Терроризм – вабои аср
- Панҷшанбе, Окт 19 2023
- Андешаи муҳаққиқон
«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Э.Раҳмон
Дар ҷаҳони муосир як қатор масоили хатарзои ҷиддие ба мисли экстремизм, терроризм ва фундаментализм ба вуҷуд омадаанд, ки на танҳо куллии ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, балки зуҳуроти хеле номатлубу барои давлату ҷомеа оқибатҳои вазнин бавуҷудоваранда мебошанд.
Барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонда, шаҳрвандони кишварҳои гуногунро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлату давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
Маҳз бо ин роҳу восита, як қисмати онҳо мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор мераванд, зеро онҳо боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегарданд.
Калимаи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» гирифта шуда, маъноаш «тарс”, “ваҳм”, “даҳшатафканӣ” аст.
Тибқи талаботи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм” аз 23 декабри соли 2021, таҳти №1808 терроризм – мафкураи зўроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зўроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад;
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин муайян карда мешавад: «Терроризм - ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо инчунин таҳдиди содир намудани кирдорҳои зикргашта, бо мақсадҳои номбурда мебошад».
Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба миён оварад, ки он дар оянда метавонад ба ифротгароӣ табдил ёбад.
Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудааст. Дар маҷмӯъ, мақсади асосии террористон ба таври зӯровари ғасб намудани ҳокимият ва аз нигоҳи талаботи шариат ҳукмронӣ намудан аст. Баҳри амали намудани ин ниятҳои нопокашон онҳо омода ҳастанд, ки ҳатто муқаррароти Қуръони маҷидро тағйир диҳанд.
Дар сатҳи қонунгузорӣ мафҳуми амали террористӣ мустаҳкам карда шудааст, ки таҳти он бевосита содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дар шакли ба гаравгон гирифтан ва ё боздошт намудани гаравгонҳо, рабудани одамон, суиқасд ба ҳаёти арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони гурўҳҳои миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, дигар гурўҳҳои аҳолӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ғасб намудан, зарар расонидан ва нобуд кардани иншооти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ, амалӣ кардани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ, истифода намудан ва ё таҳдиди истифодаи таҷҳизоти тарканда, моддаҳои радиоактивӣ, биологӣ, тарканда, кимиёвӣ ва дигар маводи заҳролудкунанда, ғасб намудан, ҳай карда бурдани воситаҳои нақлиёти заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ, ташкили бетартибӣ ва иғвои он дар ҷойҳои серодам ва ҷамъиятӣ, ҷойҳои маҳрум ва маҳдуд кардан аз озодӣ, ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ, расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, молу мулки шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ бо роҳи содир кардани садамаҳо, фоҷиаҳои техногенӣ, паҳн кардани таҳдид бо дилхоҳ восита ва тарзу усулҳо, инчунин кирдорҳои дигари террористӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар шудаанд, фаҳмида мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 1-уми Конститутсия худро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, онро ҳамчун яке аз асосҳои сохтори конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда, дар моддаи 100-уми Конститутсия бошад, ҳамчун омилҳои тағйирнопазир донистааст, ки тибқи он шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.
Тибқи талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, ба объектҳои таҳдиди террористӣ дохил мешаванд:
1) шахсони воқеӣ;
2) объектҳои давлатӣ;
3) ҳудуди ташкилотҳое, ки манбаҳои эҳтимолии садамаҳои дорои хусусияти техногенӣ мебошанд;
4) маҳалли будубоши оммавии одамон;
5) объектҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла объектҳои об, энергетика, алоқа ва нақлиёт;
6) объектҳои дигаре, ки номгўи онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад муайян намояд.
Яъне, объектҳои мазкур ҳамчун объектҳои махсуси аз амали террористӣ ҳимояшаванда эътироф мегарданд.
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992–1997 мебошанд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин ҳодисаҳои мудҳиш яъне ҷанги таҳмиллиро, ки аз берун таҳрезӣ карда шуда буд, бояд аз лавҳаи хотираҳо берун набароранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст.
Тибқи талаботи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда инҳо мебошанд:
1) Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иштирок дар муқовимат ба терроризм бо роҳҳои зерин амалӣ мешавад:
1) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути назорати фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд;
2) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гуфтушунид бо давлатҳои хориҷӣҳангоми ошкорсозӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналмилалӣ ва шаклҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст;
3) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути пешгирӣ намудани ҳолатҳои аз сарҳади гумрукӣ ғайриқонунӣ гузаронидани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактивӣ ва дигар ашёҳое, ки мумкин аст ба мақсадҳои террористӣ истифода шаванд, инчунин мусоидат ба мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба фаъолияти террористии байналмилалӣ;
4) Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути пешгирӣ намудани истифодаи воситаҳои алоқа, аз ҷумла алоқаи барқӣ, ба мақсадҳои террористӣ;
5) Бонки миллии Тоҷикистон тавассути андешидани чораҳои муқовимат ба маблағгузории терроризм мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом».
Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба терроризм бо шартҳо ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иштирок мекунанд.
Барои идоракунии амалиёти зиддитеррористӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ўро ивазкунанда дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди оперативиро таъсис медиҳад ва ба он роҳбарӣ мекунад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.апрели соли 2001,11 марти соли 2008, 30 марти соли 2006, 8 январи соли 2009,3 майи соли 2012, 9 октябр, 8 декабри соли 2014 ва 14 апрели соли 2015 фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурўҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан– Нусра», «Гурӯҳи-24», Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Инчунин вебсайти интернетии www. irshod.kom, www.irshod.net ва дигар вебсайтҳои Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ» баста шудааст. Ба ҳудуди Тоҷикистон ворид, паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ» манъ карда шудааст. Сомонаҳои интернетии «Гуруҳи 24» баста шуда, ба Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди он паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои «Гуруҳи 24» манъ карда шудааст.
Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир кардани терроризм, яъне содир намудани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ,тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо дар моддаи 179 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин барои дигар амалҳои террористи дар моддаҳои 179(1)-179(3) ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 01 июни соли 2021 Стратегияи муқовимат ба экстримизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии он бо Фармони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №187 тасдиқ карда шудааст.
Тибқи талаботи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи татбиқи меъёрҳои қонунҳои ҷиноятӣ ва мурофиявии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм” аз 14 июни соли 2013 таҳти №8 терроризм танҳо бо роҳи ҳаракатҳое, ки бо ду шакл ифода меёбанд, содир мегардад: а) амали терористӣ,б) таҳдиди содир намудани амали терористӣ
Амали террористӣ бевосита дар содир намудани таркиш, оташзанӣ, истифодаи воситаҳои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ, тарканда, токсикӣ, заҳрнок, сахттаъсир, заҳролоуд, нобуд сохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳо, сўиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурўҳҳои аҳолӣ, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ ба вуҷуд овардани харари расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки шахсони доираи номуайян тавассути ташкили шароит барои садама, фалокатҳои дорои хусусияти техногенӣ ё таҳдиди воқеии ташкили чунин хатар, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон мегарданд, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба вуҷуд омадани дигар оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок ифода меёбад.
Таҳдид – ин мақсади дар шакли маъмулӣ ифодагардидаи содир намудани акти террористӣ набуда, балки арзи қатъии мақсадест, ки аз ҷиддӣ ва ҳақиқӣ будани чунин мақсад шаҳодат медиҳад. Масалан, фармоиш барои ба даст овардани воситаҳои таркишу хатарноки биологӣ ва радиоактивӣ ё яроқ, содир намудани таркиш ё сўхторҳои “огоҳикунанда”, тайёрӣ барои аз кор баровардани объектҳои ҳаётан муҳим ё ин ки вайрон кардани ҷараёни технологӣ, муҳосира кардани робитаҳои нақлиётӣ ва ба ҳамин монанд.
Бо дарназардошти авлавияти стратегии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкориҳои худро бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ тақвият дода, механизми муқобилиятро бар зидди он дар асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ такмил медиҳанд ва ҳар як фарди бедордилу худогоҳ ва меҳанпарастро зарур аст, зиракии сиёсиро аз даст надода, нагузоранд, ки теша ба пояҳои давлату давлатдории мо зананд, зеро барои мо дар воқеъ касе аз берун давлат бунёд намекунад ва мо бояд пояҳои сулҳу суботи комили кишаварро, ки бо ҷони ҳазорон родмардони шуҷоъи ватан ва хишти ҷони хеш сохтаем аз душманони нопоки миллат эмин нигоҳ дорем, барои наслҳои ояндаи миллат кишавари ободу пешрафтаро ба мерос гузорем.
Саидзода Муҳаббат Шералӣ
ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Матлабҳои дигар аз Институт
- АҲМАДЗОДА ДИЛНОЗА ДАВРОНАЛӢ
- Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўзи таҷлили 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- От независимости к процветанию: роль Конституции Таджикистана в построении государства
- Конституция – основа гражданского права. (Размышления о речи Президента Республики Таджикистан на торжественном заседании в честь 30-летия принятия Конституции Республики Таджикистан)
- Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон