casino malaysia
casino malaysia
Наврӯз ва ҳикмати ҷашнгирии он

wrapper

Ҷашни Наврӯз яке аз маросимҳои хосе дар таърихи кишварҳои бостонии тоҷику форс ва тамаддуни онҳо мебошад, ки дар китобу сарчашмаҳои қадимӣ дар шакли ривояту қиссаҳо баёноти худро ёфтааст. Дар бораи ҷашни Наврӯз иллати пайдоиш ва фалсафаи он фикру андешаҳои мухталиф вуҷуд дорад, ки баъзе аз онҳоро дар ин мақола мухтасар баён хоҳем кард.
Мувофиқи ривояту афсонаҳои устуравии тоҷику форс пайдоиш ва оғози ҷашни Наврӯз   ва фалсафаи ҳастии онро ба Ҷамшед – чорумин подшоҳи Пешдодии тоҷику форс нисбат додаанд. Дар «Таърихи «Ғурар ус-сияр» дар бахши «Подшоҳии Ҷамшед аз хонадони Ҳушанг» омадааст: «Номи ин подшоҳ Ҷамшед» аст, ки ба гунаи фишурда «Ҷам» низ гӯянд….Чун Ҷам ба подшоҳии ҷаҳон расид ва париву мардум роми ӯ шуданд, барои онон суханронӣ кард ва гуфт: ман барои вежагиҳое, ки Худованд бар ман арзонӣ дошта ва фуруғе, ки ба ман додааст, подшоҳи шумо шудаам, то заминро ободон созам ва мардумро бебиму осуда гардонам ва дод бигустаронам, диҳиши бисёр кунам ва некиҳоро зинда кунам ва бадиро аз миён бардорам…».[1] Ҷамшед мардумро ба радаҳои гуногун ҷудо мекунад: радаи лашкариён – дифокунанда аз шарафу родӣ: радаи донишмандон – варзандаи дониш: радаи нависандагон, шуморгарон ва бозоргонон. Он гоҳ мефармояд, ки ҳар яки ин радаҳо ба кори худ машғул бошанд ва аз марзи худ берун набароянд.
Дар ривояти дигаре омадааст, ки муборизаи Аҳуромаздо бо Аҳриман ва найрангҳои аҳриманӣ боиси хушксоливу қаҳтӣ ва нобудии хайру баракат шуда буд. Аммо ба сари қудрат омадани Ҷамшед муҷиби нобудии Аҳриман мешавад ва бори дигар хуррамию шодмонӣ ва хайру баракатро ба мардум арзонӣ дошта, дарахтҳои хушкида, аз нав сабзида ва мардум он рӯзро «Наврӯз» ё «Рӯзи навин» хонданд. Он гоҳ ҳама бо фархундагиву шодмонӣ чунин рӯзе дар таште ҷӯ коштанду сабза рӯёнданд ва ин расм барои мардуми тоҷику форс дар айёми Наврӯз ҷовидона шуд.
Дар баъзе ривоятҳо омадааст, ки Ҷамшед дар ҷаҳон сайр мекард, ҳангоме ки ба Озарбойҷон расид бо тоҷу тахте бар нуқтаҳои баланде  дар  машриқ ҷой гирифт ва рушноии он тоҷу тахт ҳангоми тулуи Офтоб чашми мардумонро хира кард ва он рӯзро рӯзи нав хонданд ва ҷашн гирифтанд ва лафзи «шед», ки дар паҳлавӣ ба маънои шуо аст бар номи вай афзуданд ва подшоҳро Ҷамшед номиданд ва расми ҷашнгирии Наврӯз тавассути ӯ ба таври доимӣ пойдору бар ҷо шуд.
Дар замони шоҳии хеш Ҷамшед ба инкишофу пешрафтӣ фалсафаи ҳастӣ - сохту сози сохтумонҳои баланду қаиқҳои баҳрию ҳавоӣ ва дигар афзорҳои таробарии дарёӣ, ҳавоӣ таваҷҷуҳи хос намуда, ба мардум  дарёнавардӣ ва аз дарёҳо берун кашидани гуҳарҳои дарёӣ ва кишту кор ва дигар касбу ҳунарҳоро   омӯзонда пешрафти зиндагиро ба авҷи аъло расонд…. «Он гоҳ фармон дод, ки гардунае аз оҷу соҷ бисозанд ва онро бар дебо фарш кунанд. Сипас бар он савор шуд ва девонро фармуд, ки ӯро баргиранд ва ба миёни осмону замин  бубаранд ва бо ҳамон чархи якрӯза аз роҳи ҳаво аз Дамованд ба Бобул омад. Ин рухдод дар нахустин рӯзи фарвардин аз нахустин моҳи баҳор пеш омад, ки оғози сол ва ҳангоми тозагии ҷаҳон ва зинда шудани замин… аст. Мардум ин рӯзро рӯзи наву ҷашни фархунда ва сарфарозӣ номиданд ва онро аз бузургтарин ҷашнҳо баргузиданд ва Наврӯзаш номиданд ва Худоро сипос гуфтанд, ки чунин ҷойгоҳи арҷманд ба подшоҳашон бахшидааст. «Ва ба ҷашну ромишу шодхорӣ ва пойкубӣ пардохтанд ва доди ин ҷашни хуҷастаро бидонанд»[2]. Ин аст ҳикмати ҷашни Наврӯз ва фалсафаи он, ки тавассути нияти поки Ҷамшед-шоҳи некқадами даврони бостони тоҷику форс, ки ба ҳастии замину мардуми он баракату раҳмат ва рушноии ҳаёту зиндагии осуда овард. Ин подшоҳи хирадманду тавоно дар таърихи тамаддуни бостон қонунҳои тараққиёту пешрафти ҳаётро дар сарзаминаш аз нигоҳи диалектикаи табиат ва тафаккуру фаҳмиши инсонӣ ҷорӣ намуд.
Мувофиқи ривояте, ки дар «Таърихи «Ғурар ас-сияр» омадааст Ҷамшед сесаду си сол ба дараҷаҳои болое расида, зиндагии пур аз асоиш ва  сарриштаи кори ҷаҳонро ҳам ба даст дошт. Дар кори кишвардорӣ бобарор буду бар париёну мардумон фармонравоӣ мекард. Мардум низ дар амну амонӣ, фаровонии неъмат ва осудагиву дур аз нигарониву ошуфтагӣ мезистанд.
Пайравони  ойини Маздоясно боз муътақид буданд, ки Зардушт дар ин рӯз мутаваллид шуда ва дар ҳамин рӯзи муқаддас бо Худованд бо розу ниёз пардохтааст ва ин рӯз барои мардуми тоҷику форс муқаддасу муҳтарам ҳисобида мешавад. Подшоҳони сосонӣ низ дар дарборҳои хеш ойини Наврӯзро бошукуҳу ҳашамати хосе баргузор мекарданд ва шоҳ панҷ рӯзи аввал ё «Наврӯзи ома» бори ом медод ва барои иҷрои хоставу ҳоҷатҳои мардум мепардохт. Сипас «Наврӯзи хоса» ё «Наврӯзи бузург»-ро, ки ба рӯзи шашуми фарвардин оғоз мешавад ба худ ва наздиконаш ихтисос дода ва ба ҷашну шодмониҳо машғул мешуданд. Дар замони сосонин бахшида ба ин ҷашн оҳангҳои хоси наврӯзӣ навохта мешуд.        
Ҳамин тариқ, Наврӯзро мардуми ориёӣ ва тоҷику форс аз замонҳои қадим  ҳамчун маросими суннатӣ истиқбол менамуданд ва расму ойинҳояшро дар шаклҳои мухталиф ба ҷо меоварданд. Дигар кишварҳои Осиёи миёна Наврӯзро ба таври ғайрирасмӣ дар сурати пухтупазҳои суннатӣ-баҳорӣ, махсусан суманак, шинонидани ниҳолу тозакунии ҷӯю каналҳо, шудгору кишти ҳар гуна маҳсулот, хонатаконӣ, дар рӯзи ид ба хурду калон пушонидани либоси миллӣ ва наву тоза, паҳнкунии дастархони наврӯзӣ ва монанди инҳо пешвоз мегирифтанд. Вале дар даврони муосир ин ҷашнро дар бисёре аз кишварҳои Ховари миёна, Осиёи миёна, Кавказ, Туркия, Ҳиндустон ва ғ. дар илова ба суннатҳои қадима ба замони имрӯза мувофиқ кунонда ҷашн мегиранд. Ва бо гузашти замон сарҳади ҷуғрофӣ ва ҷашнгирии Наврӯз фаротар мегардад. Махсусан аз байн рафтани Иттиҳоди шуравӣ ва мустақилияти кишварҳои Осиёи миёна боиси он гардид, ки барои аз нав эҳё намудани ин ҷашни суннатӣ мардуми фарҳангдӯсту меҳрпарвар саъю талош намуданд, то ки Наврӯз ба ҷашни суннатӣ-фарҳангӣ ва байналмилалӣ табдил гардад.
Ҳамчунин ҷамъомадҳое бо номи «Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз» амал мекунад, ки дар он сарварони кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд ҷамъ омада, аз ин маросими суннатӣ-фарҳангӣ қадрдонӣ мекунанд.
Маросими Наврӯз дар сарзамини тоҷикон ҷашни миллии ниёгон аст ва аз он ба унвони рамзи муҳаббату дӯстӣ, баракату неъмат, оқибат ба хайр шудани сол, сиҳативу бардамӣ, рафъи офату балоҳои осмониву заминӣ ва ғайра ёд карда,  онро бо сару либоси тару тоза, рақсу тарона ва монанди инҳо ба номи «Ҷашни бузург» пешвоз мегиранд.
Ҷашну истиқболи Наврӯз аз суннатҳои фарҳангии қадимтарини мардуми тоҷику форс ва ориёӣ буда, чун Тиргону Меҳргон ва Сада то даврони ҳозир арзишҳои худро гум накардааст. Ҷашни Наврӯз нишондиҳандаи он аст, ки аҷдодони мардуми тоҷику форс аз қадим дорои фарҳангу тамаддуни воло будаанд.
Наврӯзро дар даврони муосир миллати тоҷик ҳамчун иди суннатии миллӣ бо шавқу завқ ва ифтихору самимияти зиёде  дар шаҳру вилоят ва ноҳияву деҳотҳо бо базму тараб ва тайёр намудани неъматҳои солинавӣ-баҳорӣ бо умеди баракату фаровонӣ  ҷашн мегиранд. Зеро ки ин маросим ҳамчун нишонаи файзу сарсабзӣ ва оқибат ба хайр шудани сол  аст. Дар даврони истиқлол ҷашнгирии он боз ҳам зеботару бошукуҳтар ва бо омезиш бо фарҳанги суннатӣ - замонавӣ мегузарад. Ҷашни Наврӯз  ҳамчун  иди баҳор, иди кишту кори деҳқонӣ ва заминагузорӣ барои ҳосили сол, тару тоза намудани гулгашту хиёбонҳо, шинонидани ниҳолу гулчанбарҳо, хонатаконӣ ва шустушӯй намудани тамоми асбобу васоили рӯзгор, сару либосҳои хона ҳамчун нишонаи аз байн бурдани гарду ғубор ва ғаму андуҳи соли куҳна мебошад. Ҳамчунин як қатор расму ойинҳо, ба монанди  аспдавонӣ, гуштингирӣ, кабкҷангӣ ва хурусҷангӣ, тухми мурғ бозӣ, бузкашӣ, бандкашӣ, хона ба хона аввалин гулҳои баҳориро расонидан, ки аз беҳтарин машғулиятҳои айёми наврӯзии мардуми тоҷик ба шумор мерафт.
        Фарорасии Наврӯз боз як бори дигар ба мардум аз маърифату фарҳанг ва маънавиёти воло доштани гузаштаву имрӯзаи мо хабар медиҳад, ки ин ҷанбаи тарбиявию омӯзандагӣ дошта, худшиносӣ, маърифати ватандӯстӣ, ваҳдат ва ҳувияти миллии мардумро ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат боло мебарад.
 
                                                                 
 
Муродова Тоҷинисо
 Номзади илмҳои фалсафа, дотсент,
ходими пешбари илмии ИФСҲ-и
ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
 
 
[1] Абумансур Абумалик ибни Муњаммади Соалибии Нишопурї. Таърихи ѓурар ус-сияр маъруф ба «Шоњнома»-и Соалибї. Тољнома. Китоби 111. Душанбе «Бухоро», 2014.-С.46.
[2] Таърихи ѓурар ас-сияр. Китоби 111.-С.48.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia