casino malaysia
casino malaysia
Ниҳол шинонидан вазифаи муҳим аст

wrapper

  (дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ»)
  Ниҳол шинонидан яке аз амалҳои нек дар фарҳанги мо ба ҳисоб меравад. Ҳар сол бо омад-омади фасли ниҳолшинонӣ бештари мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ба шинонидани ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда машғул мешаванд, ки ин амал Тоҷикистони азизро боз ҳам шукуфон месозад. Аҳамияти ниҳолшинонӣ дар таълимоти гузаштагони халқи тоҷик, амри муҳим буда, онро ҳамчун садақаи ҷория меҳисобанд. Шинонидани ниҳол ва кабудизоркунии маҳал, марбут ба муҳити зист аст. Аз он фаҳмида мешавад, ки гузаштагони мо чи қадар ба ҳифзи муҳити зист ва сарсабзии он таъкид намудаанд. Ин таъкид то ҳаддест, ки аз номи паёмбари дини мо низ ривоят намуданд, ки эшон чунин мефармоянд: “Ҳар гоҳ, қиёмат дар ҳоли вуқуъ бошад ва яке аз Шумо ниҳоле дар даст дорад, агар фурсати андаке ҳам то қиёмат боқӣ монда бошад, ниҳолашро бишинонад”.
  Пешвои миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба ин масъала диққати махсус дода, тамоми мардуми кишварро ба шинонидани ниҳол ва кабудизоркунии маҳал даъват намуда, чунин фармуданд: “Яъне, мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем. Гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, илова бар ин ки боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат карда истодааст. Бинобар ин, аҳли башар, аз ҷумла мо, маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният, тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешад”.
  Дар ҳақиқат имрӯзҳо, ин масъалагузории Пешвои миллатро тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистон муҳим шуморида, ба шинонидани ниҳолҳо ва кабудизоркунии маҳал машғуланд, то табиатро аз тамоми газанду осебҳое, ки ҳаст, наҷот диҳанд.
Масъалаи дигаре, ки Пешвои миллатро нигарон карда буд, ин нигоҳу бини ниҳолҳои шинонида мебошад, ки баъзан баъд аз шинонидани ниҳолҳо, дигар нигоҳубин намешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар баробари шинонидани ниҳолҳо ба нигоҳубини онҳо низ диққат дода шавад.
 
Рамазониён Аҳтам Бобосафар
ходими илмии Маркази синошиносии ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia