casino malaysia
casino malaysia
Таносуби конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ

wrapper

  Дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 тасдиқ шудааст, омадааст, ки 9 сентябри соли 1991 халқи тоҷик соҳиби давлати комилан мустақил гардид. Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
  Ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони кишварҳои Осиёву Аврупо ва Амрико баҳои баланд гирифт. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд. Ҳамин тавр, Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод. Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонид, – таъкид намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2019.
  Бояд қайд намуд, ки аввалин маротиба дар таърихи давлатдории муосир санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар сатҳи Конститутсия ба сифати қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эълон гардидаанд: “Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътиоф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд” (Боби 1, моддаи 10, қисми 3).
Нақш ва ҷойгоҳи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнаму-даи Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ масъалаи муҳим ва мубрам арзёбӣ мешавад. Қобили қайд аст, ки санадҳои мазкур ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ») дохил карда шудаанд.
Шартномаи байналмилалӣ ҳамчун созишномаи дар натиҷаи гуфтушуниди байни ду ё якчанд субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқашуда, ки муносибатҳои онҳоро бо роҳи муқаррар намудани уҳдадориҳо ба танзим медарорад, муайян шудааст.
Таърифи расмии мафҳуми шартномаи байналмилалӣ дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дахлдор дарҷ гардидааст. Масалан, мутобиқи Конвенсияи Вена оид ба ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ аз 23 майи соли 1969 ва Конвенсияи Вена оид ба ҳуқуқи шартномаҳо байни давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ё байни созмонҳои байналмилалӣ аз 21 марти соли 1986, шартнома ин созишномаи байналмилалиест, ки миёни давлатҳо дар шакли хаттӣ баста шуда, новобаста ба он ки чунин созишнома дар як, ду ё якчанд ҳуҷҷати ба ҳам алоқаманд ҷой дода шудааст, инчунин новобаста аз номи мушаххаси он бо ҳуқуқи байналмилалӣ танзим карда мешавад. Шартномаҳои байналмилалӣ метавонанд ҳам аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам байни ду ё якчанд давлат ва ду ё якчанд созмонҳои байналмилалӣ баста шаванд.
Дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таъриф дода шудааст, ки бо давлати хориҷӣ (давлатҳои хориҷӣ) ё созмони байналмилалӣ (созмонҳои байналмилалӣ) дар шакли хаттӣ ба имзо расонида шуда, бо ҳуқуқи байналмилалӣ танзим карда мешавад, сарфи назар аз он ки ин шартнома дар як ё якчанд ҳуҷҷати бо ҳам алоқаманд оварда шудааст, инчунин новобаста ба номи мушаххаси он.
Қайд кардан зарур аст, ки амали қонуни мазкур фарогири шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, новобаста ба хусусияти онҳо (байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ) ва номашон (шартнома, созишнома, конвенсия, протокол, паймон, табодули мактубҳо, ёддоштҳо ва ё дигар шартномаҳои байналмилалӣ), бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад (қисми 1 моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»).
Дар бораи шаклҳои гуногуни шартномаҳои байналмилалӣ дар адабиёти махсуси ҳуқуқӣ низ сухан меравад, аз ҷумла доир ба чунин шаклҳои он, аз қабили шартнома, созишнома, конвенсия, муоҳида, эъломия, паймон, хартия, оиннома, барнома, санад умумӣ, қонуни амсилавӣ.
Моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳҳои зерини ифодаи ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаҳои байналмилалӣ ишора мекунад:
- «баимзорасонӣ» – марҳилаи бастани шартномаи байналмилалӣ ё тарзи изҳори ризояти ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ, дар сурате агар шартномаи байналмилалӣ пешбинӣ намояд, ки баимзорасонӣ чунин эътибор дорад ё ба тарзи дигар созиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчиёни дигари гуфтушунид дар хусуси он муқаррар шудааст, ки баимзорасонӣ бояд чунин эътиборро дошта бошад ё нияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани чунин эътибор ба баимзорасонӣ аз ваколати намояндаи он бармеояд ва (ё) ҳангоми гуфтушунид изҳор шудааст;
- тасдиқ (ратификатсия) – тарзи изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ, ки дар Қонуни мазкур ва ё шартномаи байналмилалӣ пешбинӣ шудааст ва аз ҷониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расонда шудааст;
- тасдиқ – тарзи изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расида, тарзи дигари тасдиқи иловагии онро аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз баимзорасонӣ, пешбинӣ менамояд;
- ҳамроҳшавӣ – тарзи изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалии эътиборпайдонамуда, ки аз ҷониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расонда нашудааст;
Усули афзалиятноки ифодаи ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси барояш ҳатмӣ будани шартномаҳои байналмилалӣ, ҳамроҳ шудан ба шартномаҳо ва ба имзо расондани онҳо мебошад, – навишта буд, Ш.Менглиев.
Барои тасдиқи фикри худ ӯ паймонҳои зеринро мисол меорад: Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз 16 декабри соли 1966, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966 ва Протоколи факултативӣ ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1996, ки бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 1998 тасдиқ карда шудаанд.
Аммо амалияи ифодаи ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси барояш ҳатмӣ будани шартномаҳои байналмилалӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки барои аксари мутлақи шартномаҳои байналмилалӣ ризоят на бо имзои Президенти Тоҷикистон, балки бо роҳи тасдиқ (ратификатсия) дода шудааст.
Шартномаҳои байналмилалӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиб ва дар муҳлатҳое, ки шартномаҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон») пешбинӣ кардаанд, эътибор пайдо мекунанд.
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар нашрияҳои расмӣ, аз ҷумла дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», инчунин Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мешаванд.
Агар дар маъхазҳои ҳуқуқӣ нисбат ба масъалаи ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқӣ эътироф шудан ё нашудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ муносибати духӯра ҷой дошта бошад, пас дар сатҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала ба таври мусбат ҳалл шудааст. Масалан, дар қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Дар он инчунин афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷумҳурӣ дар назди қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Дар қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки «агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд».
  Аз рӯйи маънии моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои дахлдори дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ, афзалият ба шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба санадҳои меъёрии миллӣ дар мавриде дода мешавад, агар санади меъёрии ҳуқуқии миллӣ ҳуқуқ ва озодиҳоро маҳдуд кунанд, вазъи ҳуқуқии шахсро нисбат ба он чи ки дар шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст, бадтар гардонад.
Пас, агар қонунгузории миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи кафолатҳоро барои шаҳрвандон танг ва маҳдуд накунанд, балки ҳуқуқу озодиҳои имтиёзнок ва кафолат ба онҳоро муқаррар намоянд, дар ин сурат қонунгузории миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд, на меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бе шакку шубҳа афзалият дошта, набояд боиси баҳсу мунозира қарор дода шавад. Шартномаҳои мазкур бояд бо Конститутсияи ҷумҳурӣ пурра мувофиқат кунанд.
  Исботи ин гуфтаҳо моддаи 89, қисми 3, банди 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 34, қисми 2, банди 2-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки яке аз салоҳияти Суди Конститутсионӣ ин «муайян намудани мувофиқати шартномаҳои байналмилалии эътибори қонунӣ пайдонакардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсия мебошад.
Хулоса, афзалияти ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба ҳуқуқи миллӣ ва афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба қонунгузории миллӣ мутлақ ва қатъӣ нест. Афзалияти шартномаҳои байналмилалӣ танҳо нисбат ба санадҳои муқаррарии қонунгузорӣ фарзия мешавад, аммо на нисбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
 
Назарзода Давлатхон 
ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia