casino malaysia
casino malaysia
Мақоме аз илм азимтар нест!

wrapper

 (дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ»)
 
          Дар тамоми сарчашмаҳои ахлоқию маънавии гузаштагони мо, таъкидоти зиёде барои эҳтироми илм ва олим шудааст. Ин ҳама эҳтиром нистаб ба илм ва олимон, аз он ҷиҳат аст, ки онҳо роҳнамои мардум, мухолифи хурофот, посдорандаи андешаҳои ноб, тарафдори ҳуқуқи маҳрумон, равшанкунандаи чароғи умед мебошанд. Касоне, ки дар ҳалқаҳои донишмандон будаанд ва дар мактабҳову донишгоҳҳо дарсе хондаанд, медонанд, ки танҳо донишмандон буданд ва ҳастанд, ки аз миёни мардум бархостаанд ва ҳамроҳи онон зиндагӣ кардаанду дар ғаму шодии мардум шариканд ва ҳар куҷо хатар ва душворие ба вуҷуд ояд, аввал шуда, сар боло намуда, аз шараф ва иззати мардум дифоъ мекунанд. Инҳо ва ҳазорҳо вижагиҳои хоси дигари донишмандон аст, ки мардум ба онҳо эҳтиром мегузоранд.
          Пешвои хирадманд ва донишдӯсти миллати тоҷик низ пайваста аз илм ва олимон пуштибонӣ намуда, тамоми имкониятҳоро барои рушди илми тоҷик фароҳам овардаанд, зеро эшон хуб медонанд, ки аз ҳама мартабаҳо мартабаи илм ва олим баландтар аст ва шоир ҳам дар ин маврид хуб фармудааст:
Дар пешгоҳи илм мақоме азим нест,
Аз ҳар мақому мартаба илм аъзам аст.
          Маҳз кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат буд, ки моҳи сентябри соли 2021 маоши кормандони соҳаи илм ду маротиба зиёд карда шуд, то донишмандон ва онҳое, ки бо илм сару кор доранд, аз нигоҳи иқтисодӣ танқисие надошта бошанд. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ низ ба рушди тамоми илмҳо дар Ҷумҳурӣ суханронӣ намуда, чунин иброз намуданд: “Чӣ қадар маблағе, ки бошад ба соҳаи илм равона мекунем, дареғ намедорем!”. Ин ҳиммат ва бузургии Пешвои муаззами миллат аст, ки барои рушди илми тоҷик дареғ намедоранд.
          Дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат, аз љумла аз 1 июли соли 2024-ум 40 фоиз зиёда намудани маоши донишмандон, онњо бояд пайваста пажӯҳишҳои густурда анҷом дода, дар рушди илми тоҷик хидматҳо намоянд.
 
Рамазониён Аҳтам Бобосафар 
   ходими илмии Маркази
синошиносии ИФСҲ АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia