сӯи кораш меравад, зеро корашро ёд мекунад, чун ки корашро дӯст медорад. Дар ин кор обрӯманд аст, салоҳиятманд аст. Агар духтур аст, муаллим аст, деҳқон аст, дуредгар аст, челонгар аст… фарқ намекунад, ҳар ҷое ҳаст, ҳар коре мекунад бо муҳаббат, бо барор, обрӯманд мекунад.
Ватани обод, яъне хонаи обод. Давлати сарватманд, яъне шаҳрванди сарватманд. Давлати ҳушманд, яъне шаҳрванди оқилу огоҳу хирадманд. Ватани пурқудрату солим, яъне шаҳрванди тавонову сиҳатманд.
Ин гуна Ватанро касе месозад, ки хештанро сохта тавонистааст.
Алифбои ватансозӣ, - хештансозист.
Хештансозӣ воқеан тибқи фалсафаи таърихиву иҷтимоӣ дар ҳар давру замон мушаххасоти худро дорад. Мушаххасоте, ки имрӯз зарур, мубрам, ба ҳайси масъалаи доғи рӯзномаи зиндагист ба андешаи мо аз таркиботи зерин иборат аст:
ҳар соату дақиқа ҳушёри сиёсӣ будан, ғафлатзада набудан, «касе ғофил чарад, ғофил хӯрад тир»;
хештанро омодаи чорафзор кунад, ки дар ҳар ваҷҳе ҳолати рӯзгор манфиати давлати хештанро равшан бишиносад, дақиқан ташхис кунад;
барои ҳифзи ин манфиат ҷону тавони худро ҳаргиз дареғ надорад, агар ҷавон аст, агар миёнасол аст, агар дар камолоти син аст, хоҳ мансаб дорад, мансаб надорад, доро аст, камбизоат аст, сиҳати комил аст ё шахси имконоти маҳдуд дорад;
бояд ҳамеша дар ёд дошт, ки маҳаллагароӣ, маҳаллачигӣ падидаи тафаккури тӯдагӣ (стадное общество) аст. Як сифати табиӣ, қонунии форматсияи ҷомеае ҳаст, ки аз сифати ҷомеаи ибтидоӣ ба ҷомеаи тӯдагӣ мегузарад. Дар ин марҳала ҷамъият дар атрофи андешаҳое, ки зинда мондани ин тӯдаро дар баробари хатарҳои табиӣ, бархурд бо тӯдаҳои дигар ва ғайра таъмин мекунанд. Ин як зуҳури қонунӣ, зуҳуроти мубрам барои ҷомеаи ҳамон дараҷаи таҳаввули инсон мебошад. Ин хосият,-яъне дар ҳамбастагии як тӯда будан, ин тӯдаро бартар аз дигарон донистан, арзишу ормонҳои тӯдаҳои дигарро таҳқиру поймол кардан, бо мумури тараққии ҷамъият дар форматсияи феодалӣ коста мешавад, дар зинаи ба капитализм расидани ҷамъият падидаи маҳаллапарастӣ тақрибан комилан аз байн меравад. Дар ин даврон бо мумури ба зинаҳои пешқадамтар баромадани ҷомеаи капиталистӣ ақидаву арзишҳо, ормонҳое, ки ҷомеаро пайванд мекунанд комилан дигар мешаванд. Дар мавриди матлаби мо муҳимтарин сифати ин даврони тараққии ҷамъият дар атрофи ақидаи Давлат, манфиати Давлат, суботи Давлат, ҷамъ омадани андешаҳо, арзишҳо ва ормонҳо мебошад. Саодати ҷомеа сад дар сад вобаста ба ин сифатҳои Давлат мешавад;
ҳаргиз аз хотир набарорад, ки маҳалгароӣ ҳамеша бадбахтизо аст, харобкор аст, қудрати шайтонист. Зарафшонист хатлонист, бадахшонист, аз он ифтихор дошта бошад, ба зодгоҳаш муҳаббати гарм дошта бошад, аммо тоҷик буданаш, тоҷикистонӣ буданаш ҳамеша дар мадди аввал бошад, афзалияту фазилати бегуфтугӯ, бе шакку шубҳа бошад, муҳаббате, ки инсон ба зодгоҳаш, ба маҳаллаааш дорад як эҳсоси ширин аст, тақозои табиати фитрии инсон аст, дили ӯро, рӯзгори ӯро гарму рушан мекунад, бигӯем, ки ҷон аст;
аммо ҳамон қадар, ки зодгоҳу маҳалла ҷон аст, Ватан, яъне Тоҷикистон ҷони ҷон аст. Ҷон бе ҷони ҷон саропо нуқсон аст, заиф аст. Барои ин, ки зодгоҳат обод бошад, манзили саодат бошад, бояд Ватанат, Тоҷикистонат обод бошад, манзили саодат бошад;
маҳалладӯстӣ як падидаи зебо, ҳуқуқи табиии инсон аст;
маҳаллапарастӣ як шармандагӣ, нишонаи заифии шахсият, заъфи андешаи ӯ, шахсияту суботи шахсӣ надоштани ӯст, мустақилона ба ҷойе, ба мақсаде расида натавонистани ӯст, ҳуҷҷати айёрӣ, маккорӣ, нокасии ӯст;
ин нуктаи бомуваффақияти ҳама фаъолияти хештаншиносӣ хоҳад буд. Хишти нахустини пулодину мармарини ваҳдати миллат хоҳад буд. Ваҳдати миллӣ бояд ба ҳайси қалъае бунёд шавад, ки на сангин, балки пулодин бошад. На танҳо пулодин, балки пулодини ҳушманд, яъне агар пайғоми дӯст бошад дарвозаҳои ин қалъаи пулодини ҳушманд худ ба худ боз шаванд, агар хабари наҳси нохалаф бошад ин дарвозаи ҳушманд барои ҷовидон маҳкам баста шаванд. Рахнаи камтарин дар қалъаи ваҳдати миллӣ ҳатман наҳсе дар паёмадаш дорад;
пиндор, кирдор, гуфтор бояд ҳатман асрӣ бошанд. Дар сафи пеш асри зудқадам, қадам ба қадам рафтан тавонад. Дар айни замон таърихи миллат, мақому мароми миллат, асолати миллаташро шинохта бошад. Дар ин масир аз лаҳзаҳои нокомӣ ва комгории саргузашти миллат ибрат ва натиҷа гирифтан тавонад.
***
Эҳсоси Ватандӯстӣ, ба истилоҳи байналмилалӣ “патриотизм” ба назар мерасад, ки дар масири таърихи тоҷикон чандон равшан ва дақиқ нест, ки имрӯз хоҳ барои тоҷикон, хоҳ барои миллатҳои дигар фаҳмо аст. Эҳсоси Ватандӯстӣ як арзиши муқаддасе аст, ки инсонро ба сӯи қаҳрамониҳо ва ҳатто ба ҷонсупории рӯи рост ба хотири Ватанаш ҳидоят мекунад. Ин ҷонсупорӣ дониста, ошкоро, мардона ва ҳақиқатан намунаи олии дӯст доштани Ватан аст. Аслан рӯи рост, бо сари баланд ба чунин қурбонӣ рафтан дар сурати амиқтар ба таҳлил гирифтани ин падида пайдо кардан мумкин аст, ки шояд қурбон кардани хештан ба хотири як пора замин, ҳудуди ҷуғрофии Ватан ҳам бошад, аммо асли чунин пардохти беназир шаъну шараф, иззат, нангу номуси ин қурбонӣ аст, ки дар ҳамин соат тамоми муқаддасоти Ватанаш ба ҳайси як зарраи пурқудрат, шояд қавитар аз қудрати зарраи атом дар зеҳну вуҷудаш фишурда мешавад ва ӯро ба қаҳрамониву корнамоӣ ҳидоят мекунад.
Дар ҳамин шакл ҷустуҷӯ кардани Ватандӯстӣ дар таърихи миллат шояд натиҷае надиҳад. Қаҳрамониҳое, ки Рустаму Деваштич, Абумуслиму Восеъ кардаанд ҳар кадом гунаи дигар дорад. Агар қаҳрамонии Деваштич дар баробари ҳифзи марзу бум бештар ҳифзи иззату шарафи миллӣ дошта бошад (яъне муборизаи ориёниён бо юнониён), муборизаи Восеъ барои адолати иҷтимоӣ дар дохили як миллат аст.
Дар ҳар сурат таърихи пуршарофати миллати мо нуктаҳое дорад, ки фаҳмиданаш барои мо аслан имконнопазир аст. Равшантарини ин нуктаҳо назари бузургворони мо, ба монанди Низомии Ганҷавӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба Искандари Мақдунии истилогар аст. Кадом шарҳу тафсир, кадом усулу метод, кадом хиради заррабини Гермеси Трисмагист (ё Идриси се дараҷа хирадманд) барои мо метавонад фаҳмонад, ки чаро ин бузургворон як юнониеро, ки Ватани маро тороҷ мекунад, тамоми касофатиҳоеро, ки як истилогар дар замини истилошуда имкон дорад анҷом бидиҳад, ба амал меорад ва ...
Оё хираду ҷаҳоншиносии ин азизони мо аз он эҳсосе, ки мо “Ватандӯстӣ”-аш меномем баландтар аст? Оё он эҳсоси тавҳину таҳқиреро мо баъд аз садсолаҳо аз поймол шудани Ватанамон эҳсос мекунем барояшон ягон маънии дигар дорад? Ва чандин саволҳои дигар.
Идома дорад
 
 
Раҳматуллоев Назрулло
Ходими пешбари илмии
Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ
ба номи А.М Баҳоваддинови АМИТ

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia