casino malaysia
casino malaysia
Конститутсия санади сарнавиштсози миллат

wrapper

  Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад ва артиш бошад. Дар баробари ҳамаи ин, ҳар як давлат қонуни асосии худро дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам қонуни асосие ҳаст, ки мо онро «Қонуни бахт» ё «Бахтнома» ном мебарем, зеро дар ин қонун, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад, тамоми қонуниятҳои зиндагонии сокинони кишвар дарҷ гардида, ҳар як сокини ҷумҳурӣ Конститутсияро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият менамояд.
Гарчанде давлат чандин ҳазорсолаҳо вуҷуд дошта бошад, вале Конститутсия дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ ҳамагӣ зиёда аз дусад сол боз амал мекунад. Конститутсия аввалин маротиба дар ИМА соли 1787 қабул гардида, соли 1789 мавриди амал қарор гирифтааст. Соли 1791 дар Лаҳистон ва Фаронса конститутсияҳои аввалин қабул шуданд ва дар асри ХIХ дар аксарияти давлатҳои Аврупо, Амрико ва баъзе давлатҳои қитъаҳои Осиё ҷараёни гузариш ба низоми конститутсионӣ асосан ба анҷом расид. Ин ҷараён ҳанӯз ҳам дар давлатҳои нави соҳибистиқлолгардида идома дошта, ҳоло кам давлатҳое ёфт мешаванд, ки конститутсияҳои навишташуда надошта бошанд.
  Қабули Конститутсия – қонуни асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи даврони Истиқлолият ба шумор рафта, рӯйдоди дар ҳақиқат бузург ва тақдирсоз мебошад. Конститутсия Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.
Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба қабули конститутсияи нави он асос гардид. Дар он хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардиданд. Гарчанде баъзе меъёрҳои он бо конститутсияҳои пешина умумият доранд, вале баробари ин бисёр ҳолатҳои нав муқаррар карда шудаанд, ки хусусиятҳои давраи нави давлатдории Тоҷикистонро инъикос менамоянд.
Конститутсия ин маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқии давлат мебошад, ки меъёрҳои ҳуқуқии дигар бояд бо онҳо мутобиқати том дошта бошанд. Яъне Конститутсия маҷмӯи «Меъёрҳои мутлақ» ва «Меъёри меъёрҳо» мебошад. Аз ин рӯ, Конститутсия ба сифати қонуни фарогири тамоми ҳудуди  давлат, дорои эътибори олӣ, таъминкунандаи ваҳдати сиёсии халқ ва ягонагии фазои иқтисодиву ҳуқуқии давлат эътироф гардида, дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, рушди соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳамчунин дар шинохти кишвар дар арсаи байнгалмилалӣ, нақши муҳим дорад.
Сарчашмаи асосии Конститутсияи нави Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон солҳои 1990-1991 аст, ки дар он ба таври сиёсӣ-ҳуқуқӣ соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон эълон гардидааст. Маҳз дар он якумин бор эълон карда шудааст, ки дар марзи Тоҷикистон ҳукмравоии Конститутсияи Тоҷикистон ва қонунҳои он муқаррар карда мешавад.
Умуман, эъломияҳо таърихан дар тайёр ва қабули конститутсияҳои нав ҳамчун ҷанини сиёсӣ-ҳуқуқӣ хеле мақоми калон доранд. Қувваи олии ҳуқуқии конститутсия дар ҷамъи хусусиятҳои ҳуқуқии он ниҳон аст, ки онҳо дар якҷоягӣ мавқеи конститутсияро дар низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ дар байни санадҳои олии ҳуқуқӣ-сиёсӣ муайян менамоянд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, ба он 3 маротиба солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии ҷамъият ва давлат, хусусият, сохтор ва таркиби давлат, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, асоси иқтисодии давлат, самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии он, соҳибихтиёрии халқ, тақсимнашаванда ва дахлнопазирии марзи давлатӣ, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсию мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъият, таҷзияи ҳокимияти давлатиро муқаррар намуда, як қатор муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиву давлатиро ба танзим даровардааст.
Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Ҳамзамон дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян гардида, он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо аст.
Бо шарофати қабули Конститутсия љањониён Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
Ҳамин тавр, Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ва маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаётбахши ҷомеа, бахусус, фаъолияти созандагию бунёдкорӣ шароити мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангиро фароҳам оварда, мардуми кишварро ба меҳнати софдилона, татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ раҳсипор менамояд.
Дарвоқеъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин санади олии ҳуқуқӣ, аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта,  яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.
Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.
Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод.
Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд.
Инчунин Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар он интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси  Раиси Шӯрои Олӣ барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалисозии  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа  асос гузошт.
Баъди барҳам  хӯрдани сохти  давлатдории  шӯравӣ зарурати  таҳияи қонунҳои нав, пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи нав ба миён омад. Зеро  дар он замон   маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Бинобар ин, бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ таъсис ёфта, он лоиҳаи Конститутсияи навро таҳия намуд ва 6 ноябри соли 1994  тавассути овоздиҳии умумихалқӣ  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Тибқи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр,  демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва  ягона эълон гардид. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, дар арсаи байналмилалӣ онро эътироф намоянд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузори низоми нави давлатдории миллӣ, таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи  мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, инчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва адолати судиву иҷтимоӣ мебошад.
Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат маҳсуб гашта, хусусиятҳои хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум менамояд ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд. Мувофиқи моддаи 1-и он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, тибқи моддаи 6-и он халқ баёнгари ҳокимияти ягона дар ҷумҳурӣ эътироф шудааст.
Меъёрҳои муайяннамудаи Конститутсия барои устувории вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва осоиши мардум хизмат мекунанд. Тавре маълум аст, соли 1991 дар пеши назари мардум дар Парлумони онвақта борҳо ба Конститутсия  тағйиру  иловаҳо ворид карда шуданд, ки ба манфиати ин ё он гурӯҳҳои сиёсӣ хизмат намуда, сабаби барканории роҳбарони давлат гардида буд. Акнун тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанда  танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегиранд ва ягон  ҳизби  сиёсӣ ё гурӯҳи одамон  бо  роҳи  зӯрӣ ва фишор ҳуқуқ надоранд, ки ба он тағйиру илова ворид намоянд.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории мамлакат ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои  давлатдории навини тоҷикон,  яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши устувор дорад.
Мо бояд ба ин сарвати бебаҳо, сулҳу ваҳдати миллӣ, озодӣ, оромию осудагӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азизамонро, ки маҳз бо шарофати хизматҳои шоиставу беназири ин абармарди арсаи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва тамоми нерӯи худро барои нигоҳдории сулҳу субот ва ободиву пешрафти Ватанамон – Тоҷикистони азиз дареғ надорем.
 
Иброимзода  С.Н.
лаборанти калони Шуъбаи асъалаҳои фалсафии дини
ИФСҲ-
и ба номи А. Баҳоваддинови  АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia