Сиёсишавӣ раванди афзоиши таъсири сиёсат ба дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Дар ин раванд сиёсат ва дин ба ҳамдигар таъсир мерасонанд ва ё таъсири дин ба рушди сиёсии ҷомеа назаррас мегардад. Сиёсишавии дин аз нигоҳи омӯзишҳои назариявӣ ҳамчун ҷараён ва кӯшиши яке аз муҳимтарин падидаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, идеологӣ ва эътиқодӣ ва барандагони субъектҳои динӣ, қудратҳо баҳри динигардонии тамоми муносибатҳо давоми таърихи сиёсии башар ба вуқуъ пайвастааст. Сиёсигардонии динро метавон роҳи махсуси субъектҳои мухталиф ба хотири тақвияти иродаи сиёсии онҳо тавсиф намуд.
Ба муҳимияти ин масъала таваҷҷуҳ намуда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ иброз намуданд, ки «… имрӯз инсоният дар давраи бархӯрду зиддиятҳои шадиди низомӣ, хушксоливу камобӣ, қаҳтиву гуруснагӣ, таназзули иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дар маҷмуъ, дар вазъи ниҳоят мураккаби таърихи худ қарор дорад. Бар асари омилҳои гуфташуда солҳои охир мо шоҳиди дар чандин давлати мусулмоннишин тавассути сиёсисозии ислом ё бо таъсиргузории исломи сиёсӣ ноором намудани зиндагии мардум ва халалдор сохтани вазъи амниятии давлатҳо гардидем. «Инқилобҳои ранга» ва дигар равандҳои ба онҳо монанд, ки мисли ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда буданд, аз куҷо сарчашма гирифта, ба куҷо оварда расониданд, имрӯз ба ҳеҷ кас пӯшида нест. Сиёсикунонии дин як раванди сунъӣ буда, дар таълимоти ислом ҷойгоҳе надорад. Зеро дини ислом аз оғози пайдоишаш сиёсӣ набуд ва сархати таълимоти онро нахуст хондану омӯхтан, сипас имон овардан ба Худо ва шинохти ягонагии ӯ ташкил медиҳаду халос».
Воқеан, дин ва сиёсат ҳамеша бо ҳам иртиботи зич доштанд. Аз ин рӯ, навовариҳо ва тағйироти диниро берун аз манзараи сиёсии ҷомеа дарк намудан ғайриимкон ва арзёбии рӯйдодҳои сиёсӣ бе назардошти таъсири дин ба ҷараёни онҳо низ номумкин мебошад. Сиёсигардонии дин ва динигардонии сиёсат яке аз тамоюлҳои асосии муносибатҳои мутақобилаи сиёсат ва дин дар олами муосир аст. Раванди аввалӣ, яъне сиёсигардонии дин аксаран дар шаклҳои мухталиф зуҳур мекунад. Он як навъ майлон ва дараҷаи рӯоварии ходимони динӣ ва иттиҳодияҳои динӣ ба фаъолияти сиёсӣ, раванду ҳодисаҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа, ташаккули дараҷаи маънавиёт ва шуури сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Динигардонии сиёсат ҳолатеро мефаҳмонад, ки сиёсатмадорон омилҳо ва унсурҳои диниро дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мухталифи ҷомеа ба назар мегиранд. Метавон ин ҳолатро як тарафи тамоюли релятивизми инкишофи ҷомеа дар раванди инкишофи ҷомеа донист. Сиёсигардонии дин ва динигардонии сиёсат давоми таърих омезиш меёфтанд. Имрӯз низ дар шароити ҷаҳони дунявӣ ҳамкории дин ва сиёсат на танҳо қатъ нашудааст, балки шаклҳои нав пайдо менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлилу баррасии масъалаи сиёсишавии дин таъкид намуданд, ки «… давоми чордаҳ асри охир яке аз воситаҳои санҷидашудаи бозигарони геополитикӣ татбиқи барномаҳои «исломи сиёсӣ» мебошад, ки барои амалисозии ҳама гуна тарҳу лоиҳаи муғризонаву манфиатҷӯёнаи онҳо истифода мегардад. Ҳамватанони мо хуб дар ёд доранд, ки ташкилоти террористиву экстремистии фаъолияташ дар ҷумҳурӣ манъшудаи «ҳизби наҳзат», яъне сабабгори асосии сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз ҷониби бозигарони геополитикӣ чӣ гуна барои амалӣ намудани ҳадафи бунёди давлати исломӣ ва ба сари мардуми мо бор кардани фарҳанги бегона ба майдон оварда шуд». Дурустии андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро воқеъияти имрӯзаи инкишофи ҷаҳони муосир бозгӯӣ менамояд.
Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI тамоюли сиёсишавии дин бештар хоси дини ислом гардид. Дини ислом ба омили ҷиддии таъсиргузор ба равандҳои сиёсӣ ҳам дар дохили мамлакатҳои алоҳида ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ табдил ёфт. Дар баробари ин, сиёсӣ шудани дини ислом дар ҷаҳон ташаннуҷи иҷтимоию сиёсиро ба вуҷуд меорад. «Эҳёи Ислом» ё «Эҳёи исломӣ» дар солҳои 1960 оғоз шуд. Асри XX, пас аз пошхӯрии системаи ҷаҳонии мустамликадорӣ шоҳиди мавҷи васеи тамоюли сиёсишавии дин гардид.
Маълум аст, ки ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад. Аммо сиёсишавии ислом ба ин ҳам таъсир мегузорад. Дар ин радиф Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «… мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои муътамад дар замони Абуҳанифа низ олимон ва донишмандони зиёде шоҳиди суиистифода аз дин ба хотири манофеи сиёсӣ буданд, аммо касе ба андозаи Абуҳанифа ҷуръат надошт, ки ба таври ошкоро мухолифаташро бо худсариву қаҷравӣ баён кунад. Тавре ки имрӯз мушоҳида мекунем, гурӯҳҳои ифротӣ ва бегонапараст кӯшиш мекунанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ бо шиорҳои динӣ моро аз давлату миллати худ, аз асли тоҷик будан ва пояҳои устувори таъриху тамаддуни ниёгонамон дур созанд. Дар ҳоле, ки ислом либос наовардааст ва ҳамаи миллатҳо ва қавму қабилаҳо либоси миллии худро бо шартҳои исломӣ мутобиқ кардаанду халос».
Муайян намудани сабабҳо, заминаҳо ва омилҳои сиёсишавии дин кори саҳл нест. Ҳолати мазкур аз гуногунии сабаб, замина ва омилҳо вобаста мебошад. Аз шумули сабабҳо ва омилҳои ба вуҷуд омадани сиёсишавии дин ҳамчун тамоюли динӣ-сиёсии замони муосир равандҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ҳамчун омили таъсиргузор ва аксаран шиддатзо ҳисобида мешавад. Дар ростои муайянкуниҳои сабабҳо ва омилҳои сиёсишавии дин сабабҳои дигари он аз равандҳои иҷтимоию сиёсии ҷаҳонӣ вобаста мебошанд. Ба ин раванд, махсусан, ҷаҳонишавӣ таъсири амиқ мерасонад. Аз ин рӯ, сабабҳои сиёсӣ шудани дин ва радикализатсияи онро дар сатҳҳои гуногун — ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дар сатҳи давлатҳои алоҳида баррасӣ намудан зарур аст.
Сиёсишавии дин дар шароите, ки буҳрони умумиҷаҳонӣ ва мушкилоти ҷомеаҳои миллӣ эътироф мегардад, барои Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад. Ин тамоюлот ба суботи сиёсӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳ ва шаклҳои гуногун таъсир мерасонад.
Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз омилҳои сиёсишавии дин паҳн гардидани идеологияи иртиҷоӣ ва тундагороёнаи диндорон ва руҳониён, таблиғи ғояҳои экстремистию террористии «исломизм» мебошад. Арзишҳои ғоявию идеологӣ аз ҷониби якчанд ниҳодҳои сиёсӣ, созмону ташкилоти иртиҷоӣ ва тундгаро, иттиҳодияҳо ва созмонҳои экстремистии дорои характери динӣ тарғибу ташвиқ мегарданд. Онҳо ҳадафҳои сиёсӣ ва қудратӣ доранд, ки асоси онро бо роҳи ғайриосоишта ва таҳдиду барангехтани моҷарои сиёсӣ таъсис додани шакли ҳокимияти давлатии теократӣ ташкил медиҳад.
Давоми солҳои охир сиёсишавии дин дар шароити Тоҷикистони муосир масъалаи рӯзмарра ва баҳсноку мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзишҳои илмӣ қарор мегирад. Чунин вазъият аз воқеияти ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ вобастагии калон дорад. Барои Тоҷикистон баррасии ин масъала, муайянкунии сабабҳо ва омилҳои бавуҷудоии он, инчунин таъсиррасонии он ба амният ва суботи мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Раванди сиёсишавии дин дар шароити давлати мо, дар шакли радикалӣ ва ифротиву терроризми динӣ ниқоб аз рӯи худ бардоштааст. Бинобар ин, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки неруҳо ва таъсиррасонии хориҷие, ки ба сиёсишавии дин дар шакли радикалӣ, террористиву ифротгароӣ мусоидат мекунанд ва аз шакл гирифтани чунин вазъият манфиатдор ҳастанд, бештар ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа рӯ оварда, дар баъзе мавридҳо ба онҳо кумаки молӣ мерасонанд ва тавассути таблиғоти идеологиву ғоявии худ онҳоро ба ҷониби худ ҷалб менамоянд.
Новобаста аз тадбирандешиҳо дар самти пешгирии ифротишавии шуури ҷавонон гурӯҳҳои ифротию динӣ ба таври пинҳонӣ фаъолият намуда, ҳоло ҳам ҷавонони моро ба доми худ даровардаю гумроҳ намуда, ба манфиатҳои динию сиёсиашон истифода менамоянд. Бо ҳамин сабаб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар суханронияшон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин иброз намуданд, ки «омӯзиш ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии дорои хусусияти динӣ дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт. Сохтору мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ дар асоси барномаҳо ва дигар санадҳои қабулнамудаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин меъёрҳои қонунгузорӣ бар зидди таҳдидҳои гуфташуда муборизаи муташаккилонаро ба роҳ мондаанд ва Тоҷикистон имрӯз ба сифати мамлакати пешсаф дар самти мубориза бо терроризму экстремизм эътироф гардида, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад».
Тавре маълум аст, ҷумҳурии мо ба қатори яке мамлакатҳои амнтаринӣ дунё ворид шудааст, ки ин мояи ифтихор аст. Месазад, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати созандаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намоянд ва бо зуҳуроти ифротгароию терроризм мубориза баранд. Зеро ин оромию осудагии Тоҷикистон натиҷаи сиёсати созандаи роҳбарияти ҷумҳурӣ буда, бо дастгирии аҳолии ҷумҳурӣ ба даст омадааст.
Дар суханронияшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «бо назардошти ҳолатҳои зикршуда ба тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, кумитаҳои кор бо ҷавонон, дин, иттиҳодияҳои динӣ ва дигар ташкилоти ҷамъиятӣ зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар тарзу усулҳои муассири пешгирӣ намудани ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва вайронкунии маҳдудияти бо қонун муқарраршударо амалӣ намуда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои муассир андешанд».
Мо чунин мешуморем, ки хатари воқеӣ ба амнияти миллӣ метавонад аз ҳад зиёд сиёсӣ шудани дин ва инчунин паст будани дониши динӣ ва иттилоъ дар бораи дин дар байни ҳам шаҳрвандон ва ҳам диндорон бошад. Аз номи дин ташкил намудани ҳизб ва ба мақсадҳои сиёсии худ истифода бурдани он, моҳиятан, ба ҷомеа ворид намудани зиддият аст. Ҷорӣ намудани ҷудоӣ ба хотири расидан ба қудрат, нуфуз ва шуҳрат таҳдид ба пояҳои давлату миллат дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиаташон зимни суханронӣдар ин мулоқот иброз намуданд, ки «… биёед, ба қадри ин Ватан, ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва нону намаки он расем, ба хотири ободии боз ҳам бештари Тоҷикистони азизамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон муттаҳиду сарҷамъона ва софдилонаву содиқона заҳмат кашем. Нагузорем, ки фарзандони мову шумо, яъне оянда ва баракату саодати минбаъдаи мо василаи дасти дигарон ва боиси бадномии миллати тамаддунсози тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гарданд. Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки танҳо кадрҳои замони нав, яъне мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир метавонанд Ватан ва давлатро соҳибӣ кунанд, обод созанд, тараққиёти давлатро таъмин намоянд ва ҷомеаро пеш баранд. Дар ҳазораи сеюм танҳо давлату миллатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки илму дониши пешрафта ва техникаву технологияҳои замонавӣ дошта бошанд. Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем ва дар назди наслҳои имрӯзу оянда, барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, ки рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё намоем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд. Ин вазифаи ҷонии падару модарони азиз, аҳли маориф, роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, зиёиён, фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин мебошад».
Хулоса, ба назари мо барои пешгирии сиёсишавии дин, ҷомеаи тоҷик ва таъсири равияҳои ифротгарои исломӣ, қабл аз ҳама, таъсири онҳоро дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва қишрҳои мухталифи аҳолӣ муайян намудан зарур аст. Барои анҷоми ин кор ба ҷуз мушоҳидаҳо ва ҳуҷҷатҳои ин таъсирро инъикоскунанда бояд таҳқиқоти мушаххаси сотсиологӣ дар якчанд минтақаи ҷумҳурӣ интихобан гузаронида шавад. Ҳамзамон ба тарғиботи динию ифротии ин ҳаракату созмонҳо осори гаронмояи фарҳангию таърихӣ, аз ҷумла ганиҷинаҳои адабиёти оламшумули тоҷик муқобил гузошта шавад.
Ба ин хотир месазад, ки барои гиромидошти асари Фирдавсӣ «Шоҳнома» дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ машғулияти «шоҳномахонӣ» ташкил шавад, ба таҷлили ҷашнҳои миллӣ эътибори махсус дода, дар ин асос худшиносии миллиро тақвият бахшем. Боварию эътимоди комил дорем, ки бо амалӣ намудани чунин тадбирҳо мо метавонем, ки аз сиёсишавии дин ҳамчун хатар ба фарҳанги миллӣ ва суботи ҷомеа пешгирӣ намоем.
Нозим МАҲМАДИЗОДА,
директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. М. Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои фалсафа, профессор