casino malaysia
casino malaysia
Гули лола «Маликаи табиат»

wrapper

  Дар фарҳанги тоҷикон гули Лола бо номи «Аруси сол» машҳур аст, вале дар замони муосир баробари пешрафти диду фаҳм ва муҳаббат нисбати табиату зебоиҳои он метавон онро «Маликаи табиат» номид, ки  дорои навъҳои зиёде аз 100 то 150 гуна аст. Ҷою макони аслии Лолаи худрӯ мувофиқи маълумоти сарчашмаву расонаҳои интернетӣ Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Ин гули нарму латифи худрӯи айёми баҳорӣ бештар дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Самарқанду Бухоро, Туркия, Сурия, дар соҳилҳои баҳрҳои Арал, Хазар, Сиёҳ ва ҳамчунин Юнону Италия, Ҳоланду Испания, Африка мерӯяд. Аммо дар байни кишварҳои Шарқи форсу тоҷик ва туркзабон Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркия ва Озорбойҷон гули Лола нуфузу арзиши зиёде дорад. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқони гули Лола Амана Ҳонда ва Э. Попов, дар Эрон 19 хели гули Лола мерӯяд.
  Тибқи иттилои гиёҳшиносон, Лола ба ду гуруҳи калон – парваришӣ ва худрӯ тақсим мешавад. Баргҳои Лолаи худрӯ нозуку ҳассос ва зуд осебпазиру ранҷуршаванда аст. Аммо гулҳои Лолаи парваришшуда бузург ва гулбаргҳои нисбатан бақуввати тобовару пуртоқат дорад. Ҷоми ин гулҳои парваришӣ калонтар ва аз ҷиҳати рангомезӣ ғанитаранд. Лолаҳо ба таври умумӣ ба чор наъи асосӣ тақсим мешаванд: а) лолаҳои зуд гулдиҳанда, ки ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд: 1. Лолаҳои зудрӯяндаи такпар, гули нисбатан қадкутоҳ буда, 15-45 сантиметр баландӣ дорад. 2. Лолаҳои зудрӯяндаи серпар, ки бештар аз шаш гулбарг дорад; б) лолаҳои миёнрас, ки онҳо низ аз ду гуруҳ иборатанд: 1. Лолаҳои пирӯзӣ, ки аз ҷиҳати навъу аъдод бузургтарин гуруҳи гулҳои Лола мебошанд; 2. Лолаҳои дурагаи Дарвин - баландии ин гул ҳудуди 50-70 сантиметр аст; в) лолаҳои деррас - ба ҳафт гуруҳ тақсим шудааст: 1.Лолаҳои дерраси такпар, ки баръакси гуруҳи зудраси такпар гиёҳи қадбаланд аст, ки ҳудудан 45-75 сантиметр аст; 2. Гули лолаи савсанӣ, ки шакли ҷоммонанд дорад; 3. Гули ҳошиядор, ки дар лабаҳои гулбаргҳояш буридагиҳои зиёди начандон ба назаррас дорад; 4. Гули лолаи сабзи баҳорӣ – шакли нимпушида дорад ва гулбаргҳояш пурра сабзранг аст бо ҳошияе аз дигар ранг ё хатчаҳое аз ранги сабз дар қисмати миёнии гулбаргҳои он рангҳои дигар дида мешавад; 5. Гули Лолаи Рембранд – шикастагии рангӣ ва рах-рах будани рангҳо дар онҳо дида мешавад; 6. Гули Тутӣ- лабаҳои гулбаргҳояш тоб хурдагӣ ва ба Тутӣ монанди дорад; 7. Гули дерраси пурпар; г) гулҳои шаклҳои махсус дошта, ба се қисмат ҷудо мешаванд: 1. Лолаҳои нилуфари обӣ, ки ба лолаҳои худрӯ монандӣ доранд; 2. Лолаҳои импературии дурага; 3. Лолаҳои шинелқирмизи дурага.
Аз соли 1981 тақсимбандии гулҳои Лола тавассути Анҷумани салтанатии пиёз (реша)-и Лолаи Ҳоландӣ шуруъ шуд ва лолаҳо бар асоси шакли гиёҳ ва шаклу замони кушода шудани гул ба 15 гуруҳ тақсим шудаанд. Дар замони ҳозир аз лиҳози тавлид ва содирот решаву гулу шохаҳои Лолаи Ҳоландӣ ҷойгоҳи аввал дар байни кишварҳои ҷаҳон дорад.
Умуман, дар байни тамоми гулҳои баҳорӣ гули Лола ҳамчун гули «Ороиши соли нав», «Арӯси сол» ва ҳоло бо номи «Маликаи табиат» дар айёми баҳорӣ ба ҳисоб меравад, зеро ки дар фасли баҳор ин гул тамоми дашту теппаҳоро дар байни сабзаву гиёҳҳо махмалпуш намуда, табиатро бо ҷилваи латифи худ зебову ҳаловатбахш менамояд. Мутаассифона, ин гули худрӯи табии зебо нисбатан умри кутоҳе дорад, зеро ки он на тоқати гармо ва на тоқати сармои сахтро дорад. Ин гули «Ороиши саҳро» дар ҳақиқат ҳамчун «Маликаи табиат» ниҳоят зарифу нозук буда, ҳавои баҳоронаи нарму латиф ва муътадилро дӯст медорад ва барои он бодҳои сахту шамолҳои тунд ва офтоби сӯзон душмани қавӣ мебошанд. Гули Лола гули ишқу муҳаббат, гули ваҳдату ягонагӣ байни гиёҳону дигар гулҳои худрӯи табиат мебошад ва ӯ ҳаргиз зараре ба ҳеҷ кадоми онҳо намерасонад. Дар айни замон он дар беҳбудии ҳолатҳои рӯҳӣ-қалбии инсон муассир аст. Аз ин ҷо, ин гули латифу ҳассос дар фасли сол як ду моҳе рӯи қолинҳои сабзи табиат ҷавлон намуда, дар дили кас рушаниву сурур, ишқу муҳаббатро нисбати табиату сарзамини хеш бедор намуда, вуҷуди инсонро пур аз ҳисси меҳанпарастӣ ва ватандӯстӣ мекунад. Арои инсон басо гуворост, ки дар айёми шукуфтани гули «Арӯси сол» ва ё «Маликаи табиат» ба ин дашту саҳро ва сабзазорҳои пургул баромада, аз зебоии онҳо лаззат бибарад. Махсусан сурхӣ ва рангомезии гули Лола ва гулҳои нозукаки худрӯи бунафшу гулобӣ, зардаку сафедак, кабудчаву суратӣ ва ранги сабзи сабзаҳои худрӯ хеле бо ҳам месозанд ва табиат аз зебоии онҳо ва боди латифи насим меболад. Кудакон бошанд, аз муғчаҳои навшукуфтаи гули лола арӯсак месозанду бо шавқ байни гулу сабзаву гиёҳҳо давутоз мекунанд.
Хотиррасон намудан зарур аст, ки гирду атрофи кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғчаҳо ва боғу чаманзорҳои навободи шаҳри Душанбе ҳар сол дар айёми баҳор то тобистон бо лолаҳои гуногунранг бо як санъату фарҳанги воло оро дода мешавад. Зебоиву таровати он ба шаҳр як нури биҳиштӣ эҷод мекунад, ки дар ин ҷо хизмати Раиси шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ниҳоят бузург аст. Он кас бо заҳматҳову истеъдодҳои баланду бомаърифатонаи фарҳангии хеш тамоми фаслҳои солро мувофиқ бо ҳарорату бардошти онҳо аз табиат сабзу хуррам ва бо рангомезии гулҳо пурнақшу нигор мекунанд, ки мо шаҳрвандон аз Он кас сипосгузорӣ мекунем.
Аз фурсат истифода намуда, аз шаҳрвандандон ва махсусан ронандаҳои нақлиёти мусофирбар эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки мусофиронро дар истгоҳҳо пиёда кунанд, ки ба меҳнату заҳматҳои модарону хоҳарон ва бародарони хеш, ки дар кишту кошти гулзору чаманзорҳо ва ободии шаҳр ширкат меварзанд, эҳтиромро ба ҷо биоранд ва рӯи гулгаштҳо, ки неъмат аст по нагузоранд, дигар пасмондаҳои даҳону чизҳои нозаруриро напартоянд ва ҳамчунин мошинҳояшонро нагузоранд. Зеро ки неъмати Худо танҳо нону об нест, балки ҳамаи табиат ва сохту созҳо неъмати ӯст.
Махсусан гули Лола, ки мавзӯи баҳси мақолаи ҳозир аст, ниҳоят табиат нозук дораду зуд осебпазир аст ва бо андак беэҳтиромиву беэҳтиёти ӯ аз байн меравад. Умедворам, ки хонандаҳои азиз аз ин хоҳишҳои мо дилгир нашаванд ва ҳамчун як шаҳрванди бомаърифату табиатдӯст нисбати ободиву ҳифзи табиати сарзамини хеш амал кунанд.
Чунонки дар боло гуфтем, гули Лола бо унвони машҳуртарин гули худрӯ дар фарҳангу адаби тоҷику форс нуфуз ёфта, ки бисёре аз мутафаккирону шоирон рӯи гули Лола шиносоӣ доштанд ва онро дар ашъори хеш дар шароиту лаҳзаҳои гуногун таъбиру тасвир  ва киноя карданд: лолаи доғдор, лолапуш, лоларух, лолазор, лолагун, лоласор, ҳамчунин мафҳумҳои ирфонии паймона, ҷом, соғар, қадаҳ ва ғайра мавриди истифода мешуд. Ҳамчунин гули Лоларо дар лаҳзаҳои гуногуни пешомади зиндагӣ  ба таври рамзӣ барои баёни ҳолатҳои рӯҳӣ-қалбӣ ва андешаҳои ахлоқӣ-иҷтимоии хеш истифода намудаанд. Аз он ҷумла, Соиби Табрезӣ фармудаанд:
          Мотаму сури ҷаҳон ба якдигар омехтааст,
          Софу дурди ин чаман чун Лола як паймона.
Бисёр мутафаккирону шоирон барои обу ранг додан ва зебоии сухан гули Лоларо образ додаанд. Чунончи Сайидо навиштааст:
          Эй шамъ, бар сари мани гирён хуш омадӣ,
          Чашми чароғи шоми ғарибон хуш омадӣ!
          Чун барги Лола доғи маро тоза сохтӣ,
          Эй шохи гул ба сайри гулистон хуш омадӣ!
Абуабдуллои Рудакӣ – сардафтари адабиёти классикии тоҷик Лоларо бо забони ширину шево чунин васф намудааст:
          Бихандад Лола ба саҳро,
          Ба сони чеҳраи Лайло.
          Бигиряд абр бар гардун,
          Ба сони дидаи Маҷнун.
Хайёми бузургвор дар «Наврӯзнома»-и хеш фармудаанд:
          Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
          Бархезу ба ҷоми бода кун азми дуруст.
          К-ин сабза имрӯз тамошогаҳи мост,
          Фардо ҳама аз хоки мо бархоҳад руст.
 Дар ҷои дигар омадааст:
          Аз ҳасрати лаби ширин ҳануз мебинем,
          Ки лола медамад аз хоки турбати Фарҳод.
Номи «гули Лола» аз калимаи лол, ё лаъл аз забони санскрит ба маънои  «қирмиз» гирифта шудааст. Лолаҳо дар байни гулбаргҳояшон доғи сиёҳ доранд, ки ин рамзи доғи ишқро дорад.
Лола пурпарчам аст, баргҳои он дорои буридагии амиқ ва камаш се қисмат, ё се баргча дорад. Ҳамаи гулҳои лолаи худрӯ дорои се гулбарг ва се косабарги рангин ба шакли гулбаргҳо ҳастанд. Хонаводаи навъҳои ранги гули Лола то дараҷае аст, ки метавон гуфт, ки тамоми рангҳоро доро мебошанд. Аз ин ҷо, гули Лола дар замони ҳозир дорандаи чунин рангҳо мебошад: сурх, сафед, норанҷӣ, суратӣ, суратии бунафшаранг, бунафшаӣ, сабз, кабуд, сиёҳ, қаҳваӣ, қаҳваранг, зард ва рангҳои омехта мебошанд. Ҳамаи ин гулбаргҳои рангӣ хатчаҳои сиёҳ доранд. Се номбурди гули Лола – шақоиқ, шақоиқи нуъмонӣ ва лоларо медонем, ки онҳо дар айни замон гиёҳони мутафовут ҳастанд. Ин се гул ҳамроҳ бо доғҳои сиёҳ, ки дар маркази гулашон ҳастанд, ба якдигар хеле шабоҳат доранд. Вале бояд гуфт, ки як донистани шақоиқ ва лола хатост, зеро номи илмии шақоиқ анемоне аст ва шақоиқи нуъмонӣ – номи илмиаш папеверсез мебошад.[1] (Аммо дар асл ҳамаи ин гулҳо аз як хонавода ба ҳисоб мераванд). Лолаи маъмулӣ бошад баргҳои нозуки зудранҷ ва зуд аз байн раванда дорад, аммо баргҳои гулҳои шақоиқҳо пурқувваттар ва пурбардошттар буда, умрашон дарозтар мебошад.
 Маҳал ва макони гулҳои лолаи худрӯ қариб дар ҳама ҷои Тоҷикистон, махсусан дашту теппа ва боғу чаманҳои Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, Данғара, Фахробод, Ховар, шаҳру рустоҳои ноҳияи Хатлон, Истаравшан, Исфара, қисматҳои куҳии Деваштич, теппаву доманаҳои Куҳистони Мастчоҳу Айнӣ, Ваҳдат, Норак, Ёвон, Ванҷу Дарвоз, Вахё, Рашт, аз куҳҳои Помир то Тияншон ва ғайраҳо воқеъ аст.
Дар Ванҷ дар совети қишлоқи Водхуд дар деҳаи Узбай мавзеи бо номи «Лолазор» воқеъ аст, ки мувофиқи гуфтаи муҳаққиқи озодандеши таърихи фалсафа Комил Бекзода, он маҳал аз зебоии худ касро ба ҳайрат меандозанд. Ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа (Қалъаи сурх)-и Бадахшони боло тақрибан моҳи апрел лолаҳои куҳистон чун арусаки сол қомат меафрозанд. Ба ҷуз ин дар ҳамин Роштқалъа маҳаллае бо номи Тусиён аст, ки макони лолаҳои ранго-ранг мебошад.
Бояд гуфт, ки яке аз маҳаллаҳои Файзобод қаблан як дашту теппаи пурсабзаву пургули Лолаи худрӯи қоматбаланд буд, ки бо номи «Лолагӣ» машҳур аст, ки қисмати зиёде аз он маҳалро ба ҷои гули Лола одамон бо хонаҳои истиқоматиашон ишғол намудаанд. Аммо бо вуҷуди ин аз роҳи мошингард, ки рад шудӣ дашту теппаҳои махмалини лолаҳо дили инсонро ба ваҷд оварда, вуҷуди шахсро як ҳисси меҳру муҳаббат нисбати табиати сарзамини Ватан фаро мегирад. Фалсафаи зебоиҳои табиат дар он аст, ки вай бо бӯи атру тароватҳои табии хеш ба рӯҳу дили инсон дар ҳар як фасли сол умеди зиндагии наву тоза ба тоза мебахшад.
Агар нигоҳе ба таърихи гули Лола андозем, нақши гули Лола дар қадимтарин осори бостонӣ низ ба назар мерасад. Нақши Лола дар муҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудааст, қадимии онҳо беш аз 20 аср пеш аз мелодиро ташкил медиҳанд. Дар асрҳои дуюм ва сеюми пеш аз мелод низ нақши гули Лола бо як даста гули лола ба даври сар ва ба рӯи сикаҳо тасвир ёфтааст. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули Лола дар зарфҳои нуқрагин, муҳрҳо ба се гулбарг ба тасвир кашида шудааст. Аммо дар осори аз  сосониҳо боқӣ монда дар асрҳои 5-6 мелодӣ теъдоди гулбаргҳои нақши Лола ба 5 адад афзоиш ёфтааст, ки тасвири он дар тоқи бузург гули Лолаи бо панҷ гулбарг кандакорӣ шудааст.[2]
Дар замони ислом низ ишқу алоқа ба гули Лола дар кишварҳои Эрон, Мовароуннаҳру Хуросон ба назар мерасад, ки намоёнгари он ин осори мутафаккирону шоирони асрмиёнагӣ мебошад. Дар ин бора дар боло намуна аз осори классикони тоҷик оварда шуд.
Дар ҳоли ҳозир ҳазорон навъи Лола бо рангҳои мутафовут вуҷуд дорад. Дарозии қади Лолаи худрӯ бештар аз 20 см мебошад ва аз нигоҳи зоҳирӣ ҷоми гули Лола ба қисматҳо тақсим мешавад: такпари финҷоншакл; пурпари қадаҳшакл; ҷомшакл; ҳошиядор; гулбарги баланду борики нозук; ситораӣ ва ғ.
Гули Лола нисбатан ба салқинӣ тобовар мебошад. Беҳтарин ҳарорати ҳаво барои решадиҳии ин гул 9 дараҷа, барои рушд 15-18 дараҷа гармӣ аст. Аммо гули Лола ба муҳити ниҳоят гарм тобовар нест. Лола гули нозуку ҳассос буда, дар ҷойҳои офтобии дур аз чангу хок ва бод мерӯяд ва ҳосилхез аст.
Навъҳои қадимии Лола аз таркиби ду навъ: Лолаи боғчаӣ ва Лолаи арманӣ гирифта шудаанд. Хонадони лолаҳои ҷадидтар се навъанд: Лолаи шинелқирмизӣ; Лолаи импературӣ ва Лолаи нилобӣ.
Ҳамин тариқ, гули Лола танҳо ду-се моҳ  дар сол шукуфон мешавад, яъне замони гулдиҳии он аз нимаи апрел то аввали июн вобаста ба маҳаллаҳои гарму салқин идома меёбад.
 
Муродова Тоҷинисо 
номзади илмҳои фалсафа,
ходими пешбари илмии 
Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
[1] Hitps://fa.wikipedia.org/wiki/
[2] Ниг.: њамон љо.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia