casino malaysia
casino malaysia
Ҷанбаҳои фарҳангӣ ва ҷаҳоншинохтии Наврӯз

wrapper

Наврӯз, ба унвони яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашнҳо дар олам бар пояи тасаввуроти амиқи фалсафӣ ва ҷаҳоншинохтие устувор гаштааст, ки ҳар кадом намоди  давом ва бақои кавми тоҷик ва дигар ақвоми ориёитабор махсуб мешавад. Ин ҷашнро ақвоми зиёди муҷовир аз дуру наздик: аз марзи  Чин ва ақсои Ҳинд то савоҳили уқёнуси Атлас ва аз арозии Сибириё то Халиҷи Форс ба унвони ҷашни миллӣ ва қавмии худ пазируфта, бо шукӯҳу шаҳомати хосае онро таҷлил мекунанд, ки ин худ далели возеҳу раднопазирест роҷеъ ба таъсири фарҳангии тоҷикону дигар ориёинажодон бар сокинони ин марзу бум ва куллан тамоми ақсои олам.
Гузашта аз он, «иморати хештаншиносии тоҷику эронӣ ду шаҳсутун дорад: яке забони порсисту дигаре чашни Наврӯз».[1]
Дар ин набиштаи мухтасар ишороте чанд хоҳад омад ба унвони далел бар асолату дурустии ин суханон, бо таъкид бар он ки «забони порсӣ (точикӣ) ба унвони ҳомилу ҳомии осор ва пиндори фарҳангӣ ҳам ҳофизаи таърихӣ ва ҳам дурнамои рушди маънавиамонро таҷассум мекунад. Ҷашни Наврӯз ба унвони суннати зиндаи халқ замонати бақои рузгори ӯст».[2]  
Ва инак, мисоле чанд роҷеъ ба Навруз ва инъикоси тасаввуроту боварҳои ниёгонамон дар ин ҷашни куҳан ва шукӯҳманд, ки бештар дар назми оламгири форсӣ таҷассум гардидаанд:   
Гирдгардон будани олам, яъне дар ҳолати тағййиру таҳаввули мудовиму давраӣ қарор доштани он, дар тасаввури аҷдодони мо як падидаи муқаррарӣ будааст. Ва ба фармудаи Одамушшуро Рудкӣ:
Ҷаҳон ҳамеша чунин аст, гирдгардон аст,
Ҳамеша то бувад, ойин-ш гирдгардон буд.
Ва бар асари ҳамин ҳолати гирдгардонӣ аст, ки:
Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд,
Ва нав кунад ба замоне ҳамон ки халқон буд.[3]
Ва нуқтаи тавассули чунин як ҳолати гирдгардонӣ ва мубаддал шудани куҳна ба на нав баҳору Наврӯз аст, ва ҳатто:
Шояд ки марди пир бадин гаҳ шавад ҷавон,
                        Гетӣ ба дил ёфт шубоб аз паи машиб.
Илова бар он, аз дидгоҳи Одамушшуаро, Наврӯз худ табибест ҷиҳати муолиҷаи ҷаҳони бемору дардманд ва василает ҷиҳати ба эътидол овардани олами хастӣ дар сатҳи ҷомеа ва кайҳон:
                           Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт бӯи суман бодро табиб.[4]  
Яъне Наврӯз василаву намоди эътидол аст, чун он замони тавозуни шабу рӯз ва оштиву сулҳу салоҳ миёни инсонхо, дур афкандани кинаю кудуратҳо, пушти сар гузоштани сардию хушунат ва рӯй овардан ба меҳрубонию каромат меобошад. Ва аз ин лиҳоз ба фармудаи Унсуралмаъолии Кайковус, «этидол ҷузвест аз ақли кулл».[5]
Пас, аз ин дигоҳ Наврӯз намоди ақли кулл маҳсуб мешавад.
Васфи Наврӯз бавижа дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ мақоми сазовор ва чойгоҳи баланде дорад ва ба унвони даврони пирӯзии некӣ бар бадӣ, ҷилваи шукӯҳу шавкати шоҳону шаҳриёрон, шукуфоии олам ва сарбаландию осоиши одам талаққӣ мешавад. Хаким Фирдавсӣ ба масъалаи Наврӯз аз дидгоҳи равобити фитрии инсон ва табиат ва куллан олами ҳастӣ менигарад, ва ин ҷашнро пули иртиботе медонад ҷиҳати таҷдиду шукуфоии муштараки инсон ва кайҳон. Забони шево ва тавонои форсӣ (тоҷикӣ) имкон медиҳад, ки Ҳакими Тус дар нигориши вижагиҳои Наврӯз ба гунаи  шигифтоваре доди сухан диҳад, ва хонандаро ба олами сеҳрангезу рӯҳнавози ин забон раҳнамун бошад ва макоми Наврузро дар тадовуму такомули фарҳанги порсизабонон ба намоиш бигзорад. 
Хаким Фирдавсӣ бо ишора ба тасаввуроти қадимии ақвоми ориёӣ Наврӯзро инчунин замони вонамудани рози оламу одам медонад. Масалан, дар «Достони Бежан», вақте ки Гев дар ҷустуҷӯи Бежан оҷиз мемонад, ва ба чораҷуӣ назди Кайхусрав меравад, ва аз у барои дарёфтани гумшудааш ёрӣ мехоҳад,   шоҳи каёнитабор чунин посух медиҳад:
Бимон, то биёяд маҳи фарвадин,
Ки бифрузад андар ҷаҳон ҳурдин.[6]
     Бар он гаҳ, ки бар гул нишонад-т бод,
  Чу бар сар ҳаме гул фишонад-т бод,
                               Бигӯям туро ҳар куҷо Бежан аст,
Ба ҷом андарун ин маро равшан аст.
Яъне то замоне, ки Наврӯз фаро нарсидааст, Кайхусрав наметавонад ба Ҷоми Ҷам бингарад, ва асрор ҳувайдо созад. Чаро? Зеро, ки танҳо дар айёми Наврӯз ҷаҳонро тағййироти боризе фаро мегирад, ва биниши фитрӣ ба бор меояд.
Ва чун Наврӯз фаро мерасад, Кайхусрав сурудааст:
                                Яке ҷом бар каф ниҳода набид,
Бад андарун ҳафт кишвар бидид.
Замону нишони сипеҳри баланд,
Ҳама кард пайдо: чиву чуну чанд.[7]
Навруз дар «Шоҳнома» на танҳо оғози соли нав, пушти сар шудани зимистону сармо ва фаро расидани баҳору шукуфоӣ, балки нуқтаи оғозини замони шаҳриёрии шоҳони даврони бостон низ ҳаст. Дар ин маврид низ Наврӯз оғози даврони нави эътидол ва назму низоми навинест дар зиндагии мардум, дар миқиёси кишвар ва дар умури кишвардорӣ.
Ва Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ ҳам аз мафҳуми Наврӯз ба унвони даврони сипарӣ шудани мушкилоти куҳан ва фаро расидани назми сурурафзои навин истифода менамояд. Аз дидгохи ӯ ин чашни муборак василаест ҷиҳати нафйи даврони пур аз мушкилот ва руй овардан ба тавфиқ:  
Бар чеҳраи гул шабнами Наврӯз хуш аст,
Бар тарфи чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.
                            Аз дӣ, ки гузашт, ҳарчӣ гӯӣ, хуш нест,
Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.
Ғанимат донистани даврони зиндагонӣ бо фаро расидани Наврӯз маънии тозае пайдо мекунад, зеро ин давронест, ки олами ҳастӣ бо тамоми нафосату латофати худ зуҳур мекунад, нав мешавад ва назми тозаю назаррабое касб менамояд:
Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун аҳд дуруст.
К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,
Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.[8]
Дар ин рубоӣ боз як нуктаи ҷолиб ва тасвири хеле нозуке хаст: рухи лоларо шустани абр. Зеро равшан аст, ки абр тавассути борон рухи лоларо на танҳо дар айёми Наврӯз, балки дар дигар рӯзҳои сол низ мешӯяд, ва ба он таровати тозае мебахшад. Вале ин ҷо ишора бар он аст, ки Наврӯз худ  айёми муборакест, ки тавони поксозии зохиру ботини оламу одамро дорад; ва чун он кудуртҳоро мезудояд, адоватҳоро аз миён мебарад, ҷаҳонро ба таври сеҳромезе тағййир медиҳад ва назму низоми навини хубиву некӣ эҷод мекунад, пас дар ин айём «азм ба ҷоми бода» намудан, яъне василаи шодмонию сурурро фарохам овардан амалест дархури инсони равшанзамир.
Ҳамчунин ишора ба гузаро будани даврони зиндагӣ низ бо истифода аз нишонаҳои наврӯзӣ, яъне сабзаву марғзор, ки бо гузашти айём фанопазиранд, сӯрат мегирад.
Дар рубоиёти Хайём садои дилнавози мурғони нағмахон, бавижа булбул, низ ба унвони намоди овоии (савтии) Наврӯз ҷилва мекунад:
Рӯзест хушу ҳаво на гарм асту на сард,
                            Абр аз рухи гулзор ҳамешӯяд гард.
Булбул ба забони паҳлавӣ бо гули зард,
Фарёд ҳамекунад, ки май бояд хвард.[9]
Ва инчо булбул маҳз ба забони пахлавӣ (форси, точики) нағма мепардозад ва бо муроҷиа ба гули зард, ки намоди навмедӣ ва бевафоии ёр аст, аз назми гирдгардони олам ва зарурати ғанимат донистани даврони шукуфоӣ хабар медихад.
Лисонулғайб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ мавзӯи Наврӯзро ба таври хеле шево ва барои офаридани мазомини баланди ирфонӣ ба кор гирифтааст. Ӯ, ки дар ифодаи ҳолу аҳвол ва мақомоти орифон хеле чирадаст аст, Наврӯзро ба унвони паёмовар аз сӯи Дӯст ва барафрузандаи чароғи дил, яъне бахшандаи ваҷди орифона тавсиф менамояд:
                    Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрузӣ.[10]
Инчунин «чароги дил барафрухтан» тавассул ҷустан ба даргоҳи Дӯст аст, ки чун боди наврӯзӣ сафои рӯҳ мебахшад. Ва ин сафои рӯҳ дар навбати худ василаест ҷиҳати дарёфти назму эътидоли маънавӣ барои солик, ки раҳ сӯи манзили Ӯро дар пеш дорад.
Яке аз вижагиҳои боризи ашъори Хофиз маҳз он аст, ки ҳар кас онҳоро мувофиқ ба холи худ ва дар сатҳи тавони худ дарк мекунад. Вале ин гуна дарк дар ҳама ҳол ва барои ҳар нафаре, сарфи назар аз сатҳи омодагии маънавии ӯ, ҳақиқат дорад. Яъне чи ориф, чи файласуф ва чи наҳвӣ аз назми Ҳофиз чизҳоеро дарку фахм мекунанд, ки ба ҳолати маънавии онҳо созгор ва аз ҳар чашмандозе дуруст аст ва ба дард мехурад. Ҳар чанд, ки Хоҷаи Шероз бо эътирофи худаш «сухан дар парда» мегӯяд:
      Сухан дар парда мегӯям, зи худ чун ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.[11]
 
Дар инҷо Ҳофиз барои ифодаи эътидоли олами ҷисмонию рӯҳонӣ, ки аз тариқи такрор ва нафйи нафй, тавассути раванди гирдгардонӣ (тағййирпазирии даврӣ) зуҳур меёбад, ва чуноне ки зиакраш рафт, Наврӯз нуқтаи тавассули он аст, аз ибораи «мири наврӯзӣ» истифода намудааст. Зеро, ки мири наврузӣ, ки табқи суннати қадим ба таври муваққат аз миёни омма барои саргармӣ ба унвони «ҳоким» интихоб мешуд, вале хӯкумати воқеӣ надошт, бо гузашти панҷ ё шаш рӯз аз ин мансаб маъзул мешуд. Яъне ин ҷо киноя аз зудгузарӣ ва нопойдорӣ аст. Ва ҳамин зудгузарии мукаррар худ ҷузве аз эътидоли ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ дар ин олам аст. Вале ҳар дафъа:
      Нафаси боди сабо мушкфишон хохад шуд,
Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.[12]
Хамин нигоҳи гузаро ба намунае чанд аз осори навобиғи назми олашумули форсӣ-тоҷикӣ гувоҳ бар он аст, ки Наврӯз на танҳо ҷашни суруру шодмонии зоҳирӣ, балки як падидаи нодири фарҳангӣ ва суннатиест, ки бо худ рамзу рози эътидоли ҷисмонӣ ва рӯҳонии ҷаҳони ҳастиро ҳамроҳ дорад ва то ҳадди зиёде онро метавон ба унвони боландагӣ ва равшангарии рӯҳи ориёӣ таллаққӣ кард. Ва дарки ҷанбаҳои мухталифи ин ҷашни шукӯҳманди ниёгон ба таври ҳатмӣ дар ҷодаи худшиносии миллӣ таъсиргузор хоҳад буд.    
 
Муҳаммадсалом Махшулов -
ходими пешбари илмии Маркази
синошиносии ИФСҲ
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
 
 
[1] Акбари Турсон. Пайвандгари наслҳо ва аслҳо. // Мачмуаи мақолоти пайки Наврўз, мураттибон Баҳриддин Мирзоев ва Махфират Юсуфӣ, Душанбе, 2012, с. 14. 
[2] Ҳамон ҷо.
[3] Девони Рӯдакии Самарқандӣ, Теҳрон, интишороти «Амири Кабир», 1376 ҳичрии шамсӣ, с. 76.
[4] Ҳамон ҷо, с. 136.
[5] Унсуралмаолии Кайковус. Қобуснома, Душанбе, интишороти «Адабиёти бачагона», 2014, с. 132.
[6] Ҳурдин – бодаи биниши фитрӣ.
[7] Фидавсӣ, Абулқосим . Шоҳнома, Теҳрон, интишороти «Суруш», 1381 ҳичрии шамсӣ, с. 201. 
[8] Шинохти рубоиёти Умари Хайём, ба кўшиши Гулрухсори Сафӣ, Душанбе, Пажуҳишгоҳи фарҳанги форси-тоҷикӣ, 2000, с. 133.
[9] Хамон чо, с. 139.
[10] Ѓазалҳои Ҳофиз, тадвини доктор Салим Нисорӣ, Теҳрон, интишороти «ал-Ҳудо», 1371 хиҷрии шамсӣ, с. 394.
[11] Ҳамон ҷо. С. 384
[12] Ҳамон ҷо. С. 91

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia